Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тағйире нест, ҳамаашон якхелаанд." Дилсардии сокинони Узбекистон аз "нақша"-и Мирзиёев


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Дар Узбекистон, ҳамсояи Тоҷикистон, ба ислоҳи Қонуни асосии он кишвар остин барзадаанд. Дар ҳоле ки президент Шавкат Мирзиёев раъйпурсиро "тақозои замон" ва барои беҳбуди зиндагии сокинон тавсиф кард, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшише барои дар қудрат мондани худи ӯ донистанд.

Нигаронии мардум бесабаб нест. Пештар муовини раиси Сенати Узбекистон Содиқ Сафоев дар суҳбат бо расонаҳои Узбекистон гуфт, тағйирот ба Конститутсияи он кишвар давраҳои президентии Мирзиёевро ба "сифр" баробар хоҳад кард ва ӯ ҳақ дорад, дар интихоботҳои оянда ширкат кунад. Конститутсияи ҳозираи ин кишвари сераҳолитарини Осиёи Марказӣ иҷозат намедиҳад, ки як шахс беш аз ду давра президент интихоб шавад.

Шавкат Мирзиёев соли 2016 ва пас аз марги Ислом Каримов ба қудрат расид ва аз он замон то ҳоло ду дафъа дар интихоботи президентии он кишвар иштирок кардаву баранда эълон шудааст. Баъзе аз фаъолон ва созмонҳои байнулмилалӣ ҳақиқӣ будани натиҷаҳои интихоботро зери шубҳа гузоштанд.

"Ниқобҳо бардошта ва қартаҳо кушода шуданд! Акнун метавонед, бепарда сухан гӯед," – навиштааст як корбари шабакаҳои иҷтимоӣ. "Тағйире нест, ҳамаашон якхелаанд," – гуфтааст корбари дигаре бо номи Фаридҷон Авазов.

"Шавкат Мирзиёев ба сари қудрат омад ва корҳои хубе кард. Мардум ҳамашро мебинад. Барои ин, ба Шумо ташаккури зиёд. Аммо ин ҳақ намедиҳад, ки ӯ бештар аз ду давра интихоб шавад. Ҳама бояд ба қонун итоат кунанд," – бовар дорад Бахтиёр Азизов.

"Умеди ман дар мавриди онки кишвари мо боз ҳам озодтар, бойтар ва ободтар мешавад, мурд," – навиштааст муаллифи канали “Мирэкономика” дар Telegram.

Ҳамзамон корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тавсияҳои худро барои ислоҳоти сиёсӣ дар Узбекистон дар миён гузоштаанд. Корбаре бо номи Дилмурод Абдураҳмонов навиштааст, "президент бояд ба ҷояш шогирди боварбахши худро гузорад. Худаш ҳамчун сарвазир ин равандро назорат кунад."

"Мо бояд бовар ҳосил кунем, ки президентҳо дар Узбекистон барои як умр интихоб мешаванд. Ин барои он зарур аст, ки ҳар панҷ сол хароҷоти иловагӣ нашавад," -- навиштааст корбари дигари шабакаҳои иҷтимоӣ Камолиддин Аҳмадов.

"Агар ҳукумати имрӯза давлатро хуб идора мекард, 7-8 миллион узбек берун аз кишвар овора намешуд, бекориву ришвахорӣ, нархҳои баланд намебуд. 70-80 дарсади мардуми Узбекистон амалан гуруснагӣ мекашанд," – навиштааст корбари шабакаҳои иҷтимоӣ Бек Бек.

Фарҳод Зоҳидов, ки аз идеяи ивази қудрат дар Узбекистон пуштибонӣ мекунад, навиштааст, "президенти нав беҳтар аз президенти пешин хоҳад буд."

Ҳамзамон дар бахши узбекии шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаҳои зиёде ба ҷонибдорӣ аз "сифр" шудани давраи раёсати ҷумҳурии Шавкат Мирзияев низ ба чашм мерасад. "Худоро шукр, мо бад зиндагӣ намекунем. Магар ободии маҳаллаҳо, озодона сухан гуфтан, бе мушкил аз банкоматҳо гирифтани суму доллар, муносибати нотарсона бо пулис магар тағйирот ба ҳисоб намеравад?" – пурсидааст як корбар.

Конститутсияи Узбекистон 8-уми декабри соли 1992 қабул ва то кунун ба он 16 тағйирот ворид шудааст. Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев низ ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид карданд. Аз ҷумла, соли 2017 барои таҷдиди низоми додгоҳӣ ва соли 2019 барои "демократисозии ҳукумат ва ҳисоботдиҳанда будани он".

Дар умум, Қонуни асосии кишварҳои Осиёи Марказиро вобаста ба синну сол ё ивазшавии президентҳо зуд-зуд ислоҳ мекунанд. Дар Тоҷикистон се дафъа Конститутсияро иваз кардаанд ва ҳар дафъа он ба идомаи қудрати раисиҷумҳури ҳозира ва дахлнопазирии моликияту хонаводааш мадад кардааст.

Аз соли 1994 то кунун дар Осиёи Марказӣ дар умум 18 раъйпурсӣ (референдум) барои ислоҳи Қонуни асосии кишварҳои минтақа баргузор шудааст. Рефендуми охирин 5-уми июн дар Қазоқистон гузашт.

Аз матлаби бахши узбекии Радиои Озодӣ истифода шуд

XS
SM
MD
LG