Бинобар дурии роҳ теъдоде аз ҷавонони водии Яғноб, яке аз гӯшаҳои дурдасти Тоҷикистон, фақат мактаби ибтидоиро хатм мекунанду бас. Дигар таҳсилро идома намедиҳанд. Ҳоло баъзе аз онҳо мегӯянд, ки намехоҳанд, фарзандонашон мисли онҳо сарнавишт дошта бошанд.
Мактаб – интернат ҳаст, вале…
Дар гузашта наврасони водии Яғноб танҳо то синфи чаҳорум мехонданд. Ду сол боз барои идомаи таҳсили онҳо дар деҳаи Анзоб мактаб-интернат сохтаанд, аммо масъулон гила доранд, ки бештари волидон духтаронашонро намефиристанд.
Раҷабалӣ Атовуллоев, сокини деҳаи Пискони Яғноб, то синфи чаҳорум хонда, ба қавли худаш, "аз паси гову гӯсфанд аст". Аз онки ба таҳсилаш идома надод, пушаймон аст ва намехоҳад, тақдири фарзандонаш ба мисли ӯ шавад. “Мо нахондем. Мехоҳем, фарзандҳо хонда, соҳиби ягон касб шаванд," – гуфт ӯ.
Сарнавишти аксар наврасони Яғноб мисли Раҷабалӣ Атовуллоев аст. Бисёре аз сокинон танҳо дар мактаби деҳа то синфи чаҳорум хондаанд. Онҳое, ки имкон доштанд, фарзандонашонро барои идомаи таҳсил ба ноҳияи Зафаробод ё шаҳри Душанбе бурданд. Шахсоне, ки имкон надоштанд, дар деҳа монданду аз паси деҳқонию чорводорӣ шуданд.
Наворро дар инҷо бинед:
Хуҷамёр Муродов, сокини дигари Крёнтеи водии Яғноб, мегӯяд, солҳои гузашта мақомот хостанд, сокинони маҳаллиро барои касбомӯзӣ ба ягон донишгоҳ фиристанд. “Раиси вақти ноҳия Мавҷуда Бобоева гуфт, кадом донишгоҳе хоҳед, бе ягон имтиҳон қабул мекунем, ба шарте, ки омада дар Яғноб кор кунад. Ман то синфи 4 хондам, куҷо меравӣ донишгоҳ бо маълумоти синфи 4?" - афзуд ин ҳамсуҳбати мо.
Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки қисме аз шахсони миёнсол дар Яғноб дуруст навишта наметавонанд. Аксари онҳо мегӯянд, мактаб нахондаанд ва танҳо имзо монда метавонанд.
“Духтаронро намефиристанд”
Мақомот барои ҷалби наврасон аз Яғноб ба таҳсил соли гузашта дар деҳаи Анзоб мактаб-интернат сохтанд. Интернат қариб 40 километр аз Яғноб дур аст. Хонандагон моҳи сентябр аз Яғноб омада, то моҳи май дар интернат мемонанд. Ҳангоми таътили тирамоҳӣ ва зимистона, агар роҳ боз бошад, ба назди падару модар бармегарданд.
Бобоҷон Бобоҷонов, мудири мактаби Анзоб, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дарс додани наврасоне, ки солҳо аз мактаб дур буданд, осон нест. Ба нақли ӯ, “хонандагони синфи 1 фаҳмишашон нағз аст. Синфҳои болоӣ хату саводашон сусттар. Мо дар муддати як сол то қадри имкон мо ба онҳо ёд додем.”
Феълан дар мактаб-интернати Анзоб 45 сокини Яғноб мехонанд. Аз инҳо 6 духтар ва боқӣ писарон ҳастанд. Бобоҷон Бобоҷонов, мудири мактаби Анзоб гуфт, ҳарчанд мураббии алоҳида духтаронро назорат мекунад, вале на ҳамаи волидон розиянд, ки духтаронро барои таҳсил ба интернат фиристанд.
Бар асоси Конститутсия ё Қонуни асосии Тоҷикистон, гирифтани таълими умумӣ то синфи 9 барои шаҳрвандон ҳатмӣ аст. Дар сурати саркашӣ аз таҳсили асосӣ, волидон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Солҳои гузашта, чандин падару модар дар минтақаҳо барои монеа шудан ба таҳсили фарзандон ҷарима шудаанд.
“Кӯдакон зиқ мешаванд”
Шамсиддин Атобуллоев, сокини деҳаи Пискон, ҳоло дар интернат мехонад. Ӯ барои соли нави таҳсил омода мешавад. Шамсиддин аз таҳсилаш розӣ аст ва чанд шеърро аз худ кардааст.
Сокинон дар Яғноб аз онки фарзандонашон ба таҳсил ҷалб шудаанд, хурсанданд, аммо барои наврасон моҳҳо дур будан аз хонавода осон нест. Хуҷамёр Муродов, сокини Крёнте, мегӯяд, фарзандаш соли гузашта дар синфи 1 мехонд ва барои хона дилтанг мешуд.
“Хонаамон меравам гуфта, ягон чиз нахондааст. Ҳама чиз медиҳанд, лекин зиқ шудаанд. Як ҳафта пас маҷбурем рафта бинем, барф мезанад, ғам мегирад, ки рафта хабар гирӣ,” – нақл кард ӯ.
Водии Яғноб яке аз гӯшаҳои дурдасти Тоҷикистон аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ҷойгир аст. Сокинон мегӯянд, набудани роҳ, мактаб ва беморхона зиндагии онҳоро мушкил кардааст. Шояд ба ин хотир кӯчидани онон аз Яғноб солҳои охир зиёд шудааст.
Гуфтугӯ