Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги ду марди бесарпаноҳ дар як ҳафта дар Суғд. ВИДЕО


Радиои Озодӣ моҳи октябри соли 2021 дар бораи Бахтиёр Тоҳиров гузориш дод
Радиои Озодӣ моҳи октябри соли 2021 дар бораи Бахтиёр Тоҳиров гузориш дод

Дар як ҳафтаи охир дар шаҳри Хуҷанд ва Гулистон ду марди бесарпаноҳ дар кӯча ва бекасу кӯй даргузаштаанд. Яке аз онҳо 44-сола ва дигаре 26-сола аст. Фавти онҳоро намунае аз тақдири бади афроди оворагард дар Тоҷикистон медонанд, ки теъдодашон ба тадриҷ зиёд мешавад. Ба иттилои созмонҳои иҷтимоӣ, дар вилояти Суғд қариб 500 бесарпаноҳ зиндагӣ мекунанд.

"Танҳо дар як ҳафта ду нафари онҳо дар кӯча фавтиданд. Яке Бахтиёр Тоҳиров, дигаре Олег. Мушкилашон ин буд, ки зиёд арақ менӯшиданд. Бояд инҳоро табобат кард ва ба зиндагии муқаррарӣ баргардонд," – гуфт Баҳрӣ Абдураҳмонова, мудири созмони "Диёр" рӯзи 12-уми июл.

Бахтиёр Тоҳиров
Бахтиёр Тоҳиров

Бахтиёр Тоҳиров моҳи октябри соли 2021 дар суҳбати видеоӣ ба Радиои Озодӣ иддао карда буд, ки ҳашт сол пеш дар ҷустуҷӯйи кори беҳтар ба маркази вилояти Суғд омад ва дар инҷо монд. Мегуфт, ҳамсару се кӯдак дорад, аммо барои хӯрондану пӯшондани онҳо имкон надорад.

Баъди он корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва муҳоҷирон ба ёриаш шитофтанду манзили иҷора гирифтанд, аммо дертар хабар доданд, ки ӯ дубора ба зиндагӣ дар кӯча баргаштааст.

Баҳрӣ Абдураҳмонова
Баҳрӣ Абдураҳмонова

"Ҷигари Бахтиёр Тоҳиров дардманд буд. Чанд рӯзи охир ҳарорат дошт ва роҳ гашта наметавонист. "Ёрии таъҷилӣ"-ро даъват кардем, вале наҷот дода натавонистанд. Ба сардхона бурданд ва баъди чанд рӯз дафн кардаанд," – нақл кард Баҳрӣ Абдураҳмонова.

Мақомот намегӯянд, ки барои ба зиндагии маъмулӣ баргардондани ин афрод чӣ барнома доранд. Коршиносон мегӯянд, яке аз мушкили бунёдии бесарпаноҳон надоштани ҳуҷҷат аст. Ҳоло намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ талош доранд, ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Бахтиёри бекасу кӯй дар Хуҷанд ҷон дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Созмони "Диёр" дар Хуҷанд дар охири моҳи сентябри соли 2021 бо мадади Бунёди Нотабене ва ихтиёриён шахсони бесарпаноҳро дар Суғд муайян кард ва дар миёни онҳо пурсиш гузаронд.

Таҳқиқ маълум кардааст, ки дар вилояти Суғд қариб 500 бесарпаноҳ зиндагӣ мекунанд. Муаллифон мегӯянд, дар ду сол танҳо дар Хуҷанд 30 шахси бехонумон дар кӯчаву гаражҳо ва ҷойҳои дигар фавтидаанд. Синни миёнаи онҳо 35 аст.

Ба маълумоти Маркази ташхиси тиббиву додгоҳии вилояти Суғд, дар нимаи аввали соли 2021 аз ҳисоби пули давлат дувоздаҳ бесарпаноҳро дафн кардаанд.

XS
SM
MD
LG