Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брюс Паннир: "Нақши Туркия дар сиёсати ҷаҳонӣ болотар меравад"


Брюс Паннир
Брюс Паннир
  • Раҳбарони Созмони Кишварҳои Туркзабон чӣ гуфтанд?
  • Бе Русия ва Тоҷикистон. Нақши Чин чӣ хоҳад буд?
  • Агар Эрдуғон набошад, созмон хоҳад монд ё..?

Ба ин суолҳо таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, Брюс Паннир, рӯзи 11-уми ноябр ва пас аз нишасти раҳбарони Созмони Кишварҳои Туркзабон дар Самарқанд посух дод.

Брюс Паннир: “Нишаст барпо шуд. Ҷамъ овардани ҳама раҳбарони кишварҳои туркзабон ба ин маъност, ки созмон ба пеш ҳаракат мекунад. Албатта, ин марҳилаи аввал аст. Онҳо масъалаҳоеро ба монанди ташкили долонҳои тиҷоратӣ баррасӣ карданд. Он аз қаламрави Русия намегузарад. Ин муҳим аст. Мо низ медонем, ки Чин мехоҳад, як долони тиҷоратиеро бисозад, ки аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз гузашта, ба Аврупо биравад. Яъне, дар ин масъала пуштибонии Чин ба даст меояд.

Онҳо, инчунин, эҷоди як Бунёди сармоягузориро баррасӣ карданд, ки барои Қирғизистон ҳам муҳим хоҳад буд. Ҳоло онҳо хоҳони сармоя аз манбаъҳои дигар ҳастанд. Мавзӯи амният ҳам баррасӣ шуд ва нақши созмон дар таъмини амнияти минтақаи онҳо матраҳ гардид.

Аз ин рӯ, нақшаҳои созмон калон аст, вале ин марҳилаи аввал аст. Дар гузашта созмон ба тарзи дигар, бештар бар пояи умумиятҳои фарҳангӣ, амал мекард. Ба бовари ман, маҳз ба хотири Эрдуғон онҳо дар фикри ба як созмони муассир табдил додани ташаккул ҳастанд, то ба масоиле ба монанди амният, тиҷорат ва пешрафти иқтисодии кишварҳои узв машғул шавад.”

Радиои Озодӣ: Бо назардошти инки созмон бе ҳузури Русия созмон ёфтааст, то куҷо метавонад, барои минтақа муассир бошад? Ва, ба назари Шумо, дарозумрии созмон ба будани Эрдуғон вобаста аст?

Брюс Паннир: “Суоли хуб аст. Ба узвияти созмон Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистону Туркманистон, чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, шомиланд. Баъзеи онҳо узви ташкилоте ба мисли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳастанд, аммо Қазоқистону Қирғизистон аз нақшаш чанд розӣ нестанд.

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой низ ҳаст, вале ҳамаи онҳо мисли намоиш ҳастанд: ҷамъ мешаванд, гапи бисёр мезананд, вале барои Осиёи Миёна кори каме мекунанд.

Самарқанд
Самарқанд

Созмони Кишварҳои Туркзабон аз ин ду ташкилот каме фарқ мекунад, ба ҳар ҳол, ниятҳояш дигар аст. Онҳо мехоҳанд, назар ба Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой фаъолтар бошанд ва пайвандҳои фарҳангию таърихӣ ҳам доранд. Онҳо мехоҳанд, равобиташон беҳтар шавад, вале дар зеҳни ман як савол мечархад. Эрдуғон ташаббускори калидии ин ҳадафҳо аст. Нақши Туркия дар сиёсати ҷаҳонӣ болотар меравад. То замони сари қудрат будани ӯ, ин созмон пешрафт мекунад, вале маълум нест, дар набудани Эрдуғон созмон то куҷо суръат ва майли идома додани ин ҳадафу робитаҳоро ҳифз хоҳад кард.

Эрдуғон бисёр мехоҳад, ин ташаккул дар сиёсати ҷаҳонӣ нақши муҳим бозад. Ин ҳадаф ба орзуи ба як императории “Усмонии дуюм” табдил додани Туркия мувофиқ меояд. Барои ӯ ин чиз бисёр муфид аст. Ба дигар кишварҳои узв ҳам ин чиз лозим аст, чунки як шарики дигари пурқуввате хоҳад буд, ки дар баробари Чину Русия ва ҳатто Ғарб як мувозинатеро таъмин хоҳад кард. Туркия як кишвари каме осиёию каме ғарбист ва дида мешавад, ки дар сиёсати ҷаҳонӣ нақши муҳиме бозӣ мекунад.

Ҳама мехоҳад, паҳпод ё дронҳои Туркияро харад. Дар Осиёи Марказӣ низ ҳама, ба ҷуз Тоҷикистон, мехоҳанд, дронҳои туркӣ бихаранд. Аз ин рӯ, ман мувофиқам, ки Туркия шонси табдил шудан ба як кишвари бонуфузро дар ҷаҳон дорад.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG