Мақомоти украинӣ иддао кардаанд, ки Русия талош дорад, аз захираи силоҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, истифода кунад ва низомиёни собиқи ин кишварҳоро ба ҷанг бо Украина ҷалб намояд.
Хадамоти ҷосусии Вазорати мудофиаи Украина рӯзи 13-уми сентябр дар саҳифааш дар Телеграм навишт, ки ба иттилои дарёфтии онҳо "Кремл аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон снарядҳои реактивии 220-мм ва системаи оташафкани "Ураган" дархост кардааст." Иддаое, ки таъйидаш аз манобеи дигар сахт аст.
Ҳамчунин, ба гуфтаи Хадамоти ҷосусии Украина, аз Тоҷикистон дархост шудааст, ки снарядҳо барои тӯпхонаи "Пион" ва дигар лавозимот барои мошинҳои зиреҳпуш бидиҳад. Ба иддаои ин ниҳод, гуё ин навъи таҷҳизоту силоҳ дар анборҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳаст.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 14-уми сентябр ин хабарро тасдиқ ё рад накард. Ӯ гуфт, шарҳи ин мавзӯъ дар салоҳияти Вазорати корҳои хориҷӣ аст. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин хабарро рад карданд. "Ин маълумот дурӯғ аст", гуфтанд ба Радиои Озодӣ рӯзи 14 сентябр.
Нуралишо Назаров, муовини собиқи фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2005, замоне ки ҳифзи марзро аз русҳо гирифитанд, тӯпхонаҳои қавии русии "Ураган" вуҷуд надошт. Ӯ гуфт, агар чунин навъи силоҳ баъдан барои муҷҷаҳаз кардани артиш дода нашуда бошад, аз замони шӯравӣ дар ихтиёри Тоҷикистон набуд. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол пойгоҳи низомии Русия ин навъи тӯпхонаҳоро дошта бошад.
Соли 2014 Русия ба Тоҷикистон ваъда дода буд, ки ба маблағи 70 миллиард рубл ба ин кишвар кумаки низомӣ мекунад. Дар чаҳорчӯби қарордод Русия бояд ба Тоҷикистон силоҳ, муҳиммоти ҷангии нерӯҳои ҳавоӣ, тӯпхона, таҷҳизоти мухобирот медод. Маълум нест, ки ин ваъда то куҷо иҷро шудааст, вале он замон манобеи огоҳ гуфтанд, ки ин кишвар лавозимоти боқӣ аз замони Шӯравиро ба Тоҷикистон медиҳад.
"Шарт нест, Русия аз Тоҷикистон бипурсад"
Русия, ки 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард, ҳоло ба гуфтаи манобеи кишварҳои ғарбӣ, ба сарбозу афсар ва муҳимоти ҷангӣ ниёз дорад. Энтони Блинкен, вазири умурии хориҷии Амрико ҳафтаи гузашта дар Брюсел гуфт, ки Русия наметавонад, дурудароз нирӯҳои худро таъмин кунад ва ба ҳамин хотир барои дарёфти силоҳ ба Эрону Кореяи Шимолӣ муроҷиат кардааст. Хадамоти ҷосусии Украина иддао кардааст, ки дар Қирғизистон ва Тоҷикистон низомиёни собиқро барои ширкат дар ҷанг даъват мекунанд.
Дар баёнияи кутоҳи ин хадамот омадааст: “Ба ҷуз ин, намояндагони Русия ба низомиёни собиқ ва кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пешниҳоди қарордод барои пайвастан ба сафи артиш ва иштирок дар ҷанги Украина кардаанд.”
Александр Ҳрамчихин, таҳлилгари ру ба Кремл мегӯяд, "даъват аз низомиёни собиқи тоҷик кори дуруст аст, вале фикр мекунад, ки ин ҳарфи Украина дурӯғ аст." Ба қавли ӯ, "агар аслиҳаи зикршуда дар пойгоҳи низомии Русия бошад, шарт нест, Маскав аз Тоҷикистон аслиҳаи худашро бипурсад."
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мавзуъро расман шарҳ надоданд. Пас аз оғози ҷанги Русия бо Украина муносибати ин кишвар бо Тоҷикистон наздиктар шуд. Нахустин сафари Владимир Путин, президенти Русия ба хориҷ пас аз ҷанг, сафараш ба Тоҷикистон дар охири моҳи июн буд. Ҳоло Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки Путин рӯзҳои наздик боз ба Душанбе меояд.
Коршиносон бар инанд, ки Путин пас аз оғози ҷанг дар инзивои байналмилалӣ қарор гирифтааст, аз ин рӯ, бештар ба шариконаш аз кишварҳои вобаста ба Русия такя мекунад.
Гуфтугӯ