Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар 20-30 соли охир бесобиқа буд". Гармо дар Тоҷикистон тоқатфарсо шудааст. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон гармии бесобиқа ҳукмфармост

Тоҷикистон як ҳафта боз шоҳиди гармии шадид аст. Сокинон мегӯянд, дар чанд соли охир чунин гармиро дар аввали моҳи июн надида буданд. Пизишкон аз мардум мехоҳанд, ки бе зарурат аз хона набароянд.

"Гармӣ то охири ҳафта давом мекунад"

Гармии шадид дар рӯзҳое ба Тоҷикистон расид, ки бештари сокинон ба кори саҳро банданд. Дар шаҳрҳо низ хонандагони мактаб ба таътил баромадаанд.

Ҷамила Байдуллоева
Ҷамила Байдуллоева

Ҷамила Байдуллоева, мудири Маркази обу ҳавосанҷӣ, мегӯяд, "дар аввали моҳи июн то 45 дараҷа баланд шудани ҳарорати ҳаво дар Хатлону Душанбе ҳадди ақал дар 20-30 соли охир бесобиқа буд". Ӯ рӯзи 8-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “якбора дар моҳи июн бояд чунин ҳаво гарм нашавад. На табиат ва на одамон ба чунин ҳолат омода набуданд.”

Ин масъули идораи обу ҳавошиносӣ афзуд, гармии ҳаво то 13-уми июн давом мекунад. Мутахассисон пешбинӣ мекунанд, ки баъд аз як ҳафта, аз 19-уми июн, дубора ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон боло хоҳад рафт.

Чанд маслиҳати пизишк дар рӯзҳои гарм

Мутахассисони соҳаи тиб дар ин рӯзҳо аз сокинон мехоҳанд, ки эҳтиёткор бошанд. Ба қавли пизишк Фирдавс Рауфов, калонсолон ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин (асаб, фишорбаландӣ, дил) набояд бе зарурат ба кӯча бароянд.

Фирдавс Рауфов
Фирдавс Рауфов

Тавсияи дигари пизишк ин аст, ки сокинон бояд оби зиёд нӯшанд, вале на он обе, ки аз ҳад зиёд сард бошад. Соатҳо дар зери сардкунак (кондитсионер) нишастан низ ба гуфтаи Фирдавс Рауфов нодуруст аст ва шахсро метавонад ба илтиҳоби шуш гирифтор кунад.

“Риоя накардани ин қоидаҳо метавонад, шахсро ба бемориҳои системаи асаб, илтиҳоби меъдаву рӯда, бемориҳои системаи гардиши хун, бемориҳои диққи нафас оварда расонад”, -- афзуд пизишк.

"Ҳама ҷой пулакӣ аст"

Оқила Кавракова ду набераашро барои оббозӣ ба “Кӯли ҷавонон”-и Душанбе овардааст. Мегӯяд, аз тасфи ҳаво дар хона дилтанг шуданд. “Беҳад гарм, истода намешавад. Чӣ кор кунем?” – гуфт ӯ рӯзи 8-уми июн.

Ба монанди набераҳои Оқила Кавракова ин рӯзҳо даҳҳо нафар гармии рӯзро дар “Кӯли ҷавонон” мегузаронанд. Оббозӣ дар инҷо ройгон (бепул) аст. Шахсоне, ки ба инҷо меоянд, ба гуфтаашон, имкони ба “аквапарк”-ҳо рафтанро надоранд.

Аз ҷумла, Нозир Охунов, ки мегӯяд, чаҳор фарзанд дорад ва наметавонад ҳамаи онҳоро ба ҷойҳои махсуси оббозӣ барад, ки пулакӣ ҳастанд. “Писарам бисёр хоҳиш кард, ки ба оббозӣ баред, гирифта овардам. Дигар ҳама ҷой пулакӣ шудааст. Барои халқи оддӣ дастрас нест.”

Наворро дар ин ҷо бинед:

Табибони тоҷик хостанд, мардум аз гармо эҳтиёт кунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Дар шаҳри Душанбе дар чанд ҷой оббозӣ пулакӣ аст. Барои мисол, дар Душанбе ҳавзи шиноварии "Делфин" фаъолият дорад ва ба қавли сокинон ягона ҷойи оббозист, ки оби тозаву аз ҷиҳати саломатӣ бехавф дорад. Барои чаҳор соати оббозӣ дар ин макон аз хурдсолон то 40 сомонӣ ва аз миёнсолону калонсолон 75 сомонӣ талаб мешавад. Дар маконҳои дигари шиноварии хусусӣ барои як соат аз муштарӣ то 10 сомонӣ талаб мешавад.

Эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ягона хатари оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ нест. Хатари аз ин ҳам калон ғарқ шудани наврасон дар вақти оббозӣ аст. Танҳо дар рӯзҳои истироҳати гузашта 5 нафар ва асосан наврасон ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо ғарқ шудаанд. Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, 3 нафар аз ғарқшудагон ноболиғ буданд ва ба ин хотир волидон дар ин рӯзҳои гарм набояд фарзандони худро беназорат гузоранд.

Баъзе аз мунтақидон аз кори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода интиқод мекунанд, ки пеши роҳи оббозии сокинон дар ҷойҳои хатарнокро намегирад.

XS
SM
MD
LG