Нархи алюмин дар бозори ҷаҳонӣ фавқулода боло рафт, аммо ширкати алюмини тоҷик -- ТАЛКО мегӯяд, ин хушхабар кофӣ нест, ки ширкат истеҳсоли алюминиро бештар кунад. Алюмин яке аз ду моли асосии содиротии Тоҷикистон ва манбаи даромади асъори хориҷӣ ба шумор меояд, вале тавлиди он дар кишвар ду сол инҷониб паёпай кам мешавад.
Табаддулоти ҳарбии 5 сентябр дар кишвари африқоии Гвинея, боиси ҷаҳиши бесобиқаи нархи алюмин дар ҷаҳон шуд. Сабаб он аст, ки зиёда аз 20 дарсади истеҳсоли он дар ҷаҳон аз боксит ё гилхоке вобаста аст, ки дар Гвинея истихроҷ мешавад. Дар пасманзари кудетои низомиҳо ва сарнагун шудани ҳукумати президент Алфа Кондо дар Гвинея нархи як тонна алюмин дар биржаи металҳои Лондон ба ҳолати 8-уми сентябр ба 2774 доллар баробар шуд, ки дар оғози соли 2021 андаке беш аз 2000 доллар буд.
Алюмин гарон шуд, Тоҷикистон чӣ суд мебинад?
Ин воқеа суолеро пеш овард, ки оё Тоҷикистон аз вазъи нав дар бозори ҷаҳонӣ чӣ манфиат дарёфт карда метавонад?
Соли 2020 тавлиди алюмин дар Тоҷикистон қариб 10 ҳазор тонна коҳиш ёфт. Як сол пеш аз он ТАЛКО 96,8 ҳазор тонна алюмин баровард, аммо дар соли 2020 ин адад ба 87 ҳазор тонна поин омад. Игор Сатторов, роҳбари Департаменти иттилоот ва таҳлили "Талко» рӯзи 10-уми сентбяр дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, гарон шудани нархи аллюминий паёми хуб, аст, аммо танҳо болоравии нарх ба ширкат имкон намедиҳад истеҳсолотро афзун кунад.
“Миёни кишварҳо (бинобар ҳамагирии COVID-19) дар боркашонӣ аз ҷумла бо Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ шуд, ки боиси вайрон шудани занҷираи воридоти ашёи хом ва содироти маҳсулоти ниҳоӣ шуд. ТАЛКо ният дошт, ки истеҳсолро 25 дарсад афзоиш диҳад. Аммо аз сабаби банд будани роҳи оҳани “Чин- Қазоқистон” ва баста будани роҳи Қошғари Чин ва Қулма таҷҳизот барои таъмири элетролизерҳо пурра дастрас нашуд. Ширкат ният дорад моҳи сентябр таъмир ва насби 60 электролизерро шурӯъ кунад”-, гуфт ӯ.
Сатторов афзуд, дар давраи ҳамагирии COVID-19 як зумра ширкатҳо кори худро қатъ карданд, ки боиси гарон шудани ашёи хом аз ҷумла гилхок ва нетекокс шуданд. Нархи як бушка нафт ҳам аз 40 доллар то ба 70 доллар боло рафт ва ин фишори молиро бар ТАЛКО афзоиш дод, гуфт ӯ. Ба гуфтаи Сатторов ҳоло маъмурияти ТАЛКО рӯи коҳиш додани хавфҳо ва пешгирии он дар оянда кор карда истодааст.
Фоидаи иқтисодии ТАЛКО, корхонаи азими тавлидоти алюмин, ки Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ бо иқтидори тавлиди 500 ҳазор тонна дар сол ба мерос гирифт, сол аз сол камранг мешавад. Аз як сӯ мизони тавлидоти алюминий хеле коҳиш ёфта ҳоло корхона баробар бо панҷяки иқтидораш маҳсулот медиҳад. Ин дар ҳоле, ки ин ширкат аз имтиёзҳои зиёде бархурдор аст, аз ҷумла нерӯи барқро бо нархи имтиёзноки ба маротиб азрзонтар аз аҳолӣ дарёфт мекунад. "Талко" як киловатт/саот нерӯи барқро аз 1-уми май то 30-уми сентябр бо нархи 7,20 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел бо арзиши 11,80 дирам харидорӣ мекунад. Ин дар ҳоле, ки аҳолӣ барои як киловатт/соат нерӯи барқ 22,66 дирам мепардозад. Бо ин вуҷуд бинобар иттилои охири “Барқи тоҷик” ТАЛКО аз нерӯи барқ 422 миллион сомонӣ қаздор аст.
Даромади ТАЛКО ба куҷо меравад?
Дар оғози солҳои 90-ум Ширкати ТАЛКО то 45 дарсади даромади буҷаи Тоҷикистонро таъмин мекард. Бинобар фаъолияти камранг ва ношафоф ин корхона солҳост, дар матбуот мавриди танқид қарор мегирад. Ҳарчанд солҳои охир ширкат натиҷаҳои бозрасии молияшро нашр мекардагӣ шудааст, ноқаноатмандӣ аз он ки даромад аз фурӯши алюмин бештар ба фоидаи кӣ меравад ва чаро истеҳсолот ривоҷ намеёбад, боиси баҳсҳо мешавад.
Пажӯҳишгари ғарбӣ Эдвард Лемон дар гузорише бо номи "Кишварҳои давраи гузариш дар соли 2018" навишт, "Талко ба ширкатҳое тааллуқ дорад, ки дар Ҷазираҳои Вирҷини Британия сабт шудаанд. Ба ҷои он ки даромади Талко дубора ба будҷа ворид карда шавад, он ҳамчун манбаи пул барои хароҷоти шахсии мақомдорони баландпоя истифода бурда мешавад".
Ба назари ин ва дигар мунтақидон, истифодаи усули толлинг ва сабтиноми ширкати офшфори "Талко менеҷмент" дар ҷазираҳои Вирҷиния, шаффофияти молиявиро аз байн мебарад ва офшорҳо маҳз ба хотири рӯйпӯш кардани хилофкориҳои молиявӣ ташкил шудаанд.
Бархе аз сирру асрори ширкат дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳии он дар Лондон ошкор шуда, сабаби харҷи ҳангуфти Тоҷикистон барои пӯшондани парванда ба шарти фош накардани муҳтавои он гашт. Расонаҳои хориҷӣ бар инанд, ки даромади асосии фурӯши алюмини Тоҷикистон на ба буҷаи ТАЛКО ё давлат, балкиба ҳисобҳои махфии шахс ё шахсони миёнарав интиқол меёбад.
Аммо мудирони аршади "Талко" ду сол қабл дар посух ба суоли хабарнигорон дар ин робита гуфта буданд, ширкат бисёре аз ашёи хоми зарурӣ барои тавлиди алюмино аз хориҷа мехарад ва "барои доду ситад бо коршарикони гуногун доштани як ширкати офшор зарур аст".
Як масъули Вазорати рушди иқтисод ба шарти ифшо накардани номаш ТАЛКО-ро дар канори ширкатҳои дигари азими «Барқи Тоҷик», «Тоҷик Эйр» ва «Сементи Тоҷик» аз корхонаҳое номид, ки фаъолияташон бар зарари кишвар будааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: