Суолҳо аз мансабдорони тоҷик
Баҳси қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳангоми баррасии гузориши ҳукумат дар бораи таъмини ҳуқуқи иҷтимоиву иқтисодӣ дар панҷ соли гузашта сар зад. Коршиносони Кумитаи ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Созмони Милал аз мансабдорони тоҷик дар бораи сатҳи болои қарзи берунӣ ва шеваи харҷи он пурсиданд.
Яке аз онҳо, Ҳейсу Шин, суол кард, ки "тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, қарзи хориҷии Тоҷикистон дар даҳ соли охир беш аз ду баробар афзуда, дар соли 2016 ба 67%-и тавлидоти нохолиси миллӣ расид. Барои бартараф кардани он чӣ гуна чораҳо андешида шуданд?"
Ҳайати Тоҷикистон ба раҳбарии вазири адлия, Музаффар Ашӯриён, ду баробар афзудани қарзи хориҷии кишварро дар даҳ соли охир эътироф кард. Дар айни замон гуфта шуд, ки "Тоҷикистон қарзи худро пурра ва саривақт пардохта метавонад."
"Ҳукумат барои коҳиш додани вобастагӣ аз қарзи хориҷӣ кӯшиш дорад, истихроҷи маъданҳоро бештар кунад ва кишоварзиро рушд диҳад," – афзуданд намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Женева. Ба таъкиди мансабдорони тоҷик, кишвар барномаи мудирияти қарзи давлатиро низ рӯи даст гирифтанист, ки ба "баланд бардоштани самарбахшии идоракунии қарзҳои хориҷӣ нигаронида шудааст".
Дар идомаи баҳси қарзи ташвишовари хориҷии Тоҷикистон коршиноси дигари Созмони Милал Муҳаммад Эзелдин Абдул Монейм пурсид, Тоҷикистон пулҳои аз хориҷ гирифтаашро чӣ гуна ва бештар ба чӣ сарф мекунад? Посухи Тоҷикистон кӯтоҳ ва то ҳадде хушк буд.
$320 ба сари ҳар сокини Тоҷикистон?
Ҳайат гуфт, зиёда аз 50 дарсади қарзи берунӣ барои барномаҳои рушди иҷтимоӣ, ҳудуди 10 дарсад барои бахши тандурустӣ, 8 дарсад барои маориф ва панҷ дарсад барои сохтмони хона истифода шудааст. Ин дар ҳолест, ки сокинон ҳамвора аз камии маошу нафақа, бекорӣ, нарасидани синфхонаву курсиву миз ва сифати поини хидматрасонии пизишкӣ шикоят доранд.
Ба иттилои охири Вазорати молия, қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми июли соли 2022 ба 3,2 миллиард доллар расидааст, ки ба 41,6 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) баробар аст. Ба ҳисоби дигар, ҳар як сокини Тоҷикистон (10 миллион нафар) аз созмону кишварҳои хориҷӣ 320 доллар қарздор аст.
Вазорати молия мегӯяд, дар ним соли 2022 тавонистанд, 44,9 миллион доллар қарзи хориҷиро камтар кунанд. Аммо мизони қарзи хориҷӣ, ки ба 41,6 ММД баробар аст, бисёр боло ба шумор меравад ва сарбории гароне барои буҷети кишвар аст. Ҳатто бинобар стратегияи мудирияти қарзи хориҷӣ, ки худи Тоҷикистон қабул кардааст, қарзи берунӣ набояд аз марзи 40 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ бештар бошад.
Як мояи нигаронии созмонҳои байнулмилалии молӣ ва шарикони Тоҷикистон қарзҳои бебаркаш ва ҳангуфти кишвар аз Чин аст. Коршиносону созмонҳо борҳо ҳушдор доданд, ки Душанбе аз пайомадаш биандешад ва ба "доми қарзҳои Чин" науфтад.
Чин - мояи нигаронӣ
Чин дар арзи чанд соли охир дар ивази қарзҳои ҳангуфташ чанде аз бандару фурудгоҳ ва конҳои маъдани кишварҳои Африқо ва Осиёро аз они худ кард. Бо вуҷуди чунин ҳушдорҳо, хавфи қарзи Чин барои Тоҷикистон ҳанӯз боқист.
"Эксимбонк"-и Чин бузургтарин қарздиҳанда ба Тоҷикистон аст. То моҳи апрели соли 2021 Тоҷикистон аз "Эксимбонк"-и Чин 1 миллиарду 129,79 миллион доллар гирифтааст.
Коршиносони Кумитаи ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Созмони Милал ҳамчунин гуфтаанд, ки ришвахориву фасоди густурда, бекорӣ, музди кори кам ва сатҳи пасти дониш дар мактабҳо дар Тоҷикистон мояи нигаронӣ аст.
Онҳо гуфтаанд, Тоҷикистон дар раддабандии арзёбии ришвахорӣ дар байни 198 кишвар дар мақоми 153 -ум ҷойгир аст, ки мояи нигаронии ҷиддӣ мебошад. Дар айни замон коршиносон аз талошҳои ҳукумат барои мубориза бо табъиз ва риояи ҳуқуқи коргарону таъмини амнияти онҳо дар ҷойи кор ситоиш кардаанд.
Гуфтугӯ