Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Кабирӣ ва Талбаков. Бархӯрди дидгоҳҳо. ВИДЕО


Даъвати нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба Қазоқистон барои фурӯ нишондани эътирозҳо ва ё ба гуфтаи раҳбари Қазоқистон маҳви террористон, ақидаҳои гуногунеро ба миён овард.

Бархе аз амалкарди Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, ҳимоят карданд, бархе дигар гуфтанд, вай беҳуда норозиён ва эътирозгарони кишварашро террорист унвон кард. Александр Лукашенко, раҳбари Беларус, гуфт, бояд ба Тоҷикистон ҳам кумак кунанд, то мисли Қазоқистон нашавад.

Оё чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон ҳам метавонанд, сурат бигиранд? Оё Паймони Амнияти Дастҷамъӣ бар асоси низомномааш амал кард? Мавҷудияти мухолифон ё норозиён ва тазоҳуроти онҳо оё ҳатман ба маънои ҷангу хунрезист? Тоҷикистон оё метавонад аз ин воқеаҳо сабақи дуруст бардорад?

Ҳамин аст мавзӯи баҳси имрӯзаи Гапи Озод. Меҳмонони барнома: Муҳиддин Кабирӣ, яке аз раҳбарони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ва Абдуқодир Талбаков, яке аз тарафдорони устувори ҳукумати Тоҷикистон.

Иқтибосҳое аз барнома:

"Шакке нест, ки дар ҳар ҳодисае, ки дар дохили Тоҷикистон мешавад, аз амалиёти террористӣ то боло рафтани нархи барқу ҳар ҳодисаи дигар, ҳукумат талош мекунад, ки ё мухолифинро гунаҳкор кунад, ё нерӯҳои дигарро. Ман ба ин бовар ҳастам, ки оппозитсиюни Қазоқистон, ки дар Аврупо, дар хориҷ, қарор доранд, дар шакл гирифтани ин эътирози мардумӣ дар Қазоқистон камтарин дахолат доштанд."

"Ҳамин ҳодисаҳое, ки дар Қазоқистон сурат гирифтанд, ҳамин ҳусни хати Ҳизби наҳзат аст, ҳамон 6 нафар милисаро калла буридан. Аслан дар Алмаато ва вилоятҳои дигар мардум аз рӯи қонуни қоидаҳои демократия баромаданд, эътироз карданд. Айнан мисли соли 92. Вақте дӯстдорони демократҳо ё дӯстдорони нерӯҳои демократӣ баромаданд, баъдан Наҳзати ислом ташаббусро ба даст гирифт ва Тоҷикистонро ба хоку хун кашид."

"Фаразан, агар як гуруҳ дар Душанбе ҷамъ шуданд ва барои нархи барқ, ё ҳар чизи дигар, ё маош тазоҳурот карданд, билофосила ҳукумати Тоҷикистон чанд нафарро либоси афғониву саллаву риш мепӯшонад ва чанд витринаву магазинро мешиканад ва мегӯяд, ки ин кори террористон асту Ҳизби наҳзат ва саркӯб мекунад. Ҳатман нерӯҳои СПАД-ро даъват хоҳад кард."

"Албатта, ин гапҳо бепоя аст, ҳеч гоҳ, фаразан барои чаҳор ё панҷ эътирозгар, мо 70 самолёт аз Русия даъват намекунем. Нерӯҳои интизомии Тоҷикистон хеле қавӣ ҳастанд ва авзои сиёсии мо пурра таҳти назорат қарор дорад."

Барномаро инҷо бубинед ва назари хешро бинависед:

Кабирӣ ва Талбаков. Бархӯрди дидгоҳҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:16 0:00

Барномаро дар Ютюб бинед:

XS
SM
MD
LG