Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик аз будан дар Бритониё хушҳоланд, аз музди корашон не


Коргарон аз Осиёи Марказӣ аз музди кам нохурсанданд.
Коргарон аз Осиёи Марказӣ аз музди кам нохурсанданд.

Ҳазорон муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, ки барои корҳои мавсимӣ ба Бритониё рафтаанд, мегӯянд, аз ҳузур дар инҷо хушҳоланд, аммо на аз музди корашон, ки танҳо барои хароҷоти зиндагӣ кофист.

Бритониё, ки Иттиҳоди Аврупо берун омад ва нерӯи кории кофӣ барои арсаи кишоварзӣ надорад, бо як барномаи давлатӣ ба ҷалби коргарон аз Тоҷикистону дигар кишварҳои минтақа оғоз кард. Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, ки барои корҳои мавсимӣ ба киштзорҳои Бритониё ҷалб шудаанд, мегӯянд, аз омадан ба ин кишвар хушҳоланд, вале беҳтар буд, кору музди бештар медоштанд.

Азбаски Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд ва муҳтоҷи неруи корӣ гашт, бар асоси як барномаи ҳукуматӣ, ҳазорон муҳоҷири кориро аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон ба кишвар овард. Ҳукумати Бритониё гуфтааст, ки имсол ба 40 ҳазор муҳоҷири корӣ раводид медиҳад, то дар ҷамъоварии меваву сабзавот ба кишоварзон кумак кунанд. Соҳибони хоҷагиҳои кишоварзии Бритониё имсол гуфтаанд, ки агар неруи корӣ аз хориҷ наоранд, ҳосили меваву сабзавоташон дар киштзору боғҳо пӯсида нобуд хоҳад шуд.

Яке аз ин коргарон аз Тоҷикистон мегӯяд: “Кордиҳандаи мо дар Шотландия ба мо дар як ҳафта 30 соати корӣ медиҳад, ҳарчанд ширкати миёнарав ба мо қабл аз омадан ба Бритониё гуфта буд, ки дар як ҳафта 48 соат кор мекунем.” Ба қавли ӯ: “Пас аз гирифтани пули хобгоҳ, обу барқ, бимаи тиббӣ ва пули ғизо аз маоши ман ҳеч чизе боқӣ намемонад. Ман инҷо омадам, то пул кор карда ба хона барам, вале ингуна нашуд.”

Айни шикоятро коргарони дигаре аз Осиёи Марказӣ доранд, ки дар гӯшаҳои гуногуни Бритониё кор мекунанд. Яке аз ин коргарони 27-сола аз Узбекистон, ки дар шаҳри Милтони Кембриҷшейр кор мекунад, мегӯяд: “Хушбахтона имрӯзҳо мо кори зиёде дорем, вале ҳафтаҳои аввал кори зиёде набуд. Мо мехоҳем, бештар кор кунем, ки дар зарфи 6 моҳ барои аҳли оилаҳоямон пули кофӣ ҷамъ оварем ва қарзи харҷи роҳ ба Бритониёро баргардонем.”

Муҳоҷирон умдатан ба ҷамъоварии меваву сабзавот машғуланд.
Муҳоҷирон умдатан ба ҷамъоварии меваву сабзавот машғуланд.

Муҳоҷирони корӣ аз бими онки “дар бало намонанд”, аз гуфтани номашон ба Радиои Озодӣ худдорӣ карданд. Дар варақаи маоше, ки як коргар аз Милтон ба хабарнигори Радиои Озодӣ нишон дод, дида мешавад, ки ӯ дар як ҳафтаи моҳи август ва пас аз пардохти бимаи тиббӣ 380 доллар гирифтааст. Аз ин пул 72 долларашро барои ҷойи иқомат мегирифтаанд, ки як хуҷраи хурде дар дохили вагонест, ки соҳибони хоҷагиҳои кишоварзӣ фароҳам мекунанд.

Чанде аз коргарони аз Осиёи Марказӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пеш аз омадан ба Бритониё ба онҳо ваъда додаанд, ки дар як ҳафта 48 соат кор мекунанд ва барои ҳар соат андаке бештар аз 12 доллар мегиранд. Бар хилофи ин ваъда баъзе аз соҳибони хоҷагиҳои кишоварзӣ бо онҳо қарордодҳо бо соати камтар ва музди поёнтар бастаанд. Яке аз ин муҳоҷирон, ки моҳи май раводиди корӣ ба Бритониё гирифтааст мегӯяд, ки ба ӯ барои ҳар соат тақрибан 11 доллару 50 сент пардохт кардаанд, ки музди ҳадди аққал дар ин кишвар аст.

Бритониё чанде пеш музди коргарони мавсимиро ба ҳадди музди коргарони соҳибихтисос боло бурд. Бар асоси дастури ҳукумат, коргароне, ки пас аз рӯзи 6-уми апрел раводиди корӣ гирифтаанд, бояд барои ҳар соати корӣ 10.10 фунт ва ё андаке бештар аз 12 доллар бигиранд. “Фрутфул Ҷобс” яке аз ширкатҳои бузурги Бритониё, ки ба ҷалби хориҷиён ба кор машғул аст, ин гуфтаро рад кард, ки ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ қавл додаанд, дар як ҳафта 48 соат кор хоҳанд кард. AGRI-HR як ширкате, ки барои “Фрутфул Ҷобс” аз Осиёи Марказӣ коргар меорад, гуфт, ваъдаи кори 48 соата ба касе надодаанд.

“Ҳазор бор беҳтар аз Русия?“

Миллионҳо коргар аз Осиёи Марказӣ ба мисли Тоҷикистону Қирғизистону Узбекистон, ки пойбанди пули муҳоҷирон ҳастанд, дар сохтмону киштзору корхонаҳои Русия кор мекунанд. Кори мавсимӣ барои онҳо нав аст ва даъват ба Бритониёро фурсати ҷолибе медонанд.

Як коргари узбек дар Милтон гуфт, ки ҳарчанд забони англисиро намедонад, вале дар Бритониё пули бештар мегирад ва эҳсоси беҳтаре дорад. Ҷавони 25-сола аз вилояти Марғелон пас аз 5 соли кор дар як ширкати сохтмонии Русия моҳи май ба Бритониё омадааст.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ман дар Русия дар як моҳ ба ҳадди миёна 500 доллар кор мекардам. Дар инҷо дар Бритониё моҳи гузашта 1500 доллар ба даст овардам. Дар Русия ягон кафолат нест, ки кордиҳанда пули шуморо мепардозад. Дар Русия беқонунӣ аст, дар Бритониё ҳаққи ман бар асоси қонун ҳимоят мешавад.”

Як коргар аз Тоҷикистон гуфт, ки аз таъмири хонаҳо дар Русия ва ҷамъоварии сабзавот дар Бритониё тақрибан даромади баробар доштааст, аммо ба қавли ӯ, худро дар Русия “ҳеч гоҳ амн эҳсос намекард” ва кордиҳандаву маъмурони пулис бо ӯ чун миллати ғайрирус бадрафторӣ мекарданд. Ӯ гуфт: “Пулиси Русия маро фақат барои ришу гандумгун буданам дар кӯча нигаҳ медошт.” ммо на ҳамаи коргарон аз Осиёи Марказӣ аз шароити зиндагиву кор дар Бритониё хушҳоланд.

Бадрафтории мудирону иддаоҳои дастдарозӣ

Як коргари 35-солаи тоҷик аз Душанбе чанде пеш корро дар як хоҷаи кишоварзии Барнсмур дар Шотландия бас кардаанд, чун ба гуфтаи ӯ шоҳиди “мушкилоти тоқатфарсо”, аз ҷумла бадрафтории раисонашон аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ шуд.

Ин коргар аз тариқи ширкати “Фрутфул Ҷобс” ва бо миёнаравии AGRI-HR рӯзи 21-уми июн ҳамроҳи 20 муҳоҷири дигар ба Бритониё омадааст. Ба қавли ӯ, ширкати миёнарав гуфтааст, ки онҳоро намояндагони кордиҳанда дар фурудгоҳи Ҳитроу пешвоз мегиранд, вале касе ба суроғашон наомадааст.

Бритониё баъди хуруҷ аз Иттиҳоди Аврупо дигар барои хоҷагиҳои кишоварзиаш коргари кофӣ наёфт.
Бритониё баъди хуруҷ аз Иттиҳоди Аврупо дигар барои хоҷагиҳои кишоварзиаш коргари кофӣ наёфт.

Баъди муроҷиат ба AGRI-HR, ба онҳо гуфтаанд, ки пешниҳоди аввал ба коргарон дигар нест ва бояд худашон ба як хоҷагии дурафтодаи Барнсмур бираванд. Раҳбарони хоҷагӣ ба онҳо 30 соати корӣ дар як ҳафта ва музди ҳадди аққалро ваъд додаанд ва коргароне, ки на забони англисӣ медонистаанду ва на пуле доштаанд, қарордоди навро имзо кардаанд.

Муҳоҷири тоҷик иддао кард, ки “Бригадирҳо ва ё раҳбаронашон аз Булғористон бо онҳо бадрафторӣ мекарданд. Дағал ҳастанд ва дашном медиҳанд." Ӯ афзуд, шоҳиди дастдарозии як коргари зане аз Осиёи Марказӣ шуд, “ҳарчанд зан илтиҷо мекард, ки ӯро ором гузорад.”

Коргари тоҷик гуфт, вақте аз ин вазъ шикоят кард, раҳбарон ба ӯ таҳдид карданд, ки аз кор ҷавоб медиҳанд ва соатҳои кориашро ҳам кам карданд. Ӯ ҷавон дар 9 руз фақат 13 соат кор кардааст, пули он барои ҷойи хобу хароҷоти обу барқ мерасад.

Муроҷиат то ба вакили Порлумони Бритониё

Мушкилоти мавҷуд дар Хоҷагии Барнсмурро ба Венди Чамберлейн, яке аз узви Порлумони Бритониё расондаанд, ки ҳавзаи Файфи Шимолу Шарқиро намояндагӣ мекунад. Хоҷагии Барнсмур дар ҳамин ҳавза ҷойгир аст.

Ҳайвел Филиппарт, ки аз вазъи мавҷуд дар ин Хоҷагии Барнсмур аз тариқи рафиқонаш огаҳ шудааст, дар номае ба вакили порлумон навиштааст, ки ба “табъиз” дар ҳавзаи зери назораташ расидагӣ кунад. Дар номаи Филиппарт, ки Радиои Озодӣ ҳам онро дид, дар бораи худсарона аз кор рондан, набуди васоили муҳофизатӣ ва шароити бисёр бади иқомат шикоят шудааст.

Айни шикоят аз коргарди дигар аз Осиёи Марказӣ аз ҷумла як қирғиз ва узбек расидааст, ки ҳарду корро бас кардаанд. Фрутфул Ҷобс мегӯяд, ки баъди ин ҳодисаҳо ба тамоми мушкилоти зикршуда дар нома расидагӣ кардааст.

Ҷастин Эмери яке аз мудирони ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди шикоятҳо онҳо охири моҳи июл ба Хоҷагии Барнсмур рафтанд ва раҳбарони ин хоҷагиву чандтои дигарро барои ёд додани шеваи рафтор ва мудирият ба омӯзиш фиристодаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG