Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъзе аз шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон кор меҷӯянд. ВИДЕО


Яке аз кӯчаҳои Душанбе
Яке аз кӯчаҳои Душанбе

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтае пеш дар Остонаи Қазоқистон гуфт, ки пас аз фармони басеҷ ё "мобилизатсия" 30 ҳазор шаҳрванди Русия ба Душанбе ва гӯшаҳои дигари кишвар омадаанд.

Баъзе аз онҳо мегӯянд, Тоҷикистонро ҳамчун гузаргоҳ ё кишвари транзитӣ истифода мекунанд, аммо иддае дигар пас аз як муддати зиндагӣ тасмим гирифтаанд, ки дар инҷо машғули кору даромаде шаванд. Дар Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтанд, дархости шаҳрвандони Русия барои ёфтани кор дар кишвар бештар шудааст.

Никита Потсанови 25-сола яке аз онҳост. Ӯ мехоҳад, хонаводаашро низ ба Душанбе биёрад. "Ҳоло чанд пешниҳодро баррасӣ мекунам. Дар Русия дар соҳаи нафту газ кор мекардам. Мехоҳам, дар Тоҷикистон низ ба корам идома диҳам. Умед дорам, ҳамчун мутахассиси соҳаи газ дар Тоҷикистон барои худ кор ёбам,"– афзуд ӯ.

Никита Патсанов
Никита Патсанов

Пештар маоши кам дар Тоҷикистон шаҳрвандони фирории Русияро нигарон мекард, аммо София Ланчо мегӯяд, "инҷо харҷи рӯзгор ҳам зиёд нест."

"Ҳама чиз ба худи кор вобаста аст. Кор шавқовару ҷолиб бошад, камии маош чандон эҳсос намешавад. Аммо агар кор шавқовар набошад, ҳатто маоши баланд инсонро наметавонад ба он дилгарм кунад," – гуфт ӯ.

София Ланчо
София Ланчо

Бонкҳо ва ниҳодҳои дигари Тоҷикистон талош доранд, мутахассисони фанновариҳои навро ба кор бигиранд.

Сарони дармонгоҳи “Диамед” бидуни сабт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чанде аз пизишкони Русия барои кор ба онҳо муроҷиат кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳар сол садҳо пизишку кормандони дигари тиб дар ҷустуҷӯи кору маоши муносиб Тоҷикистонро тарк карда, асосан ба Русия мераванд. Омӯзгорон низ дар айни вазъият ҳастанд.

"Албатта беҳтар аст, корхонаҳо аввал кормандони маҳаллиро ба кор ҷалб кунанд ва сипас ба омадаҳо рӯй оваранд," -- гуфт донишҷӯи тоҷик Фазлиддин Муҳиддинзода.

Видеоро дар инҷо бинед:

Муҳоҷирони рус дар Тоҷикистон кор меҷӯянд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Пештар баъзе аз шаҳрвандони Русия низ гуфта буданд, умед надоранд, ки дар Тоҷикистон кори хуберо бо маоши беҳтар биёбанд ва аз ин рӯ дар фикри бозгашт ба кишвари худ ё давлатҳои дигар ҳастанд.

Максим, яке аз ҳамсуҳбатони мо гуфта буд, "мутахассиси бозоршинос ҳастам. Инҷо сатҳи бекорӣ бисёр болост. Баръакс, тоҷикистониҳо дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Бо дониш ва маълумоте, ки ман дорам, бояд дар бозори Русия кор кунам.”

Коршиносон бар инанд, ки аз донишу таҷрибаи кадрҳои баландихтисоси Русия ба манфиати кор бояд истифода кард.

"Пеш фирориҳои Русия ба умед буданд, ки дар Тоҷикистон ҳафтае истода, сипас ба кишвари дигар мераванд. Ҳоло дар Думаи давлатӣ пешниҳод доранд, ки афроди фирориро хоин эълон кунанд. Агар чунин шуд, ба ин афрод дар Русия муҷозот таҳдид мекунад ва ба ин зудӣ наметавонанд ба кишварашон баргарданд," – шарҳ дод коршиноси бахши муҳоҷират Раҳмон Улмасов.

Раҳмон Улмасов
Раҳмон Улмасов

Дар Тоҷикистон бекорӣ мушкили асосии сокинон аст ва агар кор ҳам ёфт шавад, маош сокинонро қонеъ намекунад. Коршиносони як кумитаи Созмони Милал дар оғози моҳи октябр бекорӣ, музди кори кам ва сатҳи пасти донишро дар Тоҷикистон мояи нигаронӣ донистанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG