Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ. Ҷашни хуб буд, вале бекорӣ, камбизоатӣ ва постгоҳҳо монданд"


Раисҷумҳури Тоҷикистон аз 27 то 30-юми сентябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз 27 то 30-юми сентябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (аз 27 то 30-юми сентябр) ба сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон бахшида шуда буд. Аз рӯйи анъана, раиси ҷумҳурӣ як қатор иншооти иҷтимоиро ба истифода дод, паради низомӣ баргузор кард, дар бораи дастовардҳо гуфт ва ваъдаи маблағгузориҳо дод. Вале бархе аз сокинон мегӯянд, бо гузашти солҳо мушкили бекориву камбизоатӣ ва постгоҳҳои назоратӣ ҳал нашудааст.

"Шароит муҳайё мекунанд"

Боймамад Алибахшов, раиси Анҷумани соҳибкорон ва фермерони "Милал-Интер", ба ин назар аст, ки "дар тӯли солҳо маркази ноҳияҳо ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтанд. Маркази Роштқалъа, аз ҳама пасмонда ба ҳисоб мерафт, аммо дар инҷо низ бунёди иншоот ба таври фаъол оғоз шуд. Масалан, бунёди нерӯгоҳи "Себзор" барои аҳолӣ имкониятҳои зиёд фароҳам меорад ва ҷойҳои нави корӣ эҷод мекунад."

Оғози таъмиру бозсозии роҳ аз маркази Дарвоз то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон, бозсозии зерсохтҳои минтақа, ба гуфтаи ӯ, тадриҷан барои ҷалби сармоя дар оянда шароит фароҳам мекунад.

"Таваҷҷуҳи президент ба минтақа умед мебахшад, ки дар оянда мақомот ба сармоягузорон имкони истихроҷи конҳои минтақа, парвози ҳавопаймоҳо ва бисёр чизҳои дигарро фароҳам меоранд, ки ин зарфиятҳои иқтисодии минтақаро афзоиш медиҳад", - таъкид мекунад Алибахшов.

Аммо, бо дарназардошти ба баҳрабардорӣ супурдани иншооти ахир дида мешавад, ки ҳоло сармоягузорӣ дар минтақа ҳамчунон ба шакли кумаки молӣ ворид мешавад ва ширкати президент танҳо ба ифтитоҳи лоиҳаҳои калон аз ҳисоби давлат маҳдуд нест. Ҳамчуноне ки дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон ба назар мерасад.

Парад ё гашти низомӣ дар Дарвоз
Парад ё гашти низомӣ дар Дарвоз

Иншоот дар Дарвозу Шуғнон

Ҳамин тариқ, президент Раҳмон дар деҳаи Дуробаки ноҳияи Дарвоз се корхонаи хурди истеҳсоли бастабандиҳо, коркарди мева ва истеҳсоли масолеҳи пластикиро, ки аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудаанд, ба истифода дод. Дар Анҷираки Қалъаи Хумб президент бинои Маркази адлия ва майдони варзишии кӯдаконаро ифтитоҳ кард.

Ҳамчунин, ба бозсозии қисмати шоҳроҳи Душанбе-Қулма, ки маркази ноҳияи Дарвозро бо ноҳияи Ванҷ мепайвандад, то марзи ноҳияи Рӯшон оғоз бахшид. Ин душвортарин қитъаи роҳ аст, ки 109 километр дарозӣ дорад. Барои барқарорсозии ин макон, Чин 360 миллион доллар ёрии бебозгашт ҷудо кардааст.

Қитъаи дигари 26-километрии ҳамин роҳ, ки деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвозро бо маркази маъмурии он мепайвандад, низ ба истифода дода шуд. Барои амалисозии лоиҳа аз Бонки Исломии Рушд, Бунёди Рушди Саудӣ, Бунёди ОПЕК ва ҳукумати Тоҷикистон 32 миллион доллар ҷудо шудааст.

Ёгед, Дарвоз
Ёгед, Дарвоз

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо фаъолони ноҳия гуфт, дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди Дарвоз 1,2 миллиард сомонӣ ва барои Ванҷ 340 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Аз соли 2021 то 2025 ҳукумат барои рушди Дарвоз боз 405 миллион сомонӣ ва барои Ванҷ 160 миллион сомонӣ медиҳад.

Дар ноҳияи Шуғнон дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби шарикони рушди Тоҷикистон ба маблағи 100 ҳазор доллар маркази захиравӣ ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар марказ таҷҳизоти замонавии наҷотдиҳӣ барои 50-100 нафар дар ҳолатҳои фавқулода ҷойгир карда мешаванд.

"Сафари нармиш"

Бисёре аз сокинони минтақа ба рақамҳои пешниҳодшуда бо шубҳа менигаранд. София Мусофирова, сокини шаҳри Хоруғ, ки тахассусаш рӯзноманигорӣ аст, сафари охирини президентро ба ВМКБ "сафари хушмуомилагӣ" номид.

"Барои онҳое, ки аз ноилоҷӣ хаста шудаанд, ин як ҷашни хуби дорои оташбозиву ҳайоҳу буд. Аммо агар ба воқеият бингарем, тамоми мушкилоти ҳалталаби минтақа - бекорӣ, камбизоатӣ, норозигии мардум аз постгоҳҳо дар шаҳр мондаанд. Яъне, барои рушди иқтисоди минтақа шароити бунёдӣ вуҷуд надорад”, - мегӯяд Мусофирова.

Дар ҳамин ҳол, бино ба баҳогузори президент Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи сафар ба Бадахшон, чораҳое, ки ҳукумат андешид, имкон дод, сатҳи фақр дар ВМКБ аз 97 дарсади соли 1999 то 29,7 дарсад дар соли 2019 пойин оварда шуд.

Иншооти Роштқалъа ва Хоруғ

Дар ноҳияи Роштқалъа президент майдони Парчами давлатиро кушод. Маркази хидматрасонии давлатӣ дар бахши энергетика низ ба истифода дода шуд. Дар деҳаҳои Медон ва Роштқалъа хатти нави оби ошомиданӣ ба истифода дода шуд. Вай, инчунин, бинои Раёсати молияи вилоят, бинои Идораи андоз ва бинои Маркази адлияро ба истифода дод.

Дар Хоруғ президент фаъолияти зеристгоҳҳои барқии «Хоруғ» ва «Помир-1»-ро оғоз кард, ки аз ҳисоби Котиботи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (SECO) сохта шудааст. Вай барои сокинони маҳаллаи Баракат ва қисматҳои кӯчаи Карамшо хатҳои оби ошомиданиро ба истифода дод. Маблағгузории лоиҳа дар доираи ҳамкориҳои ҳукумат ва шарикони рушд сурат гирифтааст, ки тақрибан 3 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин маросим намояндаи Иттиҳоди Аврупо низ иштирок дошт
Дар ин маросим намояндаи Иттиҳоди Аврупо низ иштирок дошт

Президент дар шаҳри Хоруғ бо бахши алоҳидаи лоиҳаи минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим" ва раванди лоиҳаҳои "Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ дар шаҳри Хоруғ, марҳилаи 2" ва "Идоракунии партовҳои сахти маишӣ", ки онҳо низ аз ҳисоби донорҳои байналмилалӣ амалӣ мешаванд, шинос шуд.

Дар мавриди мушкилиҳо гап задан хушоянд нест

“Дар минтақа, чун сартосари кишвар, мушкилоти фаровоне дар бахши тандурустӣ мавҷуд аст, ки инро ҳолати беморхонаҳо дар давраи пандемия ва сатҳи маълумот бармало кард. Дар мактабҳо норасоии шадиди омӯзгорон ба мушоҳида мерасад ва аз ҳама чизи зараровар он аст, ки ягона ангезаи ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони боистеъдод ва таҳсилкарда муҳоҷират аст”, - гуфт муаллими Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба шарти ифшо нашудани номаш.

Чунин мушкилотро, гуфт ӯ, метавон дар ҷараёни муколама бо президент матраҳ кард, аммо ин метавонад пайомаде дошта бошад, бинобар ин ҳама вонамуд мекунанд, ки ҳама чиз хуб аст.

Сафари президент ба ВМКБ дар пасманзари норизоятиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз баргузор кардани маршировкаҳои марбут ба ин чорабинӣ сурат гирифт. Ҳукумати ВМКБ дар саҳифаи расмии худ дар Фейсбук ба ташаббускорони ин норозигиҳо таҳдид кард, ки ба ҷавобгарӣ мекашад. Ин тасмим боиси танқидҳои зиёд аз раиси вилоят Ёдгор Файзов шуд, ки дар гузашта ҳамчун раиси мардумӣ васф мешуд.

XS
SM
MD
LG