Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз таъйини Мансурҷон Умаров се сол гузашт. Дар зиндонҳои Тоҷикистон чӣ дигар шуд?


Мансурҷон Умаров дар гузашта дар мансаби муовини раиси КДАМ кор кардааст
Мансурҷон Умаров дар гузашта дар мансаби муовини раиси КДАМ кор кардааст

Аз таъйин шудани Мансурҷон Умаров ба мансаби сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон (Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия) се сол гузашт, аммо ин ниҳод ҳанӯз мавриди баҳогузориҳои ба ҳам зид аст.

Умаров пас аз ошӯби маргбори соли 2018 дар зиндони шаҳри Хуҷанд ба мансаби сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия таъйин шуд. Гуруҳе омадани генерали амниятро қадаме барои овардани ислоҳот, вале шуморе ин таъйинотро бадтар шудани вазъ ва ҷорӣ кардани тартиботи сахт дар муассисаи ислоҳӣ шумурданд. Пас аз ин тағйирот зиндони нав бунёд шуда, барномаи ислоҳи зиндонҳо тасдиқ гардид, вале ҳар гоҳ шикояти зиндониён аз бадрафтории маъмурони зиндон шунида мешавад.

Низоми ислоҳнопазир?

Ҷамшед Ёров, ҳомии ҳуқуқи инсон, мегӯяд, дар се соли охир аз тағйироти решаӣ чизе гуфтан имкон надорад. “Масъала сари маҳдудиятҳои бозмонда аз замони Шӯравӣ аст: дастрасӣ ба расонаҳо, вохӯрӣ бо пайвандон, дастрасии саривақтӣ ба хидматрасонии тиббӣ ва ғайра. Кормандони зиндон ҳанӯз ба маҳбусон новобаста аз ҷинояти содиркардаи онҳо ҳамчун душмани халқ муносибат мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳадафи пушти панҷара бурдан ислоҳ кардан аст, на ҷазо додан,” -- мегӯяд Ёров.

Ҷамшед Ёров
Ҷамшед Ёров

Ба қавли мусоҳиби мо, низоми ҳозираи зиндонҳо шахсияти инсонро таҳқир мекунад. “Аз ин рӯ, баъзе аз зиндониён пас аз озод шудан дубора даст ба ҷиноят мезананд,” – бовар дорад ӯ.

Ёров айни замон афзуд: “Новобаста аз ин, дар муқоиса бо солҳои гузашта дидор бо Мансурҷон Умаров осонтар шудааст. Ниҳоди зери роҳбарии вай ба муроҷиати шаҳрвандон зудтар посух медиҳад. Аммо фасод, таҳқир ва шиканҷаи зиндониён то ҳол ба назар мерасад.”

Талош барои ислоҳот

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи июли соли 2020 барномаи ислоҳоти зиндонҳоро тасдиқ кард. Мақомот вуҷуди баъзе аз мушкилотро дар ин санад пазируфтанд. Аз ҷумла, мувофиқ набудани маҳалли нигоҳ доштани зиндониён, сатҳи пасти таъмини кор ва таҷҳизоти зарурӣ барои тавлиди колои рақобатпазир, мушкилоти молии зиндонҳо ва ғайра.

Дар ин санад ишора шудааст, ки ҳадафи асосии низоми зиндонҳо бояд ислоҳи шахсият бошад. Барномаи ислоҳи зиндонҳо инчунин ҷудо нигоҳ доштани шахсони маҳкумшударо аз шахсоне, ки такроран ҷиноят содир кардаанд, дар назар гирифтааст.

Талоши Радиои Озодӣ барои тамос бо Мансурҷон Умаров бо ҳадафи донистани раванди ислоҳот ҳангоми нашри ин матлаб бенатиҷа буд.

Зиндоне дар маркази Душанбе
Зиндоне дар маркази Душанбе

Моҳи июли соли 2021-ум 1 ҳазору 700 зиндониро аз маҳбаси рақами яки Душанбе ба муассисаи ислоҳии рақами яки шаҳри Ваҳдат кӯчонданд. Манобеи расмӣ он замон гуфта буданд, ки шароит дар зиндони нав “хубтар аст”. Ба гуфтаи онҳо, ба фарқ аз зиндони пойтахт, ки дар ҳар утоқ 80 нафар нигоҳ дошта мешаванд, онҷо 10 зиндонӣ хоҳад буд. Дертар наздикони баъзе аз зиндониён шикоят карданд, ки маҳбаси нав ба талабот ҷавобгӯ нест, чун мушкили гармиву беобӣ дорад.

Қаблан дар санади ислоҳи зиндонҳо зикр мешуд, ки теъдоди маҳбусони якумрӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш аст, аммо барои ин дастаи маҳкумон зиндони махсуси баробар ба меъёрҳои ҷаҳонӣ вуҷуд надорад.

Танқид дар сатҳи ҷаҳонӣ

Вазъи шиканҷа низ дар зиндонҳо тағйир намеёбад. Дар гузориши соли гузаштаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо такя ба иттилои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар кишвар 20 мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона сабт шудааст.

Аз ин теъдод 17 маврид аз сӯи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва боқӣ аз сӯи Додситони кул ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ анҷом шудаанд. Ин гузориш, инчунин, аз фавти 14 зиндонӣ хабар медиҳад, ки тибқи иттилои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ ҳангоми хӯрдани нон заҳролуд шудаанд.

Додситони кул барои таҳқиқи ин рӯйдод парвандаи ҷиноӣ кушод, аммо то ҳанӯз маълум нест, ки нони заҳролуд чӣ тавр ба дасти маҳбусон расидааст. Аммо пайвандони қурбониён ба вуҷуди осори шиканҷа дар бадани зиндониёни фавтида ишора карданд.

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова, мудири созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар як мусоҳибаи худ бо Радиои Озодӣ дар мавриди решакан кардани шиканҷа дар зиндонҳо чунин гуфт: “Ба назари ман, нахуст бояд масъулияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулони вобаста ба тафтишро тақвият дод. Ҷомеа бояд аз ҳамаи муроҷиатҳо дар мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ огоҳ бошад. Мақомот бояд барои боздиди вакилони мудофеъ, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз муассисаҳои ислоҳӣ иҷоза диҳад. Зимнан, ин чиз дар қонунгузории Тоҷикистон зикр шудааст."

Аммо як сол пас аз эълони ислоҳи зиндонҳо мақомот вуҷуди шиканҷаро эътироф намекунанд ва муассисаҳои ислоҳиро барои мудофеони ҳуқуқи башар нишон намедиҳанд.

Солҳои охир дар зиндонҳои Тоҷикистон 2 ошӯб сар задааст. Ошӯби аввал 7-уми ноябри соли 2018 дар зиндони низомаш сахти шаҳри Хуҷанд ва ошӯби дуюм 19-уми майи соли 2019 дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат. Дар натиҷа, 50 нафар кушта шуданд. Мақомот гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро масъули ду ошӯб донистанд.

Аммо коршиносони байнулмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон далели рух додани ин ошӯбҳоро ба шароити, ба гуфтаи онҳо, тоқатфарсои зиндонҳо ва пйомол шудани ҳуқуқи маҳбусон аз тарафи кормандони зиндонҳо медонанд.

Тибқи маълумоти охир дар Тоҷикистон 19 муассисаи иҷрои ҷазо (13 муассисаи ислоҳӣ ва 6 боздоштгоҳ) вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG