Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пеш то Ҳиндустон мерафтанд, ҳоло мегӯянд, Интернет ҳаст" ВИДЕО


Шералӣ Ҳотамов
Шералӣ Ҳотамов

Шералӣ Ҳотамови 75-сола дар Душанбе китоб мефурӯшад, аммо ба гуфтааш "на аз рӯйи зарурат, балки ба хотири маърифати ҷавонон".

"Фикр мекунед, олимон аз куҷо пайдо шуданд? Аз китоб хондан! Он вақт Интернет набуд. Барои китоб хондану панду ҳикмат ёд гирифтан, ба Бухорову Самарқанду Ҳиндустон мерафтанд. Ҳоло ҷавонҳоро ба китобхонӣ ташвиқ мекунӣ, мегӯянд, ҳама чиз дар Интернет ҳаст. Хондани китоб дигар аст," - бовар дорад Ҳотамов.

Ҳоло дар як дӯкони хурде дар маркази пойтахт ба муштариён на танҳо китоб мефурӯшад, балки маслиҳат ҳам медиҳад: "Мегӯем, бештар классиконро гиреду хонед. Ашъори Саъдиву Ҳофиз, Умари Хайём. Вақте ин чизҳоро мехонед, кайфияташ дигар аст."

Дар дӯкони тангаш аз 300 то 500 китоб дорад. Китобҳоро одатан сокинон меоранд. Ӯ мегираду ҳар рӯзе 5-8 ва ё баъзан то 15 китоб мефурӯшад.

Ҳотамов дар китобфурӯшӣ 20 сол таҷриба дорад. Мегӯяд, таваҷҷуҳи ҷавонон дар ин муддат ба харидану хондани китоб дар Тоҷикистон "хеле кам шудааст".

"Танҳо шахсоне, ки таҳсил мекунанд, баъзан аз рӯи зарурат ва баъзан маҷбурӣ китоб мепурсанд. Онҳо мегӯянд, мехонему чӣ кор мекунем? Фалон одам хонд, ҳеч кас нашуд. Ин чиз хато аст. Ман ба ҳама тавсия медиҳам, ки китоб хонанд," – афзуд ӯ.

Муштариён мегӯянд, ҳарчанд китобҳои ин дӯкон нав нест, аз ҷиҳати нарх ва мавзуъ барои дӯстдорони китоб дастрас ва писанд аст.

Нақибхон Нуров, яке аз муштариёни доимии Шералӣ Ҳотамов аст. Ӯ мегӯяд, қариб ҳар рӯз ба ин дӯкон меояд ва баъзан вақт китобҳои заруриашро пайдо мекунад. “Ҳарчанд каме фарсуда шудаанд, моҳияташ дигар нашуда,” – афзуд Нақибхон Нуров.

Шералӣ Ҳотамов 38 соли умрашро ба омӯзгорӣ гузарондааст ва барои беҳбудии вазъи китобхонӣ пешниҳоде дорад. Ӯ мегӯяд, “ҳукумат бояд ба соҳаи маориф ҷиддӣ таваҷҷуҳ кунад.”

“Мо дар вақташ аз талаба ба ҷуз хондан чизе талаб намекардем. Ҳоло, баъзан, аз толибилмон пули мактабу дигар чизҳоро мепурсанд," - хулоса кард ӯ.

Наворро дар инҷо бинед:

"Барои фаҳмидани як чиз то Ҳиндустон мерафтанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG