Бе риояи фосилаи ҷисмонӣ, аммо ба шарти ҳатмии доштани ниқоб намози Иди Фитр дар масҷидҳои Тоҷикистон бори аввал дар ду соли охир ба таври маъмулӣ баргузор шуд. Дар он ҳазорон нафар ширкат карданд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон, дар хутбаи намози ид ба низои ахир дар марз бо Қирғизистон ва офатҳои табиӣ дар кишвар ишора намуда, намозгузоронро ба ҳамсоядории нек ва дастгирии зарардидагони селу ярч даъват кард.
Ӯ гуфт, "фақат саъю талош мекунем бо дуову бо ҳаракатамон, бо насиҳатамон, то ин ки дӯстӣ бошад. Чунки дар дустӣ баракат ҳаст. Ин ҳама бартараф мешавад, лекин муҳим аст, ки мову Шумо ба фитнаву таҳлука дода нашавем."
Намозгузорон аз даъвати Абдулқодирзода дар робита ба дӯстиву ҳамгироӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва баргузории намози дастҷамъонаи ид дар масоҷид истиқбол карданд.
Ҳоҷӣ Муҳаммадюсуф, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, “беморӣ буд, барои ҳамин намозҳоро дар хона гузоштем. Вазъ беҳтар шуд, ба масҷид омадем, бо мардум якҷоя намоз хондем."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Аммо иддае дигар аз сокинон гуфтанд, ҳарчанд ид ба мардум хурсандӣ овард, рӯйдодҳои ахир, эҳтимоли сироятҳо, душвории парвоз ба Русия ва болоравии нархҳо онҳоро ҳамоно нигарон медорад.
Аксҳои бештар аз намози Ид дар Тоҷикистон:
Баъд аз анҷоми намози ид бештаре аз мусалмонон ба зиёрати манзили охирати пайвандонашон ба оромгоҳҳо раҳсипор шуда, анбӯҳи мошинҳо имкон намедод, ки зуд ба қабристонҳо бирасанд. Боридани борони сахт ин мушкилро сангинтар мекард.
Сарфи назар аз ҳавои боронӣ, кӯдакон мисли солҳои пеш аз субҳи барвақт ба кӯчаҳо рехта, идона мехостанд.
Дар идҳои гузаштаи фитр ва қурбон мақомот аз волидон даъват мекарданд, ки ба идгардаки фарзандонашон иҷозат надиҳанд. Аммо теъдоде аз волидайн ва кӯдакон ин даъватҳоро нодида гирифтанд ва он идома карду имсол афзоиш ёфт.