Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрна Гейзер: "Ман ба Олмон омадам, ватанам он ҷо монд. Ватани ман – Тоҷикистон" ВИДЕО


Эрна Гейзер
Эрна Гейзер
Эрна Гейзер, мусиқишинос ва ҳамсари оҳангсози маъруфи тоҷик Фирӯз Баҳор, 23-юми августи 1942 дар оилаи геологҳои олмонӣ – Роберт Гейзер ва Вера Рутинг – таваллуд шудааст. Падарашро бори аввал дар чаҳорсолагӣ, баъди бозгашт аз урдугоҳҳои кори Шӯравӣ дид. Оилаи Гейзерҳоро пас аз хатми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба Ленинобод, Хуҷанди имрӯза, бадарға карданд.
Иттифоқан, ҳукумати Шӯравӣ соли 1941 бо чанд қарораш ҳуқуқи немисҳои сокини Иттиҳоди Шӯравиро маҳдуд карда, ҳазорҳо нафарро ба гумони ҳамфикриву пуштибонӣ аз режими фашистии Олмон қатлу ҳабс кард ва садҳо ҳазори дигарро ба қаламравҳои “ҷумҳуриҳои бародар”, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон бадарға намуд. Пас аз марги Иосиф Сталин дар миёнаҳои солҳои 1950-ум бархе тавонистанд, “сафед” шаванд ва соли 1991 Русия ин қарорҳоро чун амри поймолкунандаи ҳуқуқи ақаллиятҳои немис бекор кард.
Эрна Гейзер ва парвардаи Тоҷикистон соли 1996 ҳамроҳи ҳамсараш оҳангсоз Фирӯз Баҳор ба Берлин кӯчид. Суҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ бо Эрна Гейзер аввали моҳи майи соли 2022 дар хонаи ӯ сурат гирифт.

“Душмани халқ”

Радиои Озодӣ: Намояндаи ҷомеаи немисҳо дар Тоҷикистон ҳастед. Оилаи Шумо чӣ хел дар Тоҷикистон муқимӣ шуд?

Эрна Гейзер: Дар оғози ҷанг (1941-1945) падару модарам дар Ленинград (Санкт-Петербурги имрӯза) зиндагӣ мекарданд ва дар донишгоҳ мехонданд. Падарам донишгоҳро хатм карду модарам – не. Вазъият хатарнок шуд ва онҳо аз Ленинград ба ҷои дигар кӯчиданд. Онҳоро ба шаҳри Киштими вилояти Челябинск фиристоданд. Ба модарам раҳм карданд, вале падарамро ба як урдугоҳе дар ҳудуди вилояти Свердловск бурданд. Ин урдугоҳи корӣ байни шаҳрҳои Киштим ва Свердловск (Екатеринбурги имрӯза) ҷойгир буд. Мо ҳам дар наздикиҳои он ҷо иҷоранишин шудем. Ман, модарам ва бибиям. Дар як хонаи деҳқоне дар Урал ҷой гирифтем. Вақте ҷанг тамом шуд, падарамро ба шаҳри Ленинободи Тоҷикистон бадарға карданд.

Радиои Озодӣ: Ӯро аз рӯи кадом модда ҳабс карда буданд?

Эрна Гейзер: Ҳамчун “душмани халқ”.

Радиои Озодӣ: Касбаш чӣ буд?

Эрна Гейзер: Геолог. Падару модарам геолог буданд.

Радиои Озодӣ: Суҳбатҳоеро, ки дар хона мегузашт, ба ёд доред? Модаратон дар бораи сарнавишти падаратон чиҳо мегуфтанд?

Эрна Гейзер: Ман худам ҳам бисёр чизро мефаҳмидам.

Радиои Озодӣ: Чандсола будед?

Эрна Гейзер: Шашсола. Мегуфтанд, ки падарамро бегуноҳ айбдор ва бадарға кардаанд. Ҳамроҳи ӯ ману модарам ва бибиамро.

Радиои Озодӣ: Яъне, кӯдакро ҳам бадарға карда буданд?

Эрна Гейзер: Бале.

Радиои Озодӣ: Ҳаққи тарки маҳалли зистро надоштед? Баъд чӣ шуд?

Эрна Гейзер: Моро аввал ба шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) фиристоданд. Ман дар онҷо мактаби миёнаро тамом кардам, ба факултаи забону адабиёти руси Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шудам. Хатм кардам, вале дилам бештар ба мусиқӣ гарм буд, чун дар омӯзишгоҳи мусиқӣ ҳам таҳсил карда будаму хеле хуб фортепиано менавохтам. Баъди ин ба Душанбе рафта, ба Донишгоҳи санъат, ба факултаи фортепиано дохил шудам.

Радиои Озодӣ: Яъне аллакай зиндагӣ беҳтар шуда буд?

Эрна Гейзер: Бале, беҳтар буд. Онҷо бо ҳамсарам шинос шудам ва пас аз хатми донишгоҳ тӯй кардем. Баъди он ба аспирантураи Академияи илмҳо дохил шудам.

Радиои Озодӣ: Соли чанд издивоҷ кардед?

Эрна Гейзер: Соли 1974.

Радиои Озодӣ: Модаратон чӣ мекарданд ва оё Шумо дар миёни ҷомеаи немисҳо зиндагӣ мекардед?

Эрна Гейзер: На. Модарам геолог буд, вале баъди ҷанг иҷоза надоданд, ки аз рӯи ихтисос кор кунад, чун ӯ немис буд. Касбашро дигар кард ва бо обчакорӣ машғул шуд. Дар бахши кишоварзӣ кор мекард.

Радиои Озодӣ: Падаратон кӣ шуда кор мекарданд?

Эрна Гейзер: Геолог буд.

Радиои Озодӣ: Яъне аз рӯи касб кор карда метавонистанд, вале модаратон ҳақ надоштанд?

Эрна Гейзер: Бале, модарамро манъ карданд. Баъди чандин сол иҷоза доданд. Падарам дар як техникуми кишоварзӣ кор мекарду модарам бо обчакории заминҳои хушк машғул шуд.

Навори суҳбат бо Эрна Гейзер:

Эрна Гейзер: Ман ба Олмон омадам, ватанам он ҷо монд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:51 0:00

“Худро таҳқиршуда медонистанд”

Радиои Озодӣ: Оё дар оилаи шумо мавзӯи ноодилона маҳкум шудани падаратон баррасӣ мешуд?

Эрна Гейзер: Албатта, мешуд. Мо ҳам чӣ карда метавонистем? Чӣ дурӯғ гӯям? Ҳеч гапи хубе намегуфтанд.

Радиои Озодӣ: Аз он ки нисбати волидонатон беадолатӣ шудааст, аламе надоред?

Эрна Гейзер: Албатта, дорам.

Радиои Озодӣ: Бо дигар намояндагони ҷомеаи немисҳои Тоҷикистон ҳам мулоқот мекардед?

Эрна Гейзер: Бале, онҷо ҷомеаи хеле калони немисҳои бадарғашуда зиндагӣ мекард.

Радиои Озодӣ: Шояд баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаашон аз кишвар рафтанд?

Эрна Гейзер: Баъзеҳо рафтанд, баъзеҳо монданд. Он замон ман рафта наметавонистам. Падару бибиам дар Ленинобод даргузаштанд.

Радиои Озодӣ: Оё дар оилаи Шумо рӯҳияи эътирозӣ аз ҳукумати Шӯравӣ вуҷуд дошт?

Эрна Гейзер: Дар ин мавзӯъ гап бисёр буд, чунки волидонам одамони таҳсилкарда, хатмкардаҳои донишгоҳи Ленинград буданд. Онҳо геолог буданд, вале онҳоро нагузоштанд, ки кор кунанд. Модарам бо мелиоратсия машғул шуду падарам то охир дар техникуми кишоварзӣ дарс медод. Албатта, онҳо ранҷида буданд, худро таҳқиршуда медонистанд. Модари падарам рус буд, модарам пурра немис буд.

Нони хӯрданӣ надоштем

Радиои Озодӣ: Шумо ҳоло дар Олмон ҳастед ва оё ҳис мекунед, ки ҳамаи ин сахтиҳо ҷуброн шуд? Шояд ба орзуе даст ёфтед, ки волидонатон дар дил доштанд?

Эрна Гейзер ва Фирӯз Баҳор
Эрна Гейзер ва Фирӯз Баҳор

Эрна Гейзер: Бале, ман ҳаматарафа розӣ ҳастам. Худам ду донишгоҳро хатм кардам – факултаи забону адабиёти руси Донишгоҳи омӯзгорӣ, Донишгоҳи санъат ва баъд аспирантураро. Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон аввал ба ҳайси ходими хурд, баъд ходими калони илмӣ кор кардам. Корҳову китобҳои ман чоп шуданд. Ман дилсиёҳ нестам. Бешубҳа, ин алам дар дил мемонад, чунки сарнавишти падару модари маро хароб карданд, вале ман ҳар чизе хостам, ба он расидам.

Радиои Озодӣ: Манзури мо кӯчидани Шумо ба Олмон аст.

Эрна Гейзер: Медонед, он солҳо бисёр давраи сахте буд. Мебахшед, лекин даврае буд, ки мову Фирӯзҷон нони хӯрданӣ надоштем. Ман ба бозор мерафтаму пластинка, китоб, латта-путаҳои худро мефурӯхтам. Давраҳои мушкиле буд. Воқеан баъзан нони хӯрданӣ надоштем.

Радиои Озодӣ: Яъне гуфтанӣ ҳастед, ки агар ҷанг набуд...

Эрна Гейзер: Бале, агар ҷанг набуд, ба ҳеч куҷо намекӯчидем.

Радиои Озодӣ: Чаро?

Эрна Гейзер: Ман ватанамро дӯст медорам. Ман як духтаре ҳастам, ки тарбияи дуруст гирифтаам, ман ватанамро дӯст медорам.

Радиои Озодӣ: Яъне Тоҷикистон барои Шумо ватан аст?

Эрна Гейзер: Бале, бешубҳа.

Радиои Озодӣ: Олмон чӣ?

Эрна Гейзер: Мо ин ҷо меҳмон ҳастем.

Радиои Озодӣ: Чаро, одат карда натавонистед?

Эрна Гейзер: На, ҳамааш хуб аст. Менталитети ман дигар аст, немисӣ нест.

“Тоҷикони азизи худро дӯст медорам

Радиои Озодӣ: Менталитети Шумо аз немисӣ бо чӣ фарқ мекунад?

Эрна Гейзер: Шояд бештар русӣ аст. Агар ҳамин девонагиҳо набуд, ҳеч гоҳ аз Тоҷикистон намерафтам. СССР пош хӯрд, гуруснагӣ омад, дар бозор кор кардам, китобу чиз фурӯхтам...

Радиои Озодӣ: Яъне аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ғусса мехӯред?

Эрна Гейзер: Бале, ғусса мехӯрам.

Радиои Озодӣ: Вале бубинед, ин режим бо оилаи Шумо чӣ кард.

Эрна Гейзер: Ба ҳар ҳол, ман дар ҳамон ҷо бузург шудам.

Радиои Озодӣ: Яъне ба он одат кардед?

Эрна Гейзер: Бале, одам кардам. Ман ба кишвар ё мардумаш нафрат надорам. Ман ҳоло ҳам ҳамаи онҳо - тоҷикони азизи худро дӯст медорам.

Радиои Озодӣ: Барои онҳое, ки Шуморо ҳоло мебинанд, чизи гуфтанӣ доред?

Эрна Гейзер: Ватанатонро дӯст доред, он яккаву ягона аст. Ман ба Олмон омадам, вале ватани мо он ҷо монд.

Радиои Озодӣ: Ватани шумо Тоҷикистон?

Эрна Гейзер: Бале. Ман духтари дурусткорам.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG