"Кафолат" ва таҳримҳо
Мақомоти Русия рӯзи 15-уми феврал гуфтанд, ки баъзе аз нерӯҳои худро аз наздикии марз бо Украина ба макони доимияшон баргардонданд. Бо вуҷуди ин, таҳдид ҳанӯз аз байн нарафтааст. Коршиносони гурӯҳи таҳқиқотии Conflict Team мегӯянд, ҳеч нишонае вуҷуд надорад, ки нерӯҳои мустақар дар наздикии марз бо Украина ба макони доимии худ баргаштаанд.
Русия ва Беларус аз даҳуми феврал дар наздикии сарҳад бо Украина тамрини даҳрӯза ва бесобиқаи ҳарбӣ баргузор мекунанд. Ин тамрин хатари ҳамлаи Русияро ба Украина бештар кардааст. Маскав эҳтимоли ҳамларо рад мекунад.
Вазорати мудофиаи Русия гуфтааст, ҳадаф аз машқҳо мубориза бо терроризм ва ҳимоят аз манофеи муттафиқон аст. Дар бораи миқдори техника ва шумораи нерӯҳо иттилои ягона нест. Бино ба иттилои расонаҳо, теъдоди низомиён ҳудуди 100 ҳазор нафар гуфта мешавад. Иддае онро тақрибан 120 ҳазор нафар шумурдаанд. Русия ба тамринҳо маҷмааи "С-400", ҳавопаймоҳои "Су-35 С" ва "Су-25 СМ" фиристодааст.
Таҷаммӯи бесобиқаи нерӯҳо ва техникаи низомии Русия дар наздикии марзи Украина, ҳам Киев ва ҳам кишварҳои ғарбиро ба ташвиш андохтааст. Ғарб аз Русия хост, нерӯҳояшро ба қафо бибарад, вагарна ба зидди Маскав таҳримҳои сангин ҷорӣ хоҳад шуд. Кремл мегӯяд, қасди ҳамла ба Украинаро надорад ва баръакс кишварҳои ғарбиро муттаҳам мекунад, ки дар фикри мусаллаҳ кардани Украина ва ба узвияти НАТО пазируфтани ин кишвари пасошӯравӣ ҳастанд.
Дар пайванд ба ин, Русия дар музокирот бо Ғарб аксар вақт на дар бораи Украина, балки дар бораи "кафолатҳои амниятӣ"-и худ суҳбат мекунад. Маскав ба таври рӯшан гуфтааст, ки пазируфта нашудани Украина ба узвияти НАТО "масъалаи усулист".
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз кишварҳо шумораи кормандони сафоратҳои худро дар Киев кам кардаанд. Иёлоти Муттаҳида сафорати худро муваққатан аз Киев ба Лвов бурд. Илова бар ин, Иёлоти Муттаҳида Украинаро ба "рӯйхати сурх"-и кишварҳое дохил кард, ки сафари шаҳрвандонаш ба онҷо мумкин нест. Бино ба гузоришҳо, Лаҳистон (Полша) роҳҳои эҳтимолиро барои гузаштани паноҳандагон аз Украина ташкил кардааст. Русия аз хатари парвозҳо дар чанд минтақаи наздик ба нимҷазираи Қрим (аз 14 то 19-уми феврал) ҳушдор дод.
"Нигаронанд, аммо чизе гуфта наметавонанд"
Коршиноси қазоқ, Думан Қабдигалиев, бар ин назар аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баҳси Русияву Украина ошкоро чизе нахоҳанд гуфт, балки мунтазир хоҳанд монд. "Зеро ин танҳо баҳси ду кишвар нест, балки мушкилоти байни Русия ва кишварҳои ғарбиро дар бар мегирад. Эҳтимоли пайвастани Украина ба НАТО Русияро ба хашм меорад," – бовар дорад ӯ.
Қабдигалиев ёдовар шуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар замони буҳрони Гурҷистону Русия дар соли 2008 ва ҳангоми ғасби Қрими Украина аз тарафи Русия дар соли 2014 низ сукут ихтиёр карда буданд. Аммо, ба қавли ӯ, аз вазъи пешомада Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон, кишварҳои узви СПАД аз Осиёи Марказӣ, бештар нигарон ҳастанд.
"Агар Русия ба Украина ҳамла кунад, метавонад бо таҳримҳо дучор шавад. Ин таҳримҳо ба кишварҳои минтақа, ки муттаҳидони Русия дар Иттиҳоди АвруОсиё ва СПАД ҳастанд, таъсир хоҳанд расонд. Масалан, ба Қазоқистон, ки моҳи январ воқеаҳои хунинро аз сар гузаронд. Туркманистон ва Узбекистон, ду кишвари Осиёи Марказӣ, ки узви СПАД нестанд, низ аз истифодаи нерӯ ба зидди Украина метарсанд. Зеро Путин ба зидди кишварҳои Шӯравии собиқ, ки ба ӯ наздик намешаванд, аз зӯр истифода мекунад. Маълум аст, ки Осиёи Марказӣ аз сенарияи низомӣ пуштибонӣ намекунад," -- гуфт Думан Қабдигалиев ба Радиои Озодӣ.
Вазъи печида пас аз воқеаҳои январӣ
Эмилбек Жороев, коршиноси қирғиз, мегӯяд, низои Украинаву Русия дар Осиёи Марказӣ хеле кам баҳс мешавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ беташвиш ҳастанд.
"Украина барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бегона нест. То андозае бо якдигар муносибат доранд. Гузаштаи муштараки таърихӣ ва таҷрибаи ҳамзистиро доранд. Ҳамзамон кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия хеле наздик ҳастанд. Ва ин равобит баёнгари он аст, ки онҳо дар мавриди Украина чӣ гуна мавқеъ мегиранд. Вале дар умум намехоҳанд, байни Русия ва Украина ҷанг шавад," -- мегӯяд ӯ.
Коршинос афзуд, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз мавқеи Русия дар умури байнулмилалӣ низ тарс доранд: "Роҳбарони Осиёи Миёна ҷуръат намекунанд, ки дар бораи мавқеи Кремл ошкоро сухан гӯянд. Эҳтимол аз ҳамин сабаб мавқеи кишварҳои минтақа норӯшан мондааст. Ва ин масъала пас аз рӯйдодҳои моҳи январи Қазоқистон, ки Русия зери парчами СПАД нақш бозид, ҳассостар ва печидатар шуд. Акнун барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баёни мавқеи худ ё суҳбати ошкоро дар ин маврид хатарнок шудааст. Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ оқибати чунин андешаҳоро хуб медонанд."
Ба қавли мусоҳиби Эмилбек Жороев, "ҳеч кишвари Осиёи Марказӣ, новобаста аз он ки узви СПАД аст ё не, ҷангро намехоҳад. Наметавонам бигӯям, ки мавқеи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки узви СПАД ҳастанд ва кишварҳое, ки узви он нестанд, аз ҳам фарқ дорад. Ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ хоҳони ҳалли мусбати муноқиша миёни Русия ва Украина аст."
Таъсир ба муҳоҷирони корӣ дар Русия
Коршиносони тоҷик мегӯянд, кишварҳои минтақа дар мавриди муноқишаи Русияву Украина мавқеи дақиқ надоранд. Ба бовари онҳо, дар сурати сар задани ҷанг миёни Русия ва Украина, кишварҳое чун Тоҷикистон, ки узви созмонҳои минтақавии тобеи Русия ҳастанд, вазифадор хоҳанд шуд, аз Маскав пуштибонӣ кунанд. Айни замон, ба гуфтаи онҳо, кишварҳои минтақа ба ёрии молии Ғарб эҳтиёҷ доранд.
Сайфулло Сафаров, сиёсатшиноси тоҷик, гуфт, "Тоҷикистон бояд аз он пуштибонӣ кунад, ки масъала бо роҳи гуфтугӯ ҳал шавад."
Ба назари коршиносони тоҷик, вазъи ҳозира ё ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ хоҳад гузошт. Беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ доранд ва пулҳои фиристодаи онҳо ба иқтисоди кишвар муҳим аст. Таҳримҳое, ки дар пайи ғасби Қрим дар соли 2014 алайҳи Русия ҷорӣ шуда буданд, ба иқтисоди Русия ва ҳамзамон ҷайби муҳоҷирон осеб расонданд. Он замон интиқоли пули шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба маротиб кам шуда буд.
Коршиноси узбек Камолиддин Раббимов дар Фаронса аст ва берун рафтани нерӯҳои Русияро аз наздикии марз бо Украина назорат дорад. Ба бовари ӯ, ақибравии нерӯҳои Русия хатари ҷангро кам мекунад. "Ин чунин маъно дорад, ки раванди кам кардани хатари низомӣ аллакай оғоз ёфтааст. Мулоқоти Путин бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар рӯзи 14-уми феврал азсаргирии музокиротро тасдиқ кард," -- гуфт коршинос ба Радиои Озодӣ.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2014, вақте Русия Қримро аз Украина тасарруф кард, мавқеи ягона надоштанд. Дар ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди Қрим баъзе аз ин кишварҳо "тарафдор", дигаре "бетараф" ва иддае "муқобил" рой додаанд. Бар асоси асноди ҷудогона, баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ройдиҳӣ аслан ширкат накардаанд.