Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, ки фирори раиси ҷумҳури барканоршудаи Афғонистон боис шудааст, “баҳси интиқоли қудрат ва ташкили ҳукумати фарогир дар он кишвар ба натиҷа нарасад”.
Нақша чӣ буд?
Нед Прайс шоми 3-юми ноябр дар нишасти хабарӣ гуфт, Амрико чорчӯберо барои интиқоли қудрати мусолиматомез ва ташкили давлати фарогир дар Афғонистон рӯйи даст гирифта буд, вале гашти ғайриинтизори Ашраф Ғанӣ ҳамаи барномаҳои Иёлоти Муттаҳидаро барҳам зад.
Ба қавли Прайс, дар чорчӯбе, ки онҳо рӯйи даст доштанд, дастовардҳои бист соли гузашта, бахусус ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳои мазҳабӣ, ҳифз мешуд. Вай афзуд, акнун, ки “Толибон” ҳокимиятро дар Афғонистон ба даст гирифтаанд, бояд ба ваъдаҳои додаашон дар бораи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, бавижа занону ақаллиятҳои мазҳабӣ, амал кунанд.
Ӯ аз ин маворид ба унвони бахше аз пешшартҳои пуштибонии Амрико ва ҳамкорони ҷаҳонии он аз ҳукумати ояндаи Афғонистон ёд кард.
“Иёлоти Муттаҳида ва ҳамчунин муттаҳидони мо дар саросари ҷаҳон интизорҳоеро матраҳ кардаанд, ки бояд аз “Толибон” ё аз ҳар давлати ояндаи Афғонистон бубинем. Аз ҷумла, ин чашмдоштҳо озодии рафту омад ва убури амн барои шахсонест, ки моил ба тарки Афғонистонанд. Ҳамчунин ҳимоят аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи занону духтарон ва ақаллиятҳои қавмӣ”, -- шарҳ дод сухангӯйи Департаменти давлатии Амрико.
Далели Ғанӣ
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Залмай Халилзод, фиристодаи инак пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, барои сулҳи Афғонистон низ раиси ҷумҳури барканоршуда Ғаниро масъули суқути Кобул ба дасти “Толибон” донист.
Халилзод дар мусоҳибаи нахустини худ пас аз берун рафтани нерӯҳои Амрико аз Афғонистон, ду моҳ пеш, ба рӯзномаи “Файненшл Таймз” гуфт: "Тасмими раиси ҷумҳурии Афғонистон барои фирор аз кишвар дар моҳи гузашта (август) тавофуқи лаҳзаи охирро бо “Толибон”, ки барои дур нигаҳ доштани Кобул аз дасти “исломгароён” ва музокира барои интиқоли сиёсӣ тарроҳӣ шуда буд, бекор кард.”
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, рӯзи 15-уми августи имсол Афғонистонро тарк кард ва сипас дар як паёми видеоӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб дар Фейсбук гуфт, барои пешгирӣ аз хунрезӣ ва вайронии Кобул Афғонистонро тарк кардааст. Вай ҳамчунин гуфт, нақшаи террори ӯро кашида буданд.
Қаблан Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи “Толибон”, низ гуфта буд, ки суқути давлати пешин бо он чӣ ки барномарезӣ шуда буд, дар зиддият аст. Акнун Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид ба амалисозии ваъдаҳои “Толибон” дорад.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар идомаи суханронияш гуфт, ин кишвар рӯзи сешанбе 174 миллион доллар кумакҳои башардӯстонаи дигарро ба Афғонистон эълом кард. Вай афзуд, амалӣ кардани ин кумакҳо вобаста ба ваъдаҳои “Толибон” аст ва Амрико бо диққат пойбандии “Толибон”-ро ба ваъдаҳои додаашон зери назар дорад.
Толибон аз фишор мегӯянд
Аммо “Толибон” борҳо ба тағйир ёфтани рафторашон таъкид карда, гуфтаанд, ҳуқуқи шаҳрвандони Афғонистон ба шумули занонро таъмин мекунанд. Билол Каримӣ, узви дафтари матбуотии ин гуруҳ, рӯзи 4-уми ноябр ба Радиои “Афғонистони Озод” гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд аз роҳи фишори дипломатӣ дар пайи ҳалли масоили Афғонистон бошад.
Каримӣ афзуд, “бовари аморати исломӣ ин аст, ки масоили башарӣ ва дипломатиро ба ҳайси як василаи фишори сиёсӣ ворид накунанд, балки ба як роҳи ҳалли муносиб бирасанд, то печидагиҳо аз миён бардошта шавад."
Суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва то кунун ба расмият шинохта нашудани ҳукумати “Толибон” дар сатҳи байнулмилалӣ, дар канори мушкилоти дигар, сарнавишти сафоратҳои Афғонистонро дар хориҷа номуайян кардааст.
Дар ин миён Нед Прайс ба идомаи фаъолияти одии сафорати Афғонистон дар Вашингтон бидуни тағйире дар он итминон дод. "Толибон" низ дар аввали моҳи сентябри имсол ба тамоми сафоратхонаҳои Афғонистон нома фиристода, хостаанд, ки фаъолиятҳояшонро ба таври одӣ идома диҳанд, аммо ҳанӯз хабаре аз контроли Вазорати умури хориҷии “Толибон” ба сафоратҳои Афғонистон дар берун дар даст нест.