Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исмоилов: "Назар ба Русия, муомила бо тоҷикон дар Қазоқистон хуб аст" ВИДЕО


Суҳбат бо Акбарҷон Исмоилов дар оғози моҳи ноябр дар Остона сабт шуд
Суҳбат бо Акбарҷон Исмоилов дар оғози моҳи ноябр дар Остона сабт шуд
Ду моҳ пеш дар Қазоқистон Маркази ҷумҳуриявии фарҳангӣ ва этникии тоҷикон таъсис ёфт. Масъулонаш мегӯянд, созмон кори тақрибан сад ҳазор тоҷики муқими он кишварро танзим мекунад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳангоми сафар ба Остона бо Акбарҷон Исмоилов, раиси Маркази фарҳангӣ ва этникии тоҷикони Қазоқистон суҳбат карданд. Аввал аз ӯ пурсиданд, ки корро аз чӣ шуруъ кард?

Акбарҷон Исмоилов: “Маркази фарҳангӣ ва этникии тоҷикон дар Қазоқистон 2-юми сентябри имсол ташкил шуд. Баъд аз мустақил шудани Қазоқистон бисёре аз миллатҳо маркази худро доштанд, аммо тоҷикон надоштанд. Бале, дар ноҳия, вилоят ва шаҳрҳо марказҳои фарҳангӣ доштем, аммо ҷумҳуриявӣ набуд. Вақти ташкил шудани марказ аз тамоми Қазоқистон тоҷикон ба Остона омаданд. Мо дар саросари Қазоқистон 11 намояндагӣ кушодем. Маркази фарҳангӣ аслан як пуле аст байни тоҷикон ва ҳукумати Қазоқистон. Қариб 100 сол аст, ки тоҷикон дар Қазоқистон зиндагӣ мекунанд ва аз тарафи ҳукумати ин кишвар тамоми шароит барои омӯхтан ва ҳифзи забон ва фарҳанги тоҷикӣ фароҳам аст.”

Радиои Озодӣ: Мавқеи Маркази фарҳангӣ ба зиндагии тоҷикони Қазоқистон чӣ таъсир дорад?

Акбарҷон Исмоилов: “Ҳадафи маркази фарҳангӣ ин аст, ки натанҳо мушкилиҳои фарҳангӣ, балки мушкилиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғайраро ба ҳукумати Қазоқистон бирасонем ва барои ҳал шудани он ҳаракат кунем.”

Назар ба Русия муомилаи халқи қазоқ ба тоҷикон хеле хубтар аст, паст задан нест. Шояд баъзе ҳолатҳо бошад, аммо оммавӣ нест.

Чаро дар мактабҳои тоҷикӣ мушкили китоб пайдо шуд?

Радиои Озодӣ: Тоҷикони Қазоқистон асосан дар ҷануби ин кишвар дар вилояти Туркистон зиндагӣ мекунанд. Мо чанд рӯз дар миёни онҳо будем. Масъалаи асосиашон ба қадрӣ кофӣ дастрасӣ надоштан ба адабиёти тоҷикӣ аст. Дар мактабҳои тоҷикӣ китобҳо бо забони тоҷикӣ куҳна шудаанд ё қариб ки нестанд. Маркази фарҳангии тоҷикон барои ҳалли ин мушкил чӣ кор карда истодааст?

Акбарҷон Исмоилов: “Мо ин масъаларо бо Вазорати маорифи Қазоқистон расондаем. Мо дар ҷануби Қазоқистон дар вилояти Туркистон 12 мактаби тоҷикӣ дорем. Мушкили камбуди китоб 4-5 сол шуд, ки пеш омадааст. Солҳои қабл китоб мерасид. Медонем, ки ин масъала аз куҷо пайдо шуд. Барномаи дарсии мактабҳои Қазоқистон дигар шуд, навтар шуд ва барои ҳамин китобҳое, ки пештар буданд, ба кор нарафтанд. Мо пешниҳодҳои худро дар ин замина ба Вазорати маорифи Қазоқистон фиристодем ва умед дорем, ки масъала ҳал мешавад. Инҷо се масъала аст, якум маблағгузорӣ, ки аз тарафи мақомоти Қазоқистон ҳал шудааст. Дуюм, гирифтани иҷозатномаи муаллифи барномаи дарсӣ. Сеюм аз тарафи Тоҷикистон дастгирии илмӣ барои тарҷума кардани ин китобҳо зарур аст.”

Радиои Озодӣ: Оё ин масъаларо бо мақомоти Тоҷикистон дар миён гузоштед?

Акбарҷон Исмоилов: “Ҳозир не. Зеро аз таъсисёбии марказ вақти зиёд нагузаштааст. Солҳои 2005-2006 дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон масъалаи камбуди китобҳо гуфта шуда буд. Президент барои ҳалли масъала дастур дод ва аз Тоҷикистон чандин сол китоб ҳам оварданд. Акнун мо мехоҳем, аз Вазорати маорифи Тоҷикистон талаб кунем, ки барои мактабҳои тоҷикии Қазоқистон китобҳои нав фиристанд. Ин китобҳое, ки дар мактабҳои тоҷикии Қазоқистон аст, куҳна ҳастанд. Мо медонем, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон китобҳои нави шоирону нависандагон чоп мешаванд. Мо мехоҳем, аз ин китобҳо барои мактабҳои тоҷикии Қазоқистон ҳам фиристода шавад, то инки тоҷикони Қазоқистон аз онҳо истифода баранд.”

Навори мусоҳибаро дар инҷо бинед:

Исмоилов аз пешрафту мушкили тоҷикони Қазоқистон гуфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:41 0:00

“Тоҷикон бояд забони қазоқиро азхуд кунанд”

Радиои Озодӣ: Як шикояти тоҷикони Қазоқистон мушкил будани имтиҳонҳои дохил шудан ба донишгоҳҳо аст. Баъзе аз тоҷикони Қазоқистон ба мо гуфтанд, тестҳои қабул ба донишгоҳҳои Қазоқистон бо забонҳои қазоқӣ, русӣ, англисӣ аст, аммо ба забони тоҷикӣ нест. Яъне, хонандаи тоҷик мактабро бо забони тоҷикӣ мехонад, аммо наметавонад бо ин забон имтиҳони қабулро ба донишгоҳҳо супорад. Шумо ин масъаларо то куҷо бо мақомоти Қазоқистон дар миён гузоштед то имкон дода шавад тоҷикон бо забони модарии худ имтиҳонҳои қабулро супоранд?

Акбарҷон Исмоилов: “Бале, мо бояд бо забони тоҷикӣ бихонем ва бояд мактабҳои тоҷикӣ бошанд. Аммо як чизи дигар аст, ки вақте мо забони қазоқиро аз синфи аввали мактаб азхуд мекунем, дарҳои мо дар Қазоқистон бозтар мешавад. Дар ҷумҳурии Қазоқистон зиёда аз 130 қавму миллат зиндагӣ мекунанд ва барои ҳама имконияти баробар дода шудааст. Вақте мо забони қазоқӣ, яъне забони давлатиро донем, метавонем дар соҳаи тиб, идораҳои давлатӣ ва бисёр соҳаҳо озодона кор кунем. Яъне, тамоми ҳуқуқ ва имконият дода шудааст. Барои ҳамин, аз ҳама тоҷикони Қазоқистон хоҳиш мекунам, ки дар баробари забони тоҷикӣ забони қазоқиро низ азхуд кунанд.”

Радиои Озодӣ: Солона аз тарафи давлати Тоҷикистон барои тоҷикони Қазоқистон чанд квота барои таҳсил дар донишгоҳҳо ҷудо мешавад?

Акбарҷон Исмоилов: “Чандин сол шуд, ки аз тарафи Тоҷикистон барои тоҷикони Қазоқистон квотаҳо барои таҳсил ҷудо мешавад. Омори квотаҳо ҳар сол тағйир меёбад. Як нуктаро мехостам баён кунам, ки барои 12 мактаби тоҷикӣ дар Қазоқистон, омӯзгорони забону адабиёти тоҷик ва таърихи халқи тоҷик бисёр зарур аст. Ҳар қадар теъдоди ин омӯзгорон зиёд бошад, ҳамон қадар хуб аст. Шумо пештар масъалаи камбуди китобҳоро гуфтед. Ба мо омӯзгорон низ лозиманд. Имсол мо аз Тоҷикистон талаб мекунем, ки теъдоди квотаҳо зиёдтар шавад.”

Дархост аз муҳоҷирони тоҷик

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Исмоилов. Бубинед, Маркази фарҳангӣ аз тарафи тоҷикони Қазоқистон ташкил шудааст. Ба ҷуз аз тоҷикони бумӣ ҳамасола ҳазорҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон барои кор ба Қазоқистон меоянд. Марказ барои муҳоҷирони тоҷик чӣ корҳоро анҷом дода истодааст ва чӣ имкониятҳо дорад?

Акбарҷон Исмоилов: “Муҳоҷирони тоҷикро аз тоҷикони бумии Қазоқистон ҳеч гоҳ ҷудо накардем. Пеш аз таъсиси марказ доимо ёрии худро ба муҳоҷирони тоҷик мерасондем. Масалан агар муҳоҷирон бемор шаванд, ба онҳо мадад мекунем то табобат гиранд ё ба Тоҷикистон раванд. Ягон нафарашон вафот кунанд, мо соҳибкорони тоҷик ҷамъ шуда, ба фиристодани тобутҳо ёрӣ мекунем. Ғайр аз ҳамаи ин, мо ба муҳоҷирон ёрии ҳуқуқӣ мерасонем. Бисёр мушкилиҳо мешавад, масалан, баъзе муҳоҷирон аз надонистани ҳуқуқи худ дар баъзе ҷой кор мекунанд, маблағашонро гирифта наметавонанд ва мушкилиҳои дигари ҳуқуқӣ. Мо дар ин ҳолат ба муҳоҷирон аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ёрӣ мерасонем.”

Радиои Озодӣ: Муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз гаронии нархи патент, таъқиби пулис ва озори лафзии сокинони маҳаллӣ шикоят мекунанд. Дар Қазоқистон мушкили асосии муҳоҷирони тоҷик чӣ аст?

Акбарҷон Исмоилов: “Назар ба Русия муомилаи халқи қазоқ ба тоҷикон хеле хубтар аст, паст задан нест. Шояд баъзе ҳолатҳо бошад, аммо оммавӣ нест. Фақат аз муҳоҷирон хоҳиш мекунам, вақте вориди Қазоқистон мешаванд, аввал будубоши худро қонунӣ кунанд. Байни Тоҷикистону Қазоқистон созишнома барои кори муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон ҳаст. Барои ҳамин, вақте муҳоҷирон ҳузури худро қонунӣ мекунанд, мушкилии ҳуқуқӣ пеш намеояд. Ҳар масъалае, ки аз Маркази фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон вобаста аст, мо ёрии худро мерасонем.”

Акбарҷон Исмоилов соли 1988 дар вилояти Улутави Қазоқистон таваллуд шудааст. Таҳсили миёнаро дар шимоли Қазоқистон гирифта, соли 2016 Донишгоҳи Мадинаро хатм кард. Ба соҳибкорӣ машғул аст. Ӯ бунёдгузори се ширкати тиҷоратӣ аст. Аз соли 2017 то 2022 роҳбари Маркази тоҷикони шаҳри Остона буд. Аз моҳи сентябри соли 2022 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG