Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ҷабрдидаҳои "шаҳраки чинӣ" дар Хуҷанд. Намояндаи ҳукумат посух дод. АКС, ВИДЕО


Таҷаммӯи сокинон дар назди ҳукумати Хуҷанд
Таҷаммӯи сокинон дар назди ҳукумати Хуҷанд

Беш аз бист сокини Хуҷанд рӯзи 13-уми апрел бо талаби бозпас гирифтани хонаҳояшон дар назди бинои ҳукумати ин шаҳр таҷаммуъ карданд.

32 ҳавлии ин сокинонро ширкати сохтмонии "Ҳусноро-1", ки моликонаш шаҳрвандони Чин ҳастанд, соли 2015 дар хиёбони Раҳмон Набиев вайрон кард, то силсилаи биноҳои бисёрошёна бисозад, аммо дертар аз иҷрои тарҳ даст кашид.

Рафоат Ҳошимова, сокини шаҳри Хуҷанд ва яке аз норозиён, гуфт, "бояд хонаҳои навро рӯзи 10-уми апрел, ҳангоми омадани президент, месупориданд. Ҳамроҳи фарзанду набераҳо умедвор будем. Ҳама занг зада мепурсанд, ки чаро хонаро нагирифтед. Хеле шарм доштем ва асабӣ шудем."

Ин оилаҳо зиёда аз панҷ сол боз дар хонаҳои иҷора зиндагӣ мекунанд. Ҳарчанд харҷи иҷораро ҳукумати Хуҷанд мепардозад, сокинон мегӯянд, интизории зиёд онҳоро нигарон кардааст.

Роҳат Бобоҷонова, сокини дигари Хуҷанд, гуфт, "шаш сол дар ба дар гаштан осон нест. Дар ин муддат ба се хона кӯчидам. Аз ҳисоби ҳамин хона бемор шудам. Ҳоло бо ду писару оилаам дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунем. Маблағи иҷораро медиҳанд, вале бо ҷанҷол онро мерӯёнем."

Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд, рӯзи 9-уми феврал ва дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ба камияш то охири моҳи марти имсол ба оилаҳое, ки зимни тарҳи "шаҳраки чинӣ" аз хонаҳояшон маҳрум шудаанд, манзил хоҳанд дод. Масъулони ҳукумат мегӯянд бинои нӯҳошёна дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд омодааст ва ба зудӣ супурда мешавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Бинои нав куҷост?" Норозигии беш аз 20 сокини Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Маъмури Юсуфзод, сухангӯи ҳукумати Хуҷанд, рӯзи 13-уми апрел гуфт: "Гап дар сари он аст, ки худи сокинон дар интихоби хонаҳо ба мувофиқа намерасанд. Бахусус дар ошёнаҳои якуму дуюм ё болоӣ. Ин дар ҳолест, ки дар ин баландошёна лифт ҳаст ва хуб кор мекунад. Мақомот тасмим доранд, дар пайи гузарондани як қуръакашӣ хонаҳоро супоранд ва ба баҳсҳо нуқта гузорад."

Мақомот мегӯянд, бинои нав омодааст
Мақомот мегӯянд, бинои нав омодааст

Тарҳи маҳалла, ки онро "China Тown" меномиданд, дар наздикии рӯди Сир моҳи августи соли 2015 бо мудири кулли ширкати "Пекин" Ҷао Шин Ҷо ва гуруҳе аз меъморони Чин ниҳоӣ шуд. Бар асоси тарҳ дар инҷо бояд 15 бинои бисёртабақа барои 1200 оила, мактаби чаҳорошёна ва дигар иншооти иҷтимоӣ сохта мешуд.

Шаҳрдори Хуҷанд мегӯяд, ин ширкат бо сабаби "баланд будани сатҳи об" ва "масъалаҳои дигар" шаҳракро насохт. "Масъалаҳои дигар"-и байни мақомоти Тоҷикистон ва ширкати чинӣ ва зараре, ки аз ин тарҳи иҷронашуда пеш омад, маълум нест. Ҷониби Чин то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.

XS
SM
MD
LG