Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи содироти ангишт. Чаро нархи "тилои сиёҳ" дар Тоҷикистон афзуд? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомот дар Тоҷикистон содироти ангиштро ба Афғонистону Покистон ва Узбекистон манъ кардаанд. Дар Вазорати саноат сабаби тасмимро “таъмини талаботи дохилӣ дар сармо” номиданд. Сокинон аз афзоиши нархи “тилои сиёҳ” шикоят доранд.

Муҳиддин Давлатов, корманди Вазорати саноат, рӯзи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳафт моҳи имсол беш 308 ҳазор тонна ангиштро ба хориҷа фиристоданд. Ба қавли ӯ, ҳар тонна ангишт аз 40 то 80 доллар арзиш дорад, вале аз 17-уми сентябр интиқолаш ба берун манъ аст.

Бо вуҷуди манъи содирот, нархи ангишт дар конҳои Тоҷикистон расман 20 дарсад ва дар нуқтаҳои фурӯши ангишт дар маҳаллаҳо аз ин бештар боло рафтааст. Як тонна ангишт дар конҳо вобаста ба сифат аз 280 то 600 сомонӣ ва дар маҳаллаҳо ҳудуди 1200-1300 сомонӣ аст.

Муҳиддин Давлатов далели гаронии нархи ангиштро ба харҷи сӯзишворӣ рабт дод. Тоҷирон мегӯянд, сабабҳои дигар низ ҳаст.

Ба қавли тоҷир Субҳонҷон Ҳоҷиев, овардани ангишт аз маҳалли ҷойгиршавии кон дар ноҳияи Айнӣ то нуқтаи фурӯш дар канори Душанбе хароҷот дорад.

“Имсол ҳаққи тарозуи IRS гаронтар шудааст. Бар иловаи нархи ангишт, барои дастрас кардан ва то фурӯхтанаш ба сари ҳар тонна 100 сомонии дигар сарф мекунем. Ҳамаи ин ҳисоб мешавад,” – афзуд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, нархи ангишт имсол нисбат ба соли гузашта дусад-сесад сомонӣ барои як тонна гарон шудааст: “Соли гузашта як кило ангиштро ба 90 дирам гирифта, ба 1 сомонӣ мефурӯхтем. Имсол 1 сомониву 20 дирам - 1 cомониву 30 дирам аст.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар Тоҷикистон содироти ангишт манъ шуд, вале нархи он ҳамоно боло меравад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Ҳавои сард ва ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ талаботи мардумро дар рустоҳо ба ангишт бештар кардааст, вале онҳо мегӯянд, гаронӣ монеаи ҷиддист.

Авлиё Файзуллоев, сокини ноҳияи Рашт, гуфт, имсол ба монанди гузашта ангишти бештар захира карда наметавонад. “Солҳои пеш як тонна ангиштро ба 800 сомонӣ мехаридем, имсол 1200 сомонӣ мегӯянд. Ҳозир камтар мегирем,” – гуфт ӯ.

Як кило ангишти истеҳсоли Қирғизистон, ки дар пайи манъи содироташ ба кишвар камчин шуд, ҳоло ба 3 сомонӣ расидааст. Пештар аз 1 то 2 сомонӣ буд. Баъд аз онки роҳи соҳибкорони тоҷик барои овардани ангишти Қирғизистон баста шуд, баъзеи онҳо мегӯянд, ангиштро аз тоҷирони узбек мехаранд.

Дар Тоҷикистон 14 ширкат, аз ҷумла “Талко Ресурс”, “Фон-Яғноб”, “Қудрат”, “Вена” ва “Ширкати алюминийи Тоҷик” ба истихроҷи ангишт машғуланд.

Даст ёфтани ҳар ширкат ба конҳои ангишт ва истихроҷу фурӯши он осон дар Тоҷикистон нест. Дар гузашта нигарониҳо аз шаффофият дар анҷоми тендерҳои марбут ба истихроҷи канданиҳои фоиданок борҳо садо додааст.

Талаботи солонаи Тоҷикистон ба ангишт имсол 2 миллиону 753 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст. Ба иттилои расмӣ, ҳоло наздик ба 2 миллион тонна ангишт истихроҷ шудааст. Захираҳои кашфшудаи ангишт дар қаламрави Тоҷикистон 4 миллиард тонна гуфта мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG