Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Green Card. Шарҳи консули Амрико дар бораи чанд тағйирот. ВИДЕО


Тодд Ҳюз, консули Амрико дар Душанбе
Тодд Ҳюз, консули Амрико дар Душанбе
  • Кӣ ва чӣ гуна соҳиби корти сабз (Green Card)-и Амрико хоҳад шуд?
  • Доштани шиносномаи хориҷӣ зарур нест, чӣ санад муҳим аст?
  • Оё аризаро худи шаҳрвандон пур кунанд ё ширкатҳои миёнрав?
  • Тоҷикон ба Алмато нахоҳанд рафт, визаи муҳоҷиратро дар куҷо мегиранд?

Ба ин ва суолҳои дигар консули Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, Тодд Ҳюз, рӯзи 3-юми октябр посух гуфт.

Тодд Ҳюз: "Грин-корт" як барномаи одӣ аст ва ба шаҳрвандони кишварҳои дигар имкон медиҳад, ки ба Амрико рафта, кору иқомат кунанд. Барои иштирок дар барнома бояд ду шартро иҷро кунед. Якум, шаҳрванди кишвари мувофиқ бошед. Тоҷикистон дар шумори кишварҳои мувофиқ аст. Дуюм, бояд мактаби миёнаро хатм карда, ду сол таҷрибаи кор дошта бошед."

Радиои Озодӣ: Доштани шиносномаи хориҷӣ ҳангоми пур кардани ариза барои “грин-корт” бекор шудааст. Воқеият дорад?

Ҳукумати Амрико ҳар сол барои 55 ҳазор нафар дар ҷаҳон ҷой ҷудо мекунад. Аз ин миён ба касе кафолат дода нашудааст, ки ӯ ҳатман соҳиби “грин-корт” хоҳад шуд.

Тодд Ҳюз: "Дуруст аст, имсол доштани шиносномаи хориҷӣ барои довталабон шарт нест. Ҳамчунин, довталабон бояд се машваратро дар ёд дошта бошанд. Якум, вақте аризаро пур мекунед, рақами тасдиқкунандаи DV пешниҳод мешавад. Онро то замони эълони натиҷаҳо нигоҳ доред. Дуюм, сурате, ки пешниҳод мекунед, набояд аз шаш моҳ пеш гирифта шуда бошад. Сеюм, ҳангоми пур кардани ариза бояд шаҳодатнома ва шиносномаи таваллудро бо худ дошта бошед."

Радиои Озодӣ: Чанд рӯз пеш Кохи Сафед гуфт, шаҳрвандони фирории Русия метавонанд, барои гирифтани ҳаққи зист дар Амрико ариза диҳанд. Гуфта шуд, ҳар қазия ҷудогона баррасӣ мешавад. Ин чӣ гуна сурат мегирад?

Тодд Ҳюз: "Довталабони барномаи “грин-корт” аз ҳар кишвар метавонанд, муроҷиат кунанд. Сафорати Амрико дар Душанбе дархостҳои паноҳандагиро баррасӣ намекунад. Ман хурсандам, ки аз 4-уми октябр ба баррасии раводиди муҳоҷират дар Душанбе шуруъ мекунем. Мусоҳиба бо онҳое, ки соҳиби “грин-корт” шудаанд, инҷо мегузарад. Дигар шарт нест, ки Алмато раванд.”

Радиои Озодӣ: То куҷо шумори чунин муроҷиаткунандаҳо аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ё кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ зиёд аст?

Тодд Ҳюз: “Соли аввал аст, ки дар Душанбе раводиди муҳоҷиратро баррасӣ мекунем. Ин давоми сол муайян мешавад.”

Радиои Озодӣ: Чаро аз як кишвар шумори зиёди одамон соҳиби “грин-корт” мешаванду аз кишвари дигар не?

Тодд Ҳюз: “Дар ин барнома довталабон шарти ягонаро иҷро мекунанд. Инҷо ҳеч чизи пинҳонӣ нест. Ин лоторея аст.”

Радиои Озодӣ: Довталабони корти сабз аз Тоҷикистон зиёд мешаванд ё кам? Дар 30 соли истиқлол чӣ қадар тоҷикистониҳо соҳиби корт шуданд? Шумори шаҳрвандони Амрико аз ҳисоби тоҷикон то куҷо зиёд шуд?

Тодд Ҳюз: “Мутаассифона, ягон омори дақиқ нест, аммо медонам, ки дар Амрико созмонҳои тоҷикон зиёданд. Ягона комёбие, ки ҳоло барои шаҳрвандони Тоҷикистон аст, дигар ниёз нест, ба Алмато раванд ва онҷо дар меҳмонхона зиста мунтазир бимонанд. Акнун ҳамаашро метавонанд, дар сафорати Амрико дар Душанбе анҷом диҳанд.”

Навори мусоҳибаро дар инҷо бинед:

Шарҳи консули Амрико дар бораи "Green Card"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:11 0:00

Радиои Озодӣ: Созмонҳое ҳастанд, ки барои пур кардани толеъномаи корти сабз ба ивази маблағ кумак мекунанд. Оё маълум аст, ки кадоми онҳо росткоранд ва кадоме фиребгар?

Тодд Ҳюз: “Вақте маълумоти худро вориди DV мекунед, ин ройгон аст. Шояд баъзе созмонҳо барои ин мадад мекунанд, вале машварат медиҳам, худи довталаб онро шахсан пур кунад. Агар чизеро нафаҳмид, пурсад. Беҳтар аст, рақами DV-ро дар дасти худатон нигоҳ доред. Онҷо почтаи электронии Шумо сабт карда мешавад, вақте фурсаташ мерасад, метавонед фаҳмед.”

Радиои Озодӣ: Оё омори дақиқе ҳаст, ки ҳукумати Амрико солона барои кадом кишвар чӣ қадар квота ҷудо мекунад?

Тодд Ҳюз: “Дар бораи ҳар давлат маълумоте надорам. Аммо аз он шодам, ки метавонем ин визаҳоро акнун дар Душанбе омода кунем. Ҳукумати Амрико ҳар сол барои 55 ҳазор нафар дар ҷаҳон ҷой ҷудо мекунад. Аз ин миён ба касе кафолат дода нашудааст, ки ӯ ҳатман соҳиби “грин-корт” хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG