Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Азот" қарзи кормандонашро мепардозад ва ба кор оғоз мекунад


Корхонаи нуриҳои минералии "Азот" дар шаҳри Левакант (Сарбанди пешин)-и вилояти Хатлон пас аз чанд соли таваққуф, дигарбора бо кор оғоз мекунад. Ин корхонаи азим, ки дар соли 2019 ба музояда гузошта шуда буд, ҳудуди як сол қабл харидорӣ шуд ва молики наваш ҳамакнун қарзи кормандонро пардохт мекунад.

Дар ҳукумати шаҳри Левакант ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳамакнун корхона 97 дарсад маоши пардохтнашудаи коргаронро баргардонд ва дар назар дорад, ки дар се моҳи аввали соли 2022 онро пурра пардохт намояд. Ба гуфтаи Неъматулло Кабирзода, муовини раиси шаҳри Левакант, корхона танҳо аз музди меҳнат 6 миллион сомонӣ қарздор буд ва ин ба солҳои 2000-ум бармегардад, ки корхона аз кор монда буд.

Иззатманд, як сокини 67-сола шаҳри Левакант гуфт, ки синаш ба бознишастагӣ расидааст, мегӯяд 70 ҳазор сомонӣ маошашро дарёфт кард. "Даъват карданд, пулро доданд, вале ман дигар кор карда наметавонам, вале ҷавонҳоро ба кор даъват кардаанд",-афзуд ӯ.

Ҳукумати Тоҷикистон корхонаи нуриҳои "Азот"-ро ду соли пеш дар як музояндаи байнулмилалӣ ба фурӯш гузошт ва ҳудуди як сол мешавад, ки моликони корхона барои бакор андохтани он омодагӣ мегиранд. Дар корхонаи "Азот" аз молики он ном набурданд, вале гуфтанд, ки сармоягузорони ватанӣ буда, шартҳои музоядаро иҷро мекунад.

Шарти аввал барои барандаи ин музояда, дар се соли оянда бо харҷи 400 миллион сомонӣ пайваст кардани хатти гази "Ёвон-Леваканд" мебошад. Ҳамчунин молики нав ӯҳдадор мешавад, ки дар се сол на камтар аз 1100 ҷойи кори доимӣ таъсис диҳад. Пардохти 25 миллион сомонӣ қарзҳои кредитории корхонаи "Азот" дар соли аввали пас аз харидани саҳмияҳо, шарти дигари ин музояда будааст.

Тибқи гузориши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, қарзҳои кредитории "Азот" ба ҳолати аввали соли 2020 беш аз 24 миллион сомонӣ ва қарзи дебиториаш зиёда аз 59 миллион сомонӣ аст. Ҳамчунин беш аз 12 миллион сомонӣ қарзи молики пешини "Азот" -- Ҷамъияти Саҳомии "Нуриҳои Осиё" низ ба дӯши "Азот" гузошта мешавад.

Корхонаи "Азот", ки тавони истеҳсоли нуриҳои барои кишоварзӣ муҳими аммиак, карбамид, ангидриди карбон (углекислота), азоти газгунро дорад, 10 соли охир дар маркази моҷароҳои моливу пулӣ ва ҳатто сиёсӣ қарор гирифт.

Корхонае, ки соли 1967 дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон бо ҳадафи таъмини кишоварзони тоҷик бо нуриҳои минералӣ бунёд шуд, дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз кор монд.

Соли 2001 ин корхонаро олигархи украинӣ Дмитрий Фирташ ва ширкаташ Group DF бо 75 дарсади саҳмияҳояш аз худ кард. 5 дарсади саҳмияҳо ба Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкори ҳамакнун зиндонӣ тааллуқ дошт.

Ин корхона бо гази табиии Узбекистони ҳамсоя ҷон гирифт, вале бо қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон дар солҳои 2008-2009, дубора аз кор монд.

Пас аз он ки Зайд Саидов аз таъсиси ҳизбе бо номи "Тоҷикистони нав" дарак дод ва боздошт шуд ва Дмитрий Фирташ ҳам дар Австрия гирифтори кашмакашҳои судӣ шуд, Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон соли 2014 созишномаи фурӯши саҳимияҳои "Азот"-ро ғайриқонунӣ эълон кард ва корхонаи азимро дубора ба ихтиёри давлат гузошт.

Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2016 бо ширкати чинӣ шартнома баст ва қарор буд "Азот" фаъол шавад. Тибқи шартнома ширкати "Хенан Чжун-Я" бояд давоми 1,5 сол марҳилаи аввали корхонаро бо иқтидори тавлиди 120 ҳазор тонна нурии минералии аммиак ва 200 ҳазор тонна карбамид ба кор меандохт.

Аммо Тоҷикистон сентябри соли 2019 созишнома бо ширкати чинии "Ҳенан Чжун-Я", ки бояд корхонаи "Азот"-ро дар шаҳри Леваканди Хатлон ба кор медаровард, якҷониба бекор кард ва саҳимияҳо дубора ба ихтиёри давлат гузаштанд. Ҳукумат гуфт, ширкати чинӣ ба ваъдааш вафо накард ва корхона дар муҳлати муайяншуда ба кор надаромад.

XS
SM
MD
LG