Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон чӣ мегузарад? Лаҳза ба лаҳза

Рӯзи 16-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дигарбора муноқиша сар зад. Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон гуфт, ҳамларо аввал сарҳадбонони Қирғизистон оғоз карданд. Бишкек мегӯяд, низомиёни тоҷик ба чанд дидбонгоҳи марзии ин кишвар ҳамла бурданд.

  • Хабаргузории "Reuters" аз кушта шудани як сокини Исфара хабар дод.
  • "Азия-Плюс" навишт, як марзбони дигари тоҷик ба ҳалокат расидааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи талафот ва захмиён ба таври расмӣ чизе нагуфтанд. Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани 59 низомӣ ва афроди мулкӣ хабар дод.

Рӯзи 14-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон чанд соат тирпарронӣ рух дод. Дар ин ҳодиса аз тарафи Тоҷикистон ду марзбон кушта ва 11 нафар маҷруҳ шуд.

Қирғизистон захмӣ шудани ду сарҳадбон ва 3 сокини мулкӣ хабар дод. Ҳарду тараф якдигарро дар сар задани ин муноқиша айбдор карданд.

Тоҷикистон изҳороти Тошиевро беасос номид 

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар изҳороте нав суханҳои Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистонро дар бораи ширкати "шахсони сиёҳпӯш" аз тарафи Тоҷикистон “дур аз ҳақиқат” номид. Тошиев рӯзи 14-уми сентябр гуфт, “нерӯҳои марзбонии мо диданд, ки одамон бо либоси сиёҳ сӯи онҳо тир кушодаанд.”

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо пахши изҳороти сеюм дар рӯзи 16-уми сентябр гуфт, “онҳо бо роҳи иғво дар расонаҳои қирғизӣ хабари истифода шудани ҷангиёни ришдорро бо либоси сиёҳпӯши бенишон паҳн кардаанд, ки аз ҳақиқат дур аст. Маҳз аз тарафи низомиёни қирғиз воҳидҳои таъйиноти махсус истифода шуда истодаанд, ки далели собитгардида мебошад”.

Пештар аз ин Тошиев дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, дар даргириҳои 14-уми сентябр "нерӯҳои таъйиноти махсуси Тоҷикистон иштирок кардааст".

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, тирпарронӣ дар марзи ду кишвар то соати 11-и рӯзи 16-уми сентябр идома дорад.

Ҳарду тараф якдигарро ба қабул накардани оташбас гунаҳкор мекунанд.

Теъдоди захмиён дар Қирғизистон ба 31 нафар расидааст

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар даргирии 16-уми сентябр дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон 31 нафар захмӣ шудааст.

Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, онҳо бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористони вилояти Бодканд бистарӣ ҳастанд.

Пештар хабаргузории “Рейтерс” дар бораи кушта шудани як нафар дар Исфара хабар дода буд.

Ҷониби Тоҷикистон ба таври расмӣ дар бораи захмиён ва ё кушташудаҳо маълумоте надодааст.

Дабири кулли СПАД ба оташбаси фаврӣ хонд

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба оташбаси фаврӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард.

Станислав Зас рӯзи 16-уми сентябр бо дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва ҳамтои қирғизистонияш Марат Имонқулов дар ин бора телефонӣ гап задааст.

Созмони Паймони Амниятӣ Дастҷамъӣ дар баёнияе гуфт, ки ҷонибҳо “зарурати оташбаси фавриро” зикр карданд.

Ҳамчунин дар мулоқот хоста шудааст, ду тараф барои ҳалли сулҳомези низоъ тавассути мақомоти салоҳиятдор музокиротро ба роҳ монанд.

Рӯзи 16-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон дигарбора тирпарронӣ шуд. Ду ҷониб якдигарро ба истифода аз силоҳҳои сангин муттаҳам карданд.

Тоҷикистон дар бораи талафот ва захмиҳо чизе нагуфтааст. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар даргирии рӯзи ҷумъа 31 кас захмӣ шуд.

Ба Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.

Ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамсарҳад бо деҳаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон. 16-уми сентябри 2022

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG