Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар Бадахшон як ниҳоди низомӣ барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъсис дод


Гуруҳи Толибони Афғонистон гуфтааст, ки барои мубориза бо қочоқбарони маводи мухаддир, дар вилояти Бадахшони Афғонистон як ниҳоди низомӣ таъсис дод. Вилояти Бадахшони Афғонистон бо Тоҷикистон ва Чин марзи муштарак дорад.

Масъулини гурӯҳи Толибон дар вилояти Бадахшон ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ таъйид кардаанд, ки ҳанӯз қочоқи маводи мухаддир дар сарҳади муштараки Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад ва онҳо ниҳоди низомиеро барои мубориза бо он таъсис додаанд.

Гузоришҳои Идораи мубориза бо маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки дар 20 соли ахир пас аз маъданҳои Бадахшон, маводи мухаддир дувумин манбаи даромади гурӯҳҳои ҷангҷӯ, аз ҷумла Толибон, дар ин вилоят будааст.

Бо вуҷуди он, ки Толибон дар ҳоли ҳозир назорати ҳамаи минтақаҳои вилояти Бадахшонро дар даст доранд, аммо онҳо таъйид кардаанд, ки ҳануз қочоқи маводи мухаддир дар марзи муштарак миёни Афғонистону Тоҷикистон ҷараён дорад.

Нисор Аҳмад Аҳмадӣ, муовини волии Толибон дар Бадахшон ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, онҳо ташкилоти низомиеро арои таъмини амнияти Бадахшон ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъсис додаанд. Вай афзудааст, "аз қочоқи маводи мухаддир аз Бадахшон намешавад инкор кард, чун мо марзи муштарак дорем ва ин имкони он вуҷуд дорад".

Дар гузашта чунин ниҳоде дар сохторҳои ҳукумати Афғонистон вуҷуд дошт ва бо мақомоти тоҷик дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ҳамкорӣ мекарданд. Вале ҳоло бо сари кор омадани Толибон, миёни ду кишвар робитаҳои дипломатӣ вуҷуд надорад ва маълум нест, ки оё тамосе ё ҳамкорие дар ин росто миёни ҷонибҳо вуҷуд дорад ё не. Марзи шимолии Афғонистон яке аз масирҳои интиқоли маводи мухаддир ба Русия ва Аврупо дониста мешавад.

Гузориши бахши афғонистонии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар солҳои ахир дар ҳафт вулусволӣ ё ноҳияи вилояти Бадахшон кукнор кишт мешуд ва тарёк ба даст меомад ва он ба кишварҳои ҳамсоя қочоқ мешуд ва қочоқбарон дар ивази он машруботи масткунандаро ба Афғонистон қочоқ мекарданд.

Бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтаанд, ки қочоқи маводи мухаддир барои сокинони ин вилоят як таҳдиди калони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст ва дар ин кор афроди гурӯҳҳои террористӣ, бархе кормандони гумрук ва ҳатто шуморе аз занҳо бинобар маҷбурият, даст доранд.

Бадахшони Афғонистон, ки марзи тӯлонӣ бо Тоҷикистон дорад, аз ҷумлаи 22 вилояти Афғонистон аст, ки дар ду соли гузашта дар он кӯкнор кишт шуда ва миқдори зиёди тарёк ба даст омадааст. Ин тарёк дар корхонаҳои тавлиди маводи мухаддир дар ҳамин вилоят коркард ва ба ҳероин табдил шудааст.

XS
SM
MD
LG