Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар 30 сол насле пайдо шуд, ки мехоҳад ҳукуматро иваз кунад." Сиёсатшинос дар бораи сабаби эътирозҳо


Эътирозгарон муҷассамаи Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешин ва "Элбасӣ" ё пешвои Қазоқистонро чаппа карданд. 5-уми январи 2021
Эътирозгарон муҷассамаи Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешин ва "Элбасӣ" ё пешвои Қазоқистонро чаппа карданд. 5-уми январи 2021

Димаш Алжанов, сиёсатшиноси қазоқ, ки дар шаҳри Алмаато қарор дорад, дар мусоҳиба бо телевизиони "Настояшее Время" гуфт, тазоҳуроти рӯзҳои охир дар Қазоқистон "худҷӯш аст", на "тарҳрезишуда".

"Дар паси эътирозҳо ягон созмоне нест," – нақл кард ӯ рӯзи 5-уми январ ва сабаби асосии гирдиҳамоиҳоро ба "тақсими ноодилонаи захираҳо ва сарват" дар Қазоқистон пайванд дод. Ин дар ҳолест, ки президент Қосимҷомарт Тоқаев барои саркӯби, ба гуфтааш, "таҳдиди террористӣ" дар Қазоқистон аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ ёрӣ хост.

- Чаро эътирозҳо дар ғарби Қазоқистон ба миён омаданд?

- Иллаташ, тавре медонед, болоравии нархи гази моеъ буд. Ин рӯйдод ба болои мушкилоти ҳалношудаи бисёре зам гардид. Яке аз мушкилҳо хеле камбизоат будани мардум аст. Аз як тараф, Қазоқистон дар муқоиса бо кишварҳои дигар ба қадри кофӣ бой аст, вале тақсими захираҳо ва сарват ба нафъи як гуруҳи хурдест, ки қудратро ба даст доранд. Дар сӣ соли охир бахше аз мардум аз имкониятҳои иқтисодӣ, таҳсили хуб ва тиб маҳрум буданд. Ҳоло насле ба миён омадааст, ки мехоҳад, ҳукуматро иваз кунад. Онҳо дар ҳукумати ҳозира дурнамоеро намебинанд.

- Эътироз дар ғарб, ҳатто дар ҷанубу ғарб оғоз шуд. Оё ин ба он вобаста аст, ки Жанаозен минтақаи истихроҷи нафт аст?

Димаш Алжанов
Димаш Алжанов

- Табиист. Вақтҳои охир дар ғарби Қазоқистон тамоюли ихтисори ҷойҳои корӣ мушоҳида мешавад. Тибқи маълумоти охирине, ки аз намояндагони сафорати Амрико гирифтем, ширкати амрикоие, ки дар ин минтақа нафт тавлид мекунад, дар оянда боз сад ҳазор ҷойи кории дигарро кам хоҳад кард. Минтақаи ғарбӣ комилан афсурда аст. Соҳаҳои алоҳидае ҳастанд, ки кормандонаш маоши хуб мегиранд, вале дар умум аҳолӣ камбизоат аст. Ва таваррум ё болоравии нархи гази моеъ ба некӯаҳволии мардум ва имкониятҳои иқтисодии онҳо зарбаи сахт мезанад. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки ин рӯйдод маҳз дар ғарби кишвар ба вуқуъ пайваст.

- Ба фикри Шумо, ҳукумат ҳоло вазъ дар Қазоқистонро то куҷо назорат мекунад? Раиси ҷумҳури Қазоқистон рӯзи 4-уми январ дар паёми видеоии худ гуфта буд, ки ҳукумат пош намехӯрад. Рӯзи 5-уми январ изҳорот пахш шуд, ки Вазорати корҳои дохилӣ ва Горди Миллӣ вазъро зери назорат доранд, ҳарчанд наворҳое, ки аз шаҳрҳои Қазоқистон мерасанд, вазъи комилан баръаксро бозгӯ мекунанд…

- Танҳо дар бораи Алмаато гуфта метавонам. Дар ҷараёни тазоҳурот будам ва дидам, ки полис рӯзи 4-уми январ муташаккилтар буд. Эътирозҳо тамоми шаб идома ёфтанд ва тақрибан соати 10-и субҳи чаҳоршанбе бисёре аз эътирозгарон аллакай таҷҳизоти пулисро мусодира мекарданд. Бо назардошти вазъияте, ки ҳоло мебинем, маълум нест, ки мақомот тамоми вазъро зери назорат доранд. Гап дар сари он аст, ки дар аввал кӯшиши пайдо кардани созиш набуд. Тазоҳуроти осоишта пас аз истифодаи зӯр аз ҷониби мақомот ба хушунат табдил ёфтааст.

- Ба назари Шумо, вазъ дар чанд соати наздик чӣ гуна хоҳад шуд?

- Ҳоло, ба фикрам, мо ҳатто пешгӯӣ карда наметавонем, ки вазъ чӣ гуна мешавад. Ҳеч кас интизор набуд, ки эътирози оммавии як рӯз пеш ба чизи бештар аз он табдил меёбад. Аммо ин рӯй дод. Ва акнун гуфтан душвор аст, ки фардо чӣ хоҳад шуд.

Алмаато, 5-уми январи 2022
Алмаато, 5-уми январи 2022
  • Рӯзи 2-юми январ эътирозҳо алайҳи афзоиши нархи гази моеъ дар Жанаозен оғоз шуд.
  • Сокинони Актау, Алмаато, Нурсултон, Атирау ва Чимкент ба эътирозгарон ҳамовозӣ карданд.
  • Рӯзи 4-уми январ кумисюни ҳукуматӣ бо супориши раисиҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев ваъда дод, ки талаби норозиёнро иҷро хоҳад кард.
  • Пас аз се рӯзи эътирозҳо, президент Тоқаев ҳукуматро барканор, танзими давлатии нархҳоро ҷорӣ ва дар се минтақа вазъияти изтирорӣ эълон кард, аммо эътирозҳо идома ёфтанд.
  • Субҳи 5-уми январ тазоҳуркунандагон бо пулис вориди даргирӣ шуданд ва талош карданд, дар шаҳрҳои бузург биноҳои маъмуриро тасарруф кунанд.
XS
SM
MD
LG