Ҳамасола 12-уми май ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҳамшираҳои тиб ё парасторон гиромӣ дошта мешавад. Тоҷикистон ин санаро дар ҳоле таҷлил мекунад, ки солҳои ахир хиҷрати кормандони соҳаи беҳдоштӣ бештар мешавад ва кишвар дар маҷмӯъ ба ҳазорҳо пизишку парастор ниёз дорад.
Сайёра Шарифова ҳамшираи тиббӣ ва ё парастор аст. Дар бемористони “Истиқлол” кор мекунад ва мегӯяд, аз интихоби касб розӣ аст. Сайёра аз бемороне муроқибат мекунад, ки баъд аз ҷарроҳӣ, бистарӣ мешаванд. Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ масъулияти парасторро дар нигоҳубин ва муносибат бо беморон бисёр муҳим медонад: “Ғайр аз табиб, фикр мекунам 80 дарсади корро ҳамшира анҷом медиҳад. Табиб ташхисро муайян карда, табобат мефармояд, боқӣ ҳамшира бо бемор кор карда, ӯро табобат мекунад.”
Мисли Сайёра Шарифова дар бемористонҳои Тоҷикистон ҳудуди 8 ҳазор парастор кор мекунанд. Аз рӯйи меъёрҳои ҷаҳонӣ вобаста ба шумори аҳолӣ, дар Тоҷикистон бояд ба ҳар 750 нафар як парастор хизмат расонад. Аммо ба ҳисоби мақомот, ҳоло Тоҷикистон ба нуҳӯним миллион аҳолӣ тахминан 8 ҳазор парастор хизмат мерасонанд. Ҳамин тавр кишвар ба ҳудуди 4 ҳазор парастори дигар ниёз дорад.
Фирдавс Рауфов, муовини директори маркази ҷумҳуриявии таълими клиникии кори ҳамширагӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан камбуди кормандони миёнаи беҳдоштӣ дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон мушоҳида мешавад, вале мақомот талош доранд, вобаста ба имконият ин мушкилро ҳал кунанд. Мутахассис сабаби асосии ин мушкилро дар он мебинад, ки қисмати бештари кадрҳои тиббие, ки омода карда мешаванд, ба ноҳияи худ, ба муасисаҳои мавҷуд, ба нуқтаҳои фелдшериву момодоягӣ ва амбулаторияҳо деҳот барнамегарданд.
Мераванд, аммо на зиёд?
Норасоии кормандони тиб, аз ҷумла ҳамшираҳои шафқат дар ҳолест, ки ҳамарӯза хабарҳо аз ҳиҷрати пизишкони касбӣ ба хориҷ аз кишвар нашр мешаванд. Аммо Фирдавс Рауфов мегуяд қувваи бузургӣ хизматрасонӣ дар соҳаи беҳдоштиро кормандони миёнаи тиб ташкил медиҳанд ва ба боварӣ ӯ ҳиҷрати кормандони ин соҳа ба ҳамшираҳои шафқат рабт намегирад: «Агар дар мавриди сайлонияти кадрӣ гуем, имруз ин чиз дар миёни кормандони миёнаи тиббӣ ба назар намерасад. Мо дар замони пандемияи коронавирус шоҳиди он будем, ки дар ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ, дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ кифоя буд.»
Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 79 ҳазор нафар фаъолият дорад. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ дар моҳи декабри соли 2021 гуфт, дар 30 соли ахир дар кишвар 187 000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ омода карда шудаанд. Аммо аввалин ҳамин сол мақомоти ноҳияи Шаҳринав гуфтанд, 45 пизишку парастор кор дар шифохонаҳои ноҳияро бас карда, аксарият ба Русия рафтаанд.
Мақомот аз ноҳияи Қубодиён ҳам аз рафтани 40 корманди соҳаи тиб аз ду муассисаи тиббӣ, хабар додаанд. Дар умум дар Вилояти Хатлон беш аз 80 табибу парастор тарки касб карда ба муҳоҷират рафтаанд. Омори умумии пизишконе, ки дар Тоҷикистон тарки кору ватан кардаанд маълум нест. Аммо ба гуфтаи коршиносон ин шумора хеле бештар аз он аст, ки гуфта мешавад.
Дастури президент барои рафъи камбудӣ
Тарки пизишкон аз кишвар дар ҳолест, ки дар худи Тоҷикистон дар аксар минтақаҳо норасоии пизишкон эҳсос мешавад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар панҷ соли оянда омӯзишгоҳу донишгоҳҳои тиббии кишварро беш аз 60 ҳазор нафар бо ихтисоси тиббӣ хатм мекунанд ва масъулини соҳаро мувааззаф кард, ки камбуди норасоии кормандони тиббро дар ду соли баъдӣ бартараф намоянд.
Аммо ба гуфтаи коршиносон то замоне, ки барои пизишкон маошу шароити хуб фароҳам нашавад, нигоҳ доштани онҳо дар кишвар кори осон нахоҳад буд. Маҳина Давлатова баъди хатми донишгоҳ ва гирифтани ихтисоси аввал, ба коллеҷи тиббӣ дохил шуд ва ҳашт сол ба ҳайси ҳамшираи тиб дар бемористон кор кард. Аммо баъд аз рухсатии нигоҳубини кӯдак дигар ба кораш идома надод.
Вай гуфт: “Агар як сабаби барнагаштанам ба кор ин набуди одами боваринок барои нигоҳубини кӯдакам буд, сабаби дигар кам будани маош аст. Ман ду маълумот дорам, барои ҳамин тасмим гирифтам, ки аз рӯи маълумоти аввал кор кунам. Ҳамеша фикрам ҳамин буд, ки чӣ гуна ба маоши ҳамширагӣ рӯзамро гузаронам».
Маҳина мегӯяд, талош дорад, такмили ихтисос кунад ва барои идомаи кор, ба хориҷ аз кишвар биравад, то тавонад зиндагии беҳтареро барои худ фароҳам созад. Дар Тоҷикистон, табибон вобаста ба дараҷаи тахассус маош мегиранд ва музди кори ҳамшираҳои шафқат аз 600 то 1000 сомонӣ гуфта мешавад. Бо ҳамин сабаб, бештари духтуроне мисли Маҳина Давлатова мехоҳанд, таҷрибаи лозим бигиранд ва маҷбур кишварро ба қасди зиндагии беҳтар тарк кунанд, ва бештар ба Русия бираванд.
Соли 2020 замони авҷи пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар як гузориш эълон кард, ҷаҳон ба ҳудуди 6 миллион парастор ниёз дорад. Созмони ҷаҳонӣ гуфт, феълан дар саросари ҷаҳон 28 миллион нафар парастор ба мардум хизмат мерасонанд. Бар тибқи ин гузориш, аз соли 2013 то 2016 теъдоди онҳо 4,7 миллион зиёд шудааст, вале нарасоии ҳамшираҳои шафқат ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст. 89 дарсади норасоии ин гуруҳи кормандони тибб дар кишварҳои камбизоат мушоҳида шудааст.