Раҳбари Паймони миллӣ ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкили "ҷиноҳи низомӣ"-и мухолифинро "як раванди табиӣ" дониста, иддао кардааст, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон оппозитсияи бесилоҳро писанд намекунад.
Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 9-уми май ба расонаҳои наздик ба мухолифин гуфтааст, "то чанд сол пеш истифодаи қувва ва силоҳ аз ҷониби аксарияти нерӯҳои сиёсии тоҷик, аз ҷумла ҲНИТ, дар Тоҷикистон рад мешуд, вале баъд аз ҳодисаҳои Украина ҷаҳон тағйир кард…"
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз вокуниш накардаанд, вале дар гузашта намояндагони ҳизби наҳзати исломиро ба терроризму нигоҳдории силоҳ ва кӯшиши ғасби қудрат муттаҳам намудаанд.
Ин мавзуъ пас аз он доғ шуд, ки чанде қабл Андрей Серенко, таҳлилгари низомии рус, дар Телеграм аз таъсиси "ҷиноҳи низомӣ"-и мухолифини тоҷик хабар дод. Дар шароити кунунӣ таъсиси "ҷиноҳи низомӣ" то куҷо мантиқӣ аст ва оё ин амал Тоҷикистонро ба як ҷанги шаҳрвандии дигар тела намедиҳад? Радиои Озодӣ посухи ин ва суолҳои дигарро рӯзи 10-уми май аз Муҳиддин Кабирӣ пурсид.
Радиои Озодӣ: Як рӯз пеш дар суҳбатҳои худ бо расонаҳои наздик ба мухолифин гуфтед, ки "... чаро дигарон аз силоҳ барои расидан ба озодӣ истифода баранду тоҷик ҳаққи истифодаи онро надошта бошад?" Манзуратон чист?
Муҳиддин Кабирӣ: "Мунзури мо ин аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ин солҳо муборизаи сиёсии худ, ҳадди ақал баъд аз имзои созишномаи сулҳ, тамоми талоши худро кард, ки миллат бори дигар ба силоҳ барнагардад; муборизаи сиёсӣ дар чаҳорчӯби қонун ва роҳҳои мусолиматомез идома пайдо кунад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ҳамзамон бо ин талошҳои оппозистсия ва мардум тамоми корҳоро кард, ки роҳҳои мусолиматомези муборизаро бандад. Аз тариқи интихобот ҳеч натиҷа ба даст наомад. Зулму шиканҷа, саркӯбгарӣ ва аз саҳна дур кардани нерӯҳои оппозитсия сол ба сол сахттару бадтар шудан гирифт. Ва ин дар маҷмуъ натанҳо оппозитсияро, балки миллатро ба ин натиҷа расонд, ки ҳукумате ба мисли ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи мусолиматомез мубориза бурдан ҳеч фоида надорад. Пас аз ҳодисаҳои Афғонистон ва ҷанги Украина ин ҳарф ва ин далелҳо қавитар шуданд, ки чаро тамоми дунё метавонад, тамоми миллатҳо барои расидан ба озодӣ ва ҳадафҳои худ аз силоҳ истифода баранд, магар миллати тоҷик. Зеҳни моро ба самте бурдаанд, ки Шумо ҳама зулму шиканҷаро таҳаммул кунед, аммо ҳеч вақт дар бораи муборизаҳои мусаллаҳона фикр накунед. Ин мавзӯи табу ё “ҳаром” барои миллати тоҷик ба шумор меравад.”
Радиои Озодӣ: Дар суҳбатҳои худ иддао кардаед, ки “чаро истифодаи силоҳу нерӯ танҳо дар ихтиёри як тараф, яъне режими диктатории Раҳмон бошад, ки ӯ ҳар вақте бихоҳад ва чӣ хеле бихоҳад аз нерӯ истифода барад, аммо миллат дар муқобили ӯ халъи силоҳ шуда бошад ва нотавону ночиз бошад?” Режими Раҳмон як ҳукумати қонунист, ки бояд нерӯи мусаллаҳ дошта бошад. Тарафи дигар дар асоси кадом асли ҳуқуқӣ ва қонунӣ мусаллаҳ мешавад ва оё ин амалан эълони ҷанг нест? Ва ҳам тасдиқи қарори додгоҳи Тоҷикистон, ки Паймони миллиро экстремистӣ ва террористӣ меномад?
Муҳиддин Кабирӣ: “На, аслан ин эълони ҷанг нест. Паймони миллӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои шомили он, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломӣ, бар ин эътиқод доранд, ки авлавият ба муборизаи мусолиматомез ва бидуни хушунат дода шавад. Ин мавқеи принсипиалии мост. То ҷое имкон дорад, мо дар ин мавқеъ хоҳем истод. Дар як ҳукумат ё дар як кишваре ки воқеан демократӣ аст ва қонун риоя мешавад, пеш аз ҳама аз тарафи ҳукумат, бояд як тараф силоҳ дошта бошад. Он ҳам ҳукумат, вале бар асос истифода барад. Аммо дар кишваре, ки қонун вуҷуд надорад ва як гуруҳи мусаллаҳе, ки кишварро ба таври мафиозӣ идора мекунаду тамоми қудрати сиёсиву иқтисодиро дар даст дорад, ҳар вақте бихоҳад муайян мекунад, ки ба зидди кӣ ва кай силоҳро истифода барад. Вақте ба зидди ҳамсоя истифода набаранд, барои ҳимояи марзу бум истифода набаранд, силоҳ фақат барои саркӯб кардани миллат истифода мешавад. Дар он сурат миллати тоҷик ҳам ҳақ пайдо мекунад, ки мисли ҳама миллатҳои дунё биояд ва аз худу кароматаш ва шарофаташ аз тариқи силоҳ ҳимоят кунад. То он рӯзе, ки зарурат ба силоҳ ҳаст. Ҳамон рӯзе ки дигар зарурат ба силоҳ намонад, мутмаин бошед, миллати тоҷик ҳеч гоҳ даст ба силоҳ нахоҳад зад.”
Навори суҳбатро дар инҷо бинед:
Радиои Озодӣ: Пеш аз он ки Андрей Серенко дар робита ба ҷиноҳи низомӣ бинависад, оё дар миёни ҳайатҳои мухолифин чунин ҳарфҳо мерафт, ки фаъолияти мусаллаҳона кунанд?
Муҳиддин Кабирӣ: “На дар байни раҳбарияти оппозитсия ва доираҳои сиёсӣ ин гуна суҳбатҳо ва ин гуна барнома барои ташкили як ҷиноҳи низомӣ набуд ва ҳанӯз зарурат ба он ҳадде нарасидааст, ки мо дар ин бора баҳс кунем ва тасмим гирем. Аммо дар байни доираҳои поинтари оппозитсия, байни мардум ва бахусус ҷавонҳое, ки рӯз ба рӯз аз амалкардҳои ҳукумат ва аз равишҳои муътадилу мусолиматомези оппозитсия нороҳату норозӣ мешаванд, ин гуфтугӯ оғоз шуда буд. Ин хабар ва таҳлилҳо ба мо мерасид. Ҳамин аст, ки вақте хабар дар бораи таъсиси як ҷиноҳи низомӣ пайдо шуд, хеле табиӣ қабул кардам. Барои онки аз қабл ингуна назарҳо дар байни ҷомеа вуҷуд дошт.”
Радиои Озодӣ: Яъне, фикр мекунед, ташкили як нерӯи мусаллаҳ имкон дорад?
Муҳиддин Кабирӣ: “Ҳукумати Тоҷикистон тамоми корҳоро кард, то ин нерӯ ба вуҷуд биояд. Шумо аз як миллат чӣ мехоҳед, вақте саркӯб шавад ва занҳояш ҳатто зиндонӣ шаванд. Ними миллат муҳоҷир. Оппозитсия вуҷуд надошта бошад. Як хонавода тамоми кишвар ва миллатро ғасб кунад, Шумо аз ин миллат чӣ интизорӣ доред, ки боз сабр кунад ва бигӯяд, бо роҳи мусолиматомез ва бе хушунат муборизаро давом медиҳем? Дар сурате ки худи миллат мебинад, ин натиҷа нахоҳад дод. Муборизаи мусолиматомези ҳизби наҳзати исломӣ, сотсиал-демократ, Тоҷикистони нав ва тамоми гуруҳҳо чӣ натиҷа дод, ки имрӯз миллатро мутақоид кунем, рӯ ба силоҳ наорад ва роҳи ягона муборизаи мусолиматомез аст. Ҳукумати Тоҷикистон тамоми корро кард, то миллат ба ин натиҷа бирасад. Миллат дигар он миллати пешина нест. Бо миллат бозӣ карда намешавад. Ва агар миллат ин силоҳро ҳам бигирад, танҳо барои дифоъ аз муборизаи мусолиматомези худ мегирад. То вақте ки ҳукумат даст ба ягон ҷиноят назанад. Агар ҳукумат ҷиноят кард, тамоми масъулият ба дӯшаш хоҳад буд.”
Радиои Озодӣ: Шумо ва раҳбарони аксар нерӯҳои мухолифин дар хориҷ ҳастед. Чӣ гуна метавонед, фаъолияти ин ҷиноҳро ба роҳ монед?
Муҳиддин Кабирӣ: “На, мо ба ҳеч ваҷҳ ин гуруҳро ба роҳ намеандозем, ба роҳ андохтанӣ нестем. Мо дар хориҷ ва дар Аврупо қарор дорем. Вақте оппозитсияи тоҷик мегӯем, манзур танҳо Паймони миллӣ нест. Аксар нерӯҳое, ки имрӯз омодаанд алайҳи низоми золим мубориза баранд, хориҷ аз Паймони миллӣ ҳастанд, дар худи кишвар, дар минтақа ҳастанд. Бинобар ин, хоҳиш мекунам, Паймони миллӣ ва нерӯҳои дигар омехта нашаванд.”
Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки пас аз ин суҳбатҳо тарафдоронатон дар дохил таъқиб мешаванд?
Муҳиддин Кабирӣ: “Онҳо бе ин ҳам мавриди таъқиб ҳастанд. Масалан, хонаводаи устод Нурӣ. Аслан аз сиёсат канор рафта буданд ва баръакс бо баъзе суҳбатҳо аз ҳукумат тарафдорӣ мекарданд, болои сари онҳо чӣ мусибат омад. Шумо ягон нафари фаъолро дар дохили кишвар медонед, ки худро ҳамчун инсони озод эҳсос кунад ва дар амн бошад? Ман фикр мекунам, тарафдорони мо зери шиканҷаву фишор буданд ва дар оянда хоҳанд буд. Мо агар гӯем, ки дар натиҷаи муборизаи мо ҳеч кас дар дохилу хориҷ зери фишор қарор нагирад, пас, ҳеч гоҳ миллати тоҷик ба озодӣ нахоҳад расид.”
Радиои Озодӣ: Пас, чӣ пешниҳод доред, ки ҳам силоҳ ба даст гирифта нашавад ва ҳам масъалаҳо ба таври мусолиматомез ҳал шаванд?
Муҳиддин Кабирӣ: “Мо пешниҳодҳои худро дар шакли барномаи Паймони миллии Тоҷикистон дар ҳадди бештар аз 70 саҳифа нашр кардем. Дар он гуфта шудааст, ки ин ҳокимият аз қудрат биравад, ислоҳоти сохторӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад. Муҳоҷирин ба кишвар баргарданд. Дар як интихоботи озод бо ширкати ҳама нерӯҳои сиёсӣ миллат битавонад ҳукумати худро интихоб кунад ва ояндаи кишварро бисозад. Бо он равише, ки ҳукумат имрӯз идома дода истодааст, роҳе ҷуз ин надорем, ки боз як бархӯрди дигар дар Тоҷикистон сурат бигирад, ҳамон тавр ки дар кишварҳои дигар сурат мегирад.”