Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруҳи табибони Русия барои "ҳақиқатёбӣ" ба Тоҷикистон мераванд


Маскаву Душанбе мувофиқа кардаанд, ки як гурӯҳ аз мутахассисон барои ошноӣ бо вазъи беҳдоштӣ ба Тоҷикистон мераванд, вале далели онро шарҳ надодаанд.

Ҳукумати Русия шоми 9-уми феврал дар изҳороте гуфт, мутахассисони Хадамоти федеролии назорат дар бахши ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон "бо ҳадафи арзёбии вазъи эпидемиологӣ" ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Ба иттилои манбаъ, "гузориши онҳо дар Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нав дар Русия баррасӣ мешавад".

Зоҳиран тақозои ҷониби Русия аз шубҳа ба омори расмии мақомот дар Душанбе сарчашма мегирад. Мақомоти Тоҷикистон аз оғози имсол пайиҳам таъкид мекунанд, ки дар кишвар ҳеч ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Русия гуфтааст, ба мақомоти Тоҷикистон замимаи "Путешествую без COVID-19"-ро муаррифӣ карданд, то Душанбе низ ба он пайваст шавад ва вуруди шаҳрвандонаш ба Русия таъмин гардад.

Ин замима ба муштариён дар бораи наздиктарин макони супурдани тести коронавирус пеш аз сафар ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иттилоъ медиҳад. Дар шарҳи замима гуфта шудааст, барои убури марз QR-коди натиҷаи тест нишон дода мешавад.

Феълан танҳо парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон анҷом мешаванд ва ҳавопаймоҳо ба самти Русия ҳақ надоранд, шаҳрвандони Тоҷикистонро интиқол диҳанд.

Манъи сафар ба Русия, ки пеш аз пандемияи коронавирус макони кори то 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон буд, бисёр хонаводаҳои вобаста аз даромади муҳоҷиронро нигарон кардааст.

Нобоварӣ ба мавқеи расмии Тоҷикистон дар бораи набудан ё кам будани гирифторони коронавирус як сол аст, ки вуҷуд дорад. Мақомот дар Тоҷикистон дар аввал пойфишорӣ доштанд, ки COVID-19 вуҷуд надорад, ҳарчанд кишварҳои ҳамсоя аз сирояти беморӣ ба даҳҳо нафар гузориш медоданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон танҳо охири моҳи апрели соли гузашта эътироф кард, ки коронавируси нав ҳаст ва то поёни соли гузашта дар бораи бемор шудани беш аз 13 ҳазор кас ва марги 90 нафар гузориш дод. Вале бар асоси рӯйхате, ки Радиои Озодӣ таҳия дорад, то оғози имсол номи 233 қурбонии илтиҳоби шуш ва коронавирус гирдоварӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG