"Гуфт, мукотиба мекунӣ ва либоси зератро нишон медиҳӣ"
Дар пойтахти Қирғизистон, шаҳри Бишкек, даҳҳо "вебкам-студия" фаъол аст. Муштариҳо аз саросари ҷаҳон пул дода, духтаронеро тамошо мекунанд, ки дар навори видеоӣ ҳаракатҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳанд.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо яке аз ин духтарҳо, ки ӯро шартан Меерим ном гузоштем, суҳбат кард. Ӯ 22-сола аст.
"Моҳи майи соли 2018 мактабро хатм карда, ба курси аввали донишгоҳ рафтем. Аҷара дар Инстаграм як эълоне ёфт. Дар онҷо гуфта буданд, ки духтарони хушнамуд метавонанд ба ҷойи кори хуб қабул мешаванд. Аввал худаш рафт, сипас ба ман гуфт, бояд дар Интернет бо кадом одамоне мукотиба бикунӣ ва либоси зератро нишон диҳӣ. Гуфт, кори аз ин зиёд нест, барои ин пули хуб медиҳанд."
Мо бо чандин мардоне, ки духтаронро ба кор қабул карда, наворгирии онҳо ва суҳбат бо мардонро ташкил мекунанд, ҳамсуҳбат гардидем. Аксари онҳо нахостанд видеоӣ ба суолҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ посух диҳанд. Вале яке аз онҳо, ки ӯро шартан Таалай меномем, бо шарти фош нашудани шахсияташ розӣ шуд, гап занад.
Ӯ гуфт: “Масалан, дар студияе, ки ҳоло кор мекунам, 30 духтар ҳаст. Аз инҳо фақат панҷ нафар пули хуб кор мекунанд. Муҳим ин аст, ки ин моделҳо ба маошгирӣ гузаранд. Масалан, яке аз онҳо розӣ шуд, 100 ҳазор сом маош гирад, вале даромади ҳафтаинаи мо бо ин духтар 2 ҳазор доллар аст."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
(Нутқи мусоҳибон бо русиву қирғизӣ ва зернавишташ бо тоҷикӣ аст)
“Духтарҳои бетаҷрибаро меҷӯянд”
Духтарҳое, ки маош намегиранд, даромади калонро аз даст медиҳанд. Масалан, бо даромади 8 ҳазор доллар дар моҳ, 30 фоизаш ба андози вебсайт, хароҷоти студия сарф мешавад ва дар беҳтарин ҳолат ин духтар сеяки пули коркардаашро мегираду бас.
Бо ин вуҷуд, барои кишваре, ки ба ҳисобҳои Бонки Ҷаҳонӣ, сӣ дарсади аҳолиаш дар ҳолати бенавоӣ зиндагӣ мекунанд, ин пули хуб ба ҳисоб меравад.
“Духтарҳои бетаҷриба, масалан, онҳое, ки чизе намефаҳманд, беҳтар ҳастанд. Ба онҳо як каме пул медиҳӣ, масалан, бист ҳазор сом, чиҳи ҳазор тамом, кор мекунанд. Асосан духтарҳои рустоиро ба кор мегиранд, аз берун бошанду зебо”, -- нақл кард Таалай.
Меерим ва Аҷара ҳарду аз шаҳри Бишкек ҳастанд ва як замоне қарздор шуданд. Онҳо тарсиданд, ки дар ин бора ба падару модар хабар диҳанд ва ба қароре омаданд, ки ҳамчун пешхидмати тарабхона кор карда, мушкилашонро ҳал намоянд. Вале, дар ниҳоят, кор дар "вебкам-студия" барояшон роҳҳали беҳтарин шуд.
Меерим мегӯяд, “моҳи аввал тахминан ҳазор доллар кор кардам, даромади Аҷара каме бештар буд. Ӯ тахминан ду ҳазор доллар кор кард. Моҳи дуюм ҳам пули хуб гирифтем. Вале баъди ин кордиҳанда пардохтро кам карду ба ману Аҷара 600-долларӣ медод. Ана ҳамон вақт ҳамааш сар шуд. Вақте ҷанг кардем, таҳдид кард, ки видеоҳои моро дар Интернет мегузорад.”
Чунин таҳдидҳо ҳарфи нав нест. Бисёр вақт ба духтарҳо таҳдид мекунанд, ки саҳнаҳои кори онҳоро ба наздикон, ёру дӯстонашон мефиристанд.
“Наворро ба дӯстписараш фиристод, Аҷара худкушӣ кард”
Меерим мегӯяд, мудири студияи онҳо, як зан, огоҳ кардааст, ки телефони дӯстписари Аҷараро дар даст дорад: “Аҷара духтари якрав буд. Мегуфт, "ҳеч хел рақам надорад, дурӯғ мегӯяд". Намедонам, вай чӣ хел ин корро кард, вале баъд фаҳмидем, ки тамоми тамосҳои телефони Аҷара дар дасти он зан будааст. Эҳтимол ӯ чашми Аҷараро хато карда, тамоми тамосҳояшро барои худаш гирифтааст. Баъд воқеан ҳам чанд видеоро ба Вотсапи ҷавон, дӯстписари Аҷара, фиристод.”
“Худам ҳам сахт тарсида будам. Метарсидам, ки аксу видеоҳои маро ҳам ба Интернет мепартоянд. Ман аз куҷо медонам, шояд ки он зан чунин чизҳоро ба падару модар ё шиносҳои ман фиристода бошад. Тамоми саҳифаҳои шахсии худро дар Инстаграм, Фейсбук, ВКонтакте пок кардам. Ҳатто телефону симкортамро иваз кардам.
“Дурудароз бо Аҷара гап назадам. Вале вақте як дафъа хостам, ӯро бибинам, нашинохтам. Мулоқот кардем ва ман дидам, ки ӯ хеле хаставу ноумед буд. Тобистон, замоне ки дар Иссиқкӯл будам, падару модарам хабар доданд, ки Аҷара худро овехтааст. Ӯро гӯр карданд. Тасаввур кунед, вай ҳамагӣ 19 сол дошт", -- нақл кард Меерим.
Меерим ва Аҷара ба полис муроҷиат накарданд. Онҳо аз фош шудани худ метарсиданд. То ҳол наздикону дӯстонашон намедонанд, ки аз сари онҳо чӣ гузашт. Чунин саргузаштҳо кам нест.
Таҳдиду тамаъкорӣ: Гурӯҳи мардон дар Телеграм
Александра Титова, журналисти тарҳи иттилоотии Kloop, мегӯяд, “албатта, онҳо манфиатдор нестанд, ки моделҳои сердаромадашон аз кор раванд. Ман аз як саргузаште огоҳ шудам, ки духтар ба ин фишорҳо тоб наоварда, худкушӣ кардааст. Онҳо таҳдид мекарданд, ки тамоми сабтҳоро ба волидону бародараш мефиристанд."
Вай афзуд: “Ин ҷомеа худро суннатӣ муаррифӣ мекунад ва ҳамеша меъёру тарзи рафтори муайяни қолабии худро бор мекунад. Вақте ту аз ин қолабҳо канор рафтанӣ ҳастӣ, дигар беарзиш мешавӣ ва туро нобуд карда метавонанд.”
Титова, ки ин саргузаштро давоми чандин моҳ пайгирӣ кардааст, дар ҷараёни таҳқиқоти худ як шабакаи Телеграм-каналро пайдо намуд. Дар ин шабака мардони ҷавон талош мекунанд, ки шахсияти духтаронеро муайян бикунанд, ки дар “вебкам-студия”-ҳо кор мекунанд. Мақсади онҳо таҳдиду тамаъкорӣ аст.
Дар ҳар як чунин гурӯҳ ҳазорҳо мардон узв ҳастанд, аксари онҳо шахсияти худро бо лақабу номҳои сохта пинҳон мекунанд.
Азиат Ҷекшеев, филмсози қирғиз, кори ин гурӯҳҳоро дар як мустанаде тасвир кардааст. Вай мегӯяд, “албатта, пойфишорӣ намекунам, вале ҳаминро фаҳмидам, ки дар баъзе ҳолат ҳамон мардоне, ки ин тиҷоратро назорат мекунанд, ба ҳамин гурӯҳҳо дохил мешаванд. Яъне, ин одамон ба аксу видеонаворҳое дастрасӣ доранд, ки дар студияҳо сабт мешаванд. Баъд онҳоро ба гурӯҳҳои Телеграм мепартоянду духтарони саркашро таҳдид мекунанд.”
Дар филм номи Даниэл Аҷиев ёд мешавад. Ӯ барои дар хонааш ташкил кардани чунин студияи видеоӣ ҳабс шуд. Ӯро барои тамаъҷӯйӣ ва “таҳияву фурӯши маводи порнографӣ” 350 доллар ҷарима карданд.
Амалиёт мекунанд, бо ҷарима ҷавоб медиҳанд
Полиси Қирғизистон ҳар чанд вақт дар бораи натиҷаҳои рейдҳо гузоришҳо медиҳад ва пайваста хабар медиҳад, ки духтарон ва наворбардорони чунин студияҳо бо ҷаримаҳои сабук муҷозот шуданд.
Ба иттилои се манбаи аз ҳам ҷудо ва мустақил, соҳибони чунин студияҳо таҳти ҳимояти мақомдорони баландпоя мебошанд. Тааллай мегӯяд, “агар дар полиси молӣ як сарпаноҳе дошта бошӣ, боз беҳтар. Чунки агар ту тиҷорати расмӣ надошта бошӣ ва полиси молӣ онро ошкор кунад, ба ҳисоби ту ҳар ҳафта аз 10 то 12 ҳазор доллар мерезад, ҳамон замон тафтиш мекунанд.”
Дар додгоҳҳо чандин ҳолати тамаъкорӣ баррасӣ шудааст, вале аксари ин парвандаҳо бар асоси созиши берун аз додгоҳӣ ҳаллу фасл шудаанд. Дар чанд ҳолат додгоҳ айбдоршавандаҳоро ба ҷарима ва ҳабси шартӣ маҳкум кардааст.
Як парвандаи додгоҳӣ мегӯяд, айбдоршаванда духтареро дар гурӯҳи Телеграм-канал шинохта, ӯро таҳдид кардааст ва аз ӯ бар ивази хомӯшиаш ҳамхобагиро талаб кардааст. Ӯро ба пардохти ҷарима ва дуюним сол кори ҷамъиятӣ маҳкум карданд.
“Аз муроҷиат ба пулис метарсанд, чун..."
Титова гуфт, “мардоне, ки ба ин гурӯҳҳо узв мешаванд, як тиҷорати воқеиро ба роҳ мондаанд. Тиҷорати онҳо ин аст, ки дар сайтҳо духтаронро ошкор мекунанд. Ман бо чандин духтаре сӯҳбат кардам, ки аз муроҷиат ба полис метарсиданд, чунки полис ҳам дар бисёр ҳолатҳо аз ин духтарҳо пул тамаъ мекард. Худи онҳо ҳам як ҳалқаи ин занҷираи азияткунандаҳо мешаванд.”
Мақомот дар Қирғизистон нахостанд, ба саволҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар бораи эҳтимоли ҳимоят шудани студияҳои видеоӣ аз ҷониби мақомдорони баландпоя тавассути видео посух диҳанд. Вале вазорати умури дохилӣ дар ин замина як изҳороти хаттиву аудиоӣ нашр кард.
Одиной Ҷантайқизӣ, намояндаи дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон, гуфт, “видео-студияҳо асосан дар ҳудуди шаҳри Бишкек ба қайд гирифта шудаанд. ВКД ҳамроҳ бо сохторҳои дигар пайваста кор карда, ташкил шудани чунин студияҳоро ошкор мекунад. Дар бораи ин ки гуё кормандони полис ба кори чунин студияҳо рабт доранд, чунин маълумот тасдиқи худро наёфт. Дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо, хадамоти тафтишоти дохилӣ чунин тафтишро баргузор хоҳад кард. Натиҷаҳои онро вазорат, албатта, дар ихтиёри ҷомеа қарор медиҳад.”
Меерим, қаҳрамони аввали гузориш, мегӯяд, ду сол мешавад, ки дигар дар "вебкам-студия"-ҳо кор намекунад, вале аз тарси ин ки гузаштаҳояш рӯзе рӯйи об мебароянд, то ҳол азият мекашад.