Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба қадри кофӣ орду гандум дорад? Мақомот "сирри давлатӣ" гуфтанд. ВИДЕО


Орд яке аз маҳсулоти асосӣ барои тоҷикон аст
Орд яке аз маҳсулоти асосӣ барои тоҷикон аст
Дар ҳоле ки афзоиши нархи орд дар Тоҷикистон идома дораду баъзе аз кишварҳо, бавижа Русияву Қазоқистон, содироти гандумро маҳдуд кардаанд, мардум нигаронанд, ки дар ояндаи наздик вазъ чӣ хоҳад шуд. Дар Вазорати кишоварзӣ гуфтанд, барномаи хоси зиддибуҳронӣ надоранд. Баъзе идораҳо захираи орду гандумро дар кишвар “сир” донистанд. Нархи орд дар се ҳафтаи охир ба 380 сомонӣ баробар шуд.

“Мехоҳанд, вале замин надоранд”

Фаррухиддин Набизода, сардори раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар сол майдони киштро васеъ мекунанд, аммо таъмини аҳолӣ бо орду гандуми худӣ имконпазир нест. Ба қавли ӯ, талаботи солонаи сокинон ба орд тақрибан якуним миллион тонна аст ва барои истеҳсоли ин миқдор ғалла замини кишт надоранд.

Созмони Милал дар гузорише рӯзи 25-уми май гуфт, дар Тоҷикистон ҳар сол беш аз 850 ҳазор тонна ғалладона ҷамъ меоранд. “Соли 2021 пешбинӣ мешуд, ки 1,4 милилон тонна ғалладона ҷамъоварӣ бишавад, даҳ дарсад бештар аз соли 2020. Дар он сол ба шарофати ҳавои мусоид ва афзоиши кишт истеҳсол дар муқоиса ба панҷ соли гузашта ба ҳисоби миёна чор дарсад зиёд буд,” – навиштаанд муаллифони гузориш.

Мазореи гандум
Мазореи гандум

Намояндаи Вазорати кишоварзӣ тасдиқ кард, ки соли гузашта дар 394 ҳазор гектар ғалладона киштанд ва 900 ҳазор тонна гандум гирифтанд. Ба қавли Фаррухиддин Набизода, "қисмеро барои захираи кишт, яъне тухмӣ истифода мебаранд, қариб 55 ҳазор тонна. Қисми дигар барои истеъмоли паррандаву ҳайвонот, қисми дигар барои корхонаҳои макаронбарорӣ ва боқимонда барои истеҳсоли орд истифода мешавад."

Ин намояндаи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфт, ҳангоми нақшарезии соли 2023 пешгирӣ аз гаронии нархи орд, аз ҷумла бештар кардани майдонҳои кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокиро ба назар мегиранд, вале барномаи зиддибуҳронии хосе надоранд.

Ноумедии Нурмуҳаммад аз чист?

Вазорати кишоварзӣ як роҳи таъмини аҳолиро ба орд бештар намудани ҳосилнокии замин медонад. Нурмаҳмад Эргашев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар якуним гектар гандум киштааст, ба гирифтани ҳосили хуб чандон бовар надорад. Мегӯяд, баръакси солҳои пеш имсол танҳо як бор нурии минералӣ пошидааст.

"Тирамоҳи гузашта ба 275 сомонӣ як халта "мочевина" харидем. Имсол 475 сомонӣ шудааст, 200 сомонӣ зиёдтар. Мушкил аст. Деҳқон дигар доруҳои заруриро ба замин дода наметавонад. Ҳосил ҳам кам мешавад," – гуфт ӯ.

Нурмуҳаммад Эргашев афзуд, ҳосили имсолаашро дар осиёбҳои маҳаллӣ орд карда, танҳо ба истифодаи хонавода сарф хоҳад кард.

Видеоро дар инҷо бинед:

Тоҷикистон ба қадри кофӣ орду гандум дорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00

Ба ҷуз аз мушкили дастрасӣ ба нуриҳои минералӣ, гаронии сӯзишворӣ, обёрии заминҳо, пардохти молиёт ё андоз аз монеаҳои дигари кори деҳқонҳо гуфта мешавад. Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, ҳоло мизони дарёфти ҳосили гандум аз ҳар гектар то 40 сентнер аст. Баъзе мутахассисон мегӯянд, дар заминҳои Тоҷикистон имкони то 70-80 сентнер рӯёндани ҳосили гандум вуҷуд дорад.

Вақте Қазоқистон гандум намедиҳад ё гарон мефурӯшад…

Корхонаҳои коркарди орд дар Тоҷикистон асосан аз гандуми воридотии Қазоқистон истифода мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, солона ба Тоҷикистон наздик ба як миллион тонна гандум ворид мешавад, ки беш аз 99 дарсади он ба Қазоқистон рост меояд. Чунин пойбандӣ яке аз сабабҳои боло рафтани нархи орду ғалла номида мешавад.

Созмони Милал рӯзи 25-уми май дар гузорише навишт, «соли 2021-2022 дар умум воридоти 1,35 миллион тонна ғалладона ба Тоҷикистон пешбинӣ мешуд, аз ҷумла 1,19 миллион тона гандум ва 148 ҳазор тонна лубиё, биринҷа ва донагиҳои дигар.”

Тағойбек Раҷабов, корманди Корхонаи коркарди орди шаҳри Душанбе, мегӯяд, афзоиши нархи гандум дар Қазоқистон ва маҳдуд шудани содироти он ба корашон бетаъсир намонд. "Соли гузашта як тонна гандумро ба 310 доллар мехаридем, аллакай 50 доллар барои як тонна гарон шудааст," -- гуфт ӯ.

Корхонаи орди Душанбе акнун барои харидан ва захира кардани гандум ба сармояи бештар ниёз дорад. Он дар як шабонарӯз метавонад, 400 тонна орд барорад, вале ба сабаби камии нерӯи кор ва гандум ин тавоноиро истифода намекунад.

Афзоиши нархи гандум ва маҳдуд шудани содироти он дар Русия ва Қазоқистон масъулони баъзе корхонаҳои ватаниро дар мавриди захираи ашёи хому идомаи корашон дар ташвиш гузоштааст.

«Сирри давлатӣ» ва пешниҳоди коршиносон

Мақомот дар бораи захираҳои орду гандум маълумот намедиҳанд. Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон дар посух ба номаи Радиои Озодӣ дар мавриди захираҳои орду гандум онро «сирри давлатӣ» донист. Дар ин ниҳод касе ҳозир нашуд, дар рӯ ба руи дурбини Радиои Озодӣ мавзуъро шарҳ диҳад.

Иқтисоддонҳо ба ин назаранд, ки дар шароити ҳозира бояд кишоварзон аз дастгириву ёриҳои давлатӣ бештар баҳравар шаванд, то пойбандӣ аз орду гандуми воридотӣ камтар гардад. Аброр Мирсаидов, доктори илми иқтисод, рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "барои пешгирӣ аз буҳрони ғалладона минбаъд майдонҳои кишти гандум бояд васеъ карда шаванд."

Аброр Мирсаидов
Аброр Мирсаидов

"Имрӯз ҷаҳон дар буҳрон қарор дорад ва таъсири буҳронҳо даҳсолаҳо давом хоҳад кард. Нархи сӯзишвории дизелӣ боло аст ва ба кишоварзон вазнинӣ меорад. Бинобар ин, бояд кумаку субсидияҳои давлатӣ ба соҳаи ғаллакорӣ ташкил карда шавад," – афзуд ӯ.

Мирсаидов таъкид намуд, дар шароити иқтисоди бозоргонӣ деҳқонҳо ба истеҳсоли маҳсулоте рӯ меоранд, ки фоидааш бештар аст ва ба назари ӯ «ҳоло кишоварзон барои коридани гандум чандон ҳавасманд нестанд.»

Ба гуфтаи коршиносон, набудани стртегияи давлатӣ, маҳдудият дар кишти гандуми маҳаллӣ ва пойбандии бозори дохилӣ аз гандуми воридотӣ сабаби осебпазирии аҳолӣ аз ҷаҳиши нархи он мешавад. Чизе, ки хӯроки асосии мардуми Тоҷикистон аст ва дастурхони ҳар оиларо бе он тасаввур кардан имкон надорад.

XS
SM
MD
LG