Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентии Фаронса. Кадом номзад ба манфиати Тоҷикистон аст – Макрон ё Лё Пен?


13 октябри соли 2021 президенти Тоҷикистон дар Париж бо Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса дидору мулоқот кард.
13 октябри соли 2021 президенти Тоҷикистон дар Париж бо Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса дидору мулоқот кард.

Субҳи 24-уми апрел пайкарасози тоҷик Амрӣ Аминов машғул буд. Дар ин  рӯзи истироҳат вай барои берун рафтан  аз хона омода мешуд.

Ӯ ва беш аз 47 миллион шаҳрванди дигари Фаронса барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ омодагӣ медиданд. Нуқтаҳои овоздидӣ дар ин кишвари аврупоӣ аз соати 8-и субҳ то 8-и бегоҳ кор мекунанд.

Амрӣ Аминов, ки сӣ соли охир муқими Фаронса мебошад, ширкат дар интихоботро як вазифаи шаҳрвандии худ медонад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нагуфт, ки барои кадоме аз ду номзад – президенти амалкунанда Эммануэл Макрон ваё рақиби ростгарои ӯ Марин Лё Пен овоз медиҳад, чун дар фарҳанги Аврупову ғарб мавзеъгириҳои сиёсии шаҳрвандон кори хусусӣ ҳисоб меёбад. Вале гуфт, “мавқеи ман хеле дақиқ аст, ман ин кишварро хеле хуб мешиносам ва лозим медонам, ки дар ин кишвар бояд тағйироти сиёсӣ пеш ояд”. Ба бовари ин ҳунармарди маъруфе, ки давоми даҳсолаҳо дар Париж барои муаррифии фарҳанги тоҷик хидмат кардааст, “сиёсати хориҷии Фаронса бо тағйир ёфтани раиси ҷумҳурӣ иваз намешавад”.

Амрӣ Аминов. Акс аз соли 2017
Амрӣ Аминов. Акс аз соли 2017

Амрӣ Аминов дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт: “Барои мо (дар Тоҷикистон) фарқ надорад кӣ дар ин ҷо (Фаронса) раҳбари кишвар аст. Фарҳангу сиёсати хориҷии кишвар тағйир намеёбад. Аз он ки мегӯянд, ки “Лё Пен фашист аст”, ин ҳама гапҳо беҳуда аст. Ман дар ин ҷо зиндагӣ мекунам, медонам, ки мардум чӣ мегӯянд. Сиёсат дар бахши равобити хориҷӣ тағйир нахоҳад ёфт”.

“Пирӯзии Макрон ба Тоҷикистон манфиатовар аст”

Темур Варқӣ, журналисти мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳамчунон муқими Фаронса мебошад, мегӯяд, дар сурати пирӯзии Лё Пен дар интихобот, ин кишвар “як қадам ба ақиб мегузорад”. Варқӣ Лё Пенро як сиёсатмадори “архаистӣ” меномад, ки аз назари дидгоҳҳои сиёсиаш “наздик ба ҳукуматҳои тоталитарӣ аст” ва пирӯзии эҳтимолии ӯ “метавонад дар Душанбе хуш пазируфта шавад”. Вале, ба бовари ӯ, ниҳоят ҷомеаи Фаронса, ки “гаҳвораи демократияи ҷаҳон ва намунаи рушди демократӣ” ба ҳисоб меравад, “интихоби дурусте мекунад”.

Аз назари шореҳони сиёсӣ ҳам, ҳеҷ як номзади президентӣ дар интихоботи Фаронса “беайб" ё бебаҳс нест. Лё Пенро як дӯсти президенти Русия Владимир Путин меноманд, ки ду моҳ пеш ба хоки Украина ҳуҷум карда, амнияти минбаъдаи Аврупоро бо хатар рӯбарӯ кард. Ахиран расонаҳои Ғарб аснодеро ифшо карданд, ки ҳизби Лё Пен ба таври махфӣ аз Русия 12 миллион доллар кумак гирифтааст. Сарони ҳизб ин маблағро қарзе номиданд, ки акнун баргардонида истодаанд. Ба навиштаи The Wall Street Journal, ин маблағ ба як ширкати ҳарбии Русия марбут аст. Эммануэл Макрон, ки шадидан мухолифи ҷанг дар Украина асту барои роҳ надодан ба тавсеаи низоъҳо хеле талош кардааст, аз назари бархе гурӯҳҳои мусалмону муҳоҷирон ҳам як чеҳраи баҳсбарангез ба ҳисоб меравад.

Темур Варқӣ мегӯяд, бархе дар Фаронса ин ду номзадро “интихобе миёни вабо ва вараҷа” меноманд, ки “маълум нест кадомаш сабуктар мегузарад”, вале боз ҳам, ба назари ин журналист, “прагматизму демократия беҳтар аз фашизм аст”.

Темур Варқӣ. Акс аз соли 2018
Темур Варқӣ. Акс аз соли 2018

Варқӣ мисли Аминов бовар дорад, ки бо тағйири президент дар Фаронса сиёсати хориҷии ин кишвар дигар намешавад. Ӯ гуфт: “Ман ба ин андешаам, ки муносибатҳои роҳуфтодаи инсониву кории миёни Эммануэл Макрон ва Эмомалӣ Раҳмон беҳтар аз муносибатҳои наву номафҳуми миёни хонум Лё Пен ва Раҳмон ваё вориси ӯ мебошад. Бо вуҷуди ин ки ин муносибатҳо (-и Лё Пен ва Раҳмон) метавонанд аз назари идеологӣ ба ҳам наздик бошанд, вале он метавонад ба режимҳои мисли Тоҷикистон аз боло назар кунад... Ба назари ман, пирӯзии Эммануэл Макрон ба Тоҷикистон манфиатовар аст”.

Темур Варқӣ, ки дар мақоми як дигарандеши сиёсӣ дар Фаронса ба сар мебарад, гуфт, дар солҳои охир Фаронса як кишвари муҳиме гардид, ки на танҳо ба ҳукумати Тоҷикистон, балки ба норозиёни он ҳам дасти ёрӣ дароз кард. Ӯ гуфт, ба ҳисобҳои тахминӣ чандсад шаҳрванди Тоҷикистон, ки аъзои созмонҳои сиёсии манъшуда ваё афроди мунаққиди ҳукумат мебошанд, дар Фаронса паноҳ ёфтанд ва ҳадди аққал барои матбуот дар бораи ҳодисаҳои ба Тоҷикистон бозпас фиристода шудани онҳо маълум нест. “Фаронсаву фаронсавиҳо воксинаи демократия гирифтаанд”, мегӯяд ӯ.

Терминали Душанбе, “Ашан” ва ҳамкориҳои сиёсӣ

Фаронса як шарики муҳими сиёсии Тоҷикистон дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо буда, рафтуомадҳои мақомоти тоҷику фаронсавӣ аз соли 2002 шурӯъ шудаанд. Бори охир моҳи октябри соли 2021 президент Эмомалӣ Раҳмон дар як сафар ба Париж меҳмони раиси ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон шуд. Ин сафар, ба иттилои расмӣ, ба мавзӯи Афғонистони баъди сари қудрат омадани “Толибон” рабт дошт, ки эътирофи ҳукумати ин гурӯҳи шӯриширо на Макрон ва на Раҳмон қабул надоранд. Фаронса кӯмакрасони суннатии ҷонибдорони Аҳмадшоҳ Масъуд ва Эътилофи шимол дар Афғонистон мебошад. Раҳмон дар ин сафар гуфтааст, ки "таъмини амният дар кишвари ҳамсоя омили муҳими суботи миллӣ ва тамоми минтақа аст."

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, равобити Тоҷикистону Фаронса бо назардошти ҳамсоягӣ бо Афғонистон бештар ҳамкориҳо дар бахши сиёсиву ҳарбӣ ва ҳам фарҳангу ҳунарро дар назар мегиранд. Соли 2002 Созишнома оид ба ҳамкории байни муассисаҳои ҳарбии ду давлат ба имзо расид ва бар асоси он, ҳамкориҳо дар соҳаи тарбияи кадрҳои низомӣ барои Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Фаронса соли 2008 барои сохтмони терминали фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо арзиши ниҳоии 49 миллион евро кӯмак карда, то соли 2014 давоми 12 сол, дар доираи амалиёти зидитерористии НАТО дар Афғонистон дар фурудгоҳи Душанбе контингенти 170-нафарии низомиёни фаронсавӣ мустақар гардид.

Соли 2016 дар Душанбе маркази савдои “Ашан” боз шуд, ки нахустин гипермаркети фаронсавӣ дар Осиёи Марказӣ ва яке аз камтарин намунаҳои ҳамкориҳои соҳибкорони ду кишвар дониста мешавад. Дар бахши фарҳангу ҳунар яке аз охирин корҳои муштараки фаронсавиҳову тоҷикистониҳо – ташкили намоишгоҳи “Тоҷикистон - сарзамини рӯдхонаҳои заррин” дар осорхонаи “Гиме”-и Париж ва намоиши 211 нигора аз Осорхонаҳои миллии Тоҷикистон буд.

Вале мизони тиҷорату савдои миёни ду кишвар дар сатҳи ночиз боқӣ мемонад. Ба иттилои расмӣ, ҳаҷми савдои беруна миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар 9 моҳи соли 2017 – 3,3 миллион долларро ташкил додааст, ки аксараш ба бахши воридот рабт мегирад.

XS
SM
MD
LG