Дар Тоҷикистон, ки солҳо боз барои надоштани расонаҳои озоду мустақил ва саркӯби мунтақидон накӯҳиш мешавад, рӯзи ҷаҳонии озодии матбуотро ду рӯз бо таъхир таҷлил карданд. Нишаст 5-уми май бо пуштибонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) баргузор шуд. Рӯзноманигорони тоҷик аз «вазнинтар» шудани шароити кор дар Тоҷикистон гуфтанд, масъулон аз фароҳам будани заминаҳо барои фаъолияти озоди расонаҳо.
Нигарониҳо аз мушкили дарёфти иттилоъ
Маҳфили Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот рамзӣ буд ё кинояомез, дар рӯзи ҷашни пешинаи матбуоти Шӯравӣ ё рӯзи таъсиси рӯзномаи асосии коммунистон “Правда”, дар яке аз гаронтарин меҳмонхонаҳои Душанбе баргузор шуд.
Баръакси солҳои гузашта сафирони кишварҳои ғарбӣ чизе дар бораи маҳдудиятҳои озодии баён дар Тоҷикистон нагуфтанд. Хулосаи суҳбати онҳо асосан насиҳатхонӣ ва шиорпароканӣ аз аҳамияти озодии баён буд, аммо рӯзноманигорон гуфтанд, вазъият бадтар шудааст.
Илҳоми Ҷамолиён, рӯзноманигори тоҷик, дар ин нишаст гуфт, мушкили ҷиддии рӯзноманигорон гирифтани иттилоъ аст. Ба қавли Ҷамолиён, заминаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот «хеле хуб муҳайё шудаанд, вале мушкил дар иҷрои қонунҳо аст.»
«Дар ин замина, дар ҳақиқат, мушкилиҳои хеле зиёд дорем. Агар масъалаи дастрасӣ ба иттилоотро ҳал карда натавонем, шаффофиятро таъмин карданамон ғайриимкон аст,” -- афзуд рӯзноманигори тоҷик.
Чанд хабарнигори дигар ҳам дар ин нишаст аз мушкил шудани дарёфти маълумот аз идораҳои расмӣ гуфтанд. Ёқуб Ҳалимов мегӯяд, ҳар дафъа, ҳангоми ҷанҷол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ҷомеа аз мушкили дарёфти иттилоъ шикоят мекунад. Ҳол онки, ба гуфтаи ӯ, хабарнигорон дар фаъолияти худ ҳамарӯза ба ин мушкил дучор мешаванд.
“Дар бештаре аз кишварҳои дунё дастрасӣ ба махзан ё реестри шахсони ҳуқуқӣ осон аст, ба ҷуз аз Тоҷикистон. Номи шахсони ҳуқуқие, ки то соли 2018 сабт шудаанд, дастрас аст, вале баъди ин дар бораи шахсони ҳуқуқӣ наметавонем маълумот ёбем. Дар бораи дастрасӣ ба тендер ё харидҳои давлатӣ иттилоъ надорем. Маблағҳои давлатӣ куҷо мешаванд? Ба ниҳодҳои давлатӣ ва порлумон дастрасӣ надорем,” – таъкид кард хабарнигори тоҷик.
Намояндагони мақомот ба нишасти бахшида ба рӯзи озодии баён омаданд, вале то охир наистоданд, ки ба ин нигарониҳо посух диҳанд. Муҷиба Ҷавҳарӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон, танҳо гуфт, «ҳама заминаҳои ҳуқуқӣ барои фаъолияти озоди расонаҳо дар кишвар фароҳаманд.» Хонум Ҷавҳарӣ ҳамчунин ситоиш кард, ки «71 дарсади расонаҳо дар кишвар ғайридавлатиянд.»
Видеоро дар инҷо бинед:
Оё вазъи озодии баён дар Тоҷикистон беҳтар шуд?
Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар радабандии нави озодии матбуот даҳ зина беҳтар шуда, он аз ҷойи 162 ба 152 баромад. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз номи Тоҷикистонро аз рӯйхати кишварҳои мавриди нигаронии ҷиддӣ берун карда, дар қатори кишварҳои вазъашон душвор ҷой дод. Аммо рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ба ин баҳогузорӣ розӣ нестанд.
Умед Бобохонов, муассис ва сардабири «Азия-Плюс», рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як соли ахир вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ҳеч тағйир накард. “Вақте бо ҳамкоронам дар ин масъала суҳбат мекардем, онҳо ҳам нафаҳмиданд, ки чӣ сабаб буд, Тоҷикистон дар ин рӯйхат 10 зина боло рафт. Баръакс, боз бо ҳодисаҳои ахир дар ҷаҳон ва ҷумҳурӣ маҳдудиятҳои нав пайдо шуданд ва кор кардан душвортар шудааст,” – афзуд ӯ.
Солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён танқид мекунанд. Мақомот, баръакс, бовар доранд, ки даҳҳо рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радио фаъоланду касе монеи сухани ҳақ нест. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, аз сатҳи озодии матбуот дар кишвар розӣ нестанд.