Масъулони Маркази саратоншиносӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, гирифтории кӯдакону наврасон ба ин беморӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Онҳо баъзе аз волидонро муқассир хонданд, ки саривақт ба пизишкон муроҷиат намекунанд. Чанде аз волидон аз гарон будани дармони саратон шикоят мекунанд, ҳарчанд масъулон мегӯянд, бо ёрии созмонҳои хайрия як қисми доруҳо бепул дастрас мешаванд.
"Вақте фаҳмидам, ки писарам мубталои саратон аст..."
Писари Фирӯза Азимова, сокини шаҳри Панҷакент, 11-сола аст. Пизишкон соли гузашта дар тани ӯ бемории саратонро кашф карданд.
“Аввал дар дасти фарзандам варам пайдо шуд ва ӯ аз дарди зиёд шабҳо хоб рафта наметавонист. Моҳи ноябри соли гузашта духтурон дасташро ҷарроҳӣ карданд ва аз устухони ӯ намунаи ташхис гирифтанд. Вақте фаҳмидам, ки фарзандам гирифтори саратон аст, тасвир карда наметавонам, ки дар кадом ҳол будам”, -- нақл кард ӯ рӯзи 1-уми июн.
Фарзанди Фирӯза Азимова ҳоло кимиёдармонӣ мегирад. Азимова аз Панҷакент барои табобати фарзандаш зуд-зуд ба Душанбе меояд, чун дар ҷойи зисташ шароити табобати ингуна беморон нест. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, аҳволи фарзандаш беҳтар шудааст ва умед дорад, ки рӯзе ӯ пурра шифо меёбад.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Мақомот мегӯянд, ба мисли фарзанди Фирӯза Азимова беш аз ҳазор кӯдаку наврас дар Тоҷикистон гирифтори саратонанд. Аксари онҳо барои табобат аз минтақаҳо ба Душанбе, ба Маркази илмии саратоншиносӣ, меоянд, чун дар минтақаҳо барои ташхис ва табобати гирифторони саратон шароит нест.
Дар бахши кӯдаконаи Маркази илмии саратоншиносӣ дар Душанбе гиряи талхи тифлонеро метавон шунид, ки барои ғалаба бар саратон кимиёдармонӣ мегиранд. Ин яке аз табобатҳои асосӣ муқобили саратон асту нархи он – гарон. Волидони онҳо мегӯянд, як қисми доруҳо барои табобати саратонро бепул дарёфт мекунанд ва боқимондаро худашон мехаранд.
Масъулини Маркази саратоншиносии кӯдакона гуфтанд, 90 дарсади доруҳо барои кимёдармониро аз Бунёди хайриявии “Лона” мегиранд.
"Солона то 300 нафар кӯмак мепурсанд"
Ҷӯрахон Бобохонов, мудири Бунёди хайриявии “Лона”, рӯзи 1-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, солҳои охир муроҷиати сокиноне, ки фарзандонашон гирифтори саратон ҳастанд, зиёд шудааст. Ба гуфтаи ӯ, солона то ба 300 кӯдаку навраси мубталои саратон барои харидани доруҳо барои кимиёдармонӣ кумак мекунанд
Бар асоси санадҳои расмӣ Бунёди хайриявии “Лона”-ро соли 2009 ташкил кардаанд ва муассисаш Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аст. Дар ҳоле ки мунтақидон мегӯянд, дахлу харҷи Бунёд барои омма ошкор нест, масъулонаш гуфтанд, ҳар сол барои кимиёдармонӣ ба кӯдакони гирифтори саратон ба маблағи як миллион сомонӣ ёрӣ мекунанд. Ҷӯрахон Бобохонов гуфт, маблағи мазкурро аз “шахсони хайрхоҳ ва фондҳои кумакрасони хориҷӣ” дарёфт мекунанд.
Сарфи назар аз гаронии табобати саратон, волидон худро ба ҳар дар мезананд, то фарзандашонро аз қабзаи саратон наҷот диҳанд. Иддае талош мекунанд, фарзандони беморашонро барои табобат ба хориҷа баранд.
"Вақте саривақт муроҷиат намекунанд..."
Пизишкон сабаби афзоиши гирифтор шудани кӯдакон ба бемории саратонро ба ирсият, хӯрокворӣ, муҳити зист ва никоҳи хешутабории падару модарон рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, омилҳои дигар ҳам метавонад, сабаби гирифтор шудани кӯдакону наврасон ба саратон шаванд.
Масъулони шӯъбаи саратоншиносии кӯдакона аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки на ҳамаи волидон дар марҳилаҳои аввали гирифторӣ фарзандони худро барои табобат меоранд. Ин таъхир, ба қавли мудири шуъба, Моҳира Умарова, табобатро мушкил ва имкони муолиҷаи кӯдакро кам мекунад.
“Волидайни кӯдакон ба шуъбаи мо вақте муроҷиат мекунанд, ки бемории саратон дар фарзанди онҳо ба дараҷаи 3-4-ум расидааст. Чӣ қадаре, ки беморӣ дар марҳилаҳои аввал бошад, самарабахшии табобати ин беморон зиёдтар мегардад. Ман ба падару модарон муроҷиат карда гуфтаниам, ки вақте ба фарзанди онҳо ташхиси саратон мегузоранд, онҳоро тарсу ваҳм фаро нагирад. Саривақт ба духтури саратоншинос муроҷиат намоянд, то фарзанди онҳо ташхис ва табобат ёбад”, -- афзуд Моҳира Умарова.
Дар чунин шароит пизишкон ва волидайни кӯдакони беморро як чиз таскин медиҳад, ки саратон бемории табобатшаванда аст. Мутахассисон мегӯянд, дар баробари доруву табобати кимиёӣ барои кӯдакони гирифтори саратон болидагии рӯҳӣ ва нерӯманд кардани ботинии онҳо низ муҳим аст.