Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи 1-уми сентябр дар як паёми ғайримунтазирае ба порлумон хабар дод, ки тирамоҳи имсол дар кишвараш интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор хоҳад шуд.
Ӯ сабаби даъвати интихоботро шарҳ надод, танҳо ишора кард, ки "барои таҳкими давлатдорӣ ва нигоҳ доштани суръати ислоҳот чораҳо заруранд." Тоқаев баъди аз мақоми президентӣ канор рафтани Нурсултон Назарбоев соли 2019 - он замон ҳам дар интихоботи ғайринавбатӣ президент шуда буд.
Ӯ ҳамзамон пешниҳод кард, муҳлати президентиро дар Қазоқистон аз панҷ сол то ҳафт сол дароз кунанд ва як кас як давра ин масъулиятро ба дӯш бигирад. Дар сурати ҷорӣ шудани тағйирот, Тоқаеви 69-сола метавонад то ҳафт соли дигар сари қудрат бимонад.
Тоқаев, инчунин, хоҳони баргузории интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ дар нимаи аввали соли 2023 шуд. Ба гуфтаи вай, интихоби вакилони шӯроҳои маҳаллӣ низ дар он вақт хоҳад гузашт. Қарор буд, интихоботи президентӣ дар Қазоқистон соли 2024 ва интихоботи порлумонӣ соли 2025 баргузор шавад.
Барои таъини вақти интихобот дар Қазоқистон, порлумон бояд пешниҳодро бипазирад ва сипас онро ба Кумисюни марказии интихобот фиристад.
Ин ҳама нақшаҳо дар ҳолест, ки дар кишвар таҳқиқоти пӯшидаву баҳсбарангези хушунатҳои моҳи январи имсол идома дорад ва ба садҳо нафар ҳукмҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад. Мақомот ширкатдорони эътирозҳо аз ноадолатиҳои иҷтимоиро асосан аз рӯи моддаҳои "ифротгароӣ" ва "терроризм" ба ҷавобгарӣ кашидаанд.
Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва фаъолони сиёсии ин кишвари Осиёи Марказӣ тақозо доранд, саркӯби тазоҳуроти олуда ба хун дар он кишвар пурра таҳқиқ шавад. Дар нооромиҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон тақрибан 238 нафар, аз ҷумла 19 афсар кушта шуданд.
Евгений Жовтис, фаъоли мададӣ ва раҳбари Бюрои ҳуқуқи инсон ва назорати иҷрои қонунҳо дар Қазоқистон ҳам таҳқиқи парвандаҳои боздоштшудаҳои моҳи январро назорат мекунад.
Ӯ рӯзи 2-юми сентябр бо Радиои Озодӣ дар бораи ҳадафҳои асосии даъвати интихоботи пеш аз мӯҳлат дар Қазоқистон сӯҳбат кард.
Гуфтугӯ