Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сарватмандон бойтар, камбағалҳо нодортар мешаванд" ВИДЕО


Имсол арзиши ҳар метри мураббаъ хона дар гӯшаҳои гуногуни Қазоқистон афзудааст. Мақомот гуфтанд, болоравии нархро бештар дар Алмато, Нурсултон ва Қизилдара мушоҳида карданд. Сокинон мегӯянд, гирифтани манзил торафт орзуи дастнорас мегардад.

“Кӯҳнаву нав, фарқ надорад”

Бино ба таҳқиқи Пажӯҳишгоҳи сиёсати иҷтимоии Қазоқистон, тақрибан 37 дарсади аҳолии ин кишвар хона надоранд. Шумори онҳое, ки тавони харидани манзилро надоранд, меафзояд. Сабаби асосӣ нархи гарони манзил аст, ки имсол беш аз 40 дарсад боло рафт.

Бар асоси нишондоди Бюрои миллии омори Қазоқистон, нархи хона дар биноҳои нав ба ҳисоби солона дар

  • Оқтеппа – беш аз 32 дарсад;
  • Нурсултон – қариб 28 дарсад;
  • Уст-Каменогорск – 26 дарсад

зиёд шудааст. Арзиши хонаҳои кӯҳна дар Қизилдара 44%, Уст-Каменогорск 43%, Толдиқурғон 43% ва Нурсултон 41% боло рафтааст.

Анора Мукаева, корманди Оҷонси амволи ғайриманқул, ба ин рақамҳо бовар надорад. Ба гуфтаи ӯ, хонаҳо дар маҳаллаҳои начандон маъруфи шаҳри Нурсултон харидори зиёд надоранд ва ягона роҳ барои фурӯши онҳо поин овардани қимат аст.

“Нархи хона дар биноҳои нав воқеан боло рафтааст, зеро арзиши масолеҳи сохтмонӣ ҳам афзуда, ширкатҳои сохтмонӣ ба зарари худ кор намекунанд. Қаблан хонаеро бо масоҳати 33 метри мураббаъ аз ширкати “Комфорт плюс” ба 11 миллиони қазоқӣ харидан мумкин буд. Ҳоло ба 17 миллион манзилеро бо масоҳати 36-40 метри муррабаъ ёфтан душвор аст,” – гуфт Анора Мукаева.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Камбизоат нодортар, сарватманд бойтар мешавад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Гилаи сокинон, хулосаи коршинос

Бо болоравии нархи хонаҳо, иҷораи он ҳам гарон шудааст. Ба ҳисоби миёна дар ним соли охир нархи иҷораи манзилҳо 20 дарсад афзуда. Қазоқистониҳое, ки аз ҷамъоварии пул барои хона хаста шудаанд, мегӯянд, акнун амалишавии орзуи деринаашон боз ҳам мушкилтар шуд.

“Ҳоло нархи ҳама чиз боло меравад. Сарватмандон бойтар мешаванду камбағалҳо боз ҳам нодортар. Ман ҳарчанд сокини маҳаллӣ ҳастам, зиндагӣ бароям мушкил шудааст. Нафақапулӣ ба чизе намерасад,” – гуфт як сокини Қазоқистон.

Дигаре афзуд: “Дар хабарҳо мегӯянд, нархи хонаҳои кӯҳна арзон шудааст. Дар асл ин тавр нест. Нархи хонаҳои нав дар соҳили чап гарон аст, албатта. Мегӯянд, сабаб болоравии нархи маҳсулоти сохтмонӣ аст.”

Як сабаби болоравии нархи хонаро ба барномаи давлатии “ипотека” пайванд медиҳанд, ки барои харидани хона қарзи боимтиёз пешниҳод мекунад. Даст кашидан аз ин барномаҳои давлатӣ, ба гуфтаи мутахассисон, роҳи ҳал нест.

Иқтисоддон Галимҷон Айтказин мегӯяд, “агар чунин тасмиме гирифта шавад, бале, нархҳо мумкин поин раванд, аммо мушкилоти дигареро ба миён меоранд. Ба далели тағйир ёфтани нархи бозор ва баҳраи гарав аксар бонку қарздорон зери фишори сахт мемонанд.”

“Гузашта аз ин, чунин тарҳ, талабот ба масоҳати ҳар метри мураббаъро кам мекунад. Дар умум, соҳаи сохтмон дар Қазоқистон ба буҳрон дучор мешавад, аммо хона дар Қазоқистон ба ин наздикиҳо арзон нахоҳад шуд,” – хулоса кард коршинос.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG