Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони қирғиз аз танқиди вакилони рус хашмгин шуданд. ВИДЕО


Порлумони Қирғизистон
Порлумони Қирғизистон

Вакилони мардумии Қирғизистон ба вакилони Думаи давлатии Русия машварат додаанд, ки бо корҳои худашон машғул шуда, аз дахолат ба умури дохилии Қирғизистон худдорӣ кунанд.

Ин мубоҳиса замоне шурӯъ шуд, ки дар порлумони Қирғизистон тағйири номҳои шӯравии ноҳияҳои пойтахти ин кишвар матраҳ гардид.

Дар даврони шӯравӣ пойтахти Қирғизистон Фрунзе ном дошту ноҳияҳояш Ленин, Свердлов, Октябр ва Первомай номгузорӣ шуда буданд. Қирғизстони соҳибистиқлол номи пойтахтро ба Бишкек иваз кард, аммо ноҳияҳо то ҳанӯз номҳои даврони коммунистиро дигар накардаанд. Чанде пеш раиси порлумони Қирғизистон Нурлан Шакиев пешниҳод кард, ки номи ноҳияҳои Бишкек иваз шавад. Ин ташаббус аз тарафи вакилони Думаи давлатии Русия танқид шуд.

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Светлана Журова, вакили Думаи давлатии Русия гуфт, “Ин аввалин қадами даст кашидан аз забони русӣ дар Қирғизистон аст. Ин иқдом ҳуқуқи русзабонҳоро поймол мекунад. Мо медонем, ки дар Украина ҳам аз ҳамин гуна иқдомҳо шурӯъ карда буданд. Мегуфтанд, ки ҳимоят аз забони давлатӣ аст, вале дар асл мефаҳмиданд, ки аз забони русӣ даст мекашанд.”

Ба ақидаи Журова, дар ин бора бояд ба президент Путин хабар дод, то президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборовро аз нороҳатии ҷониби Русия огаҳ кунад. Вакили дигари Думаи давлатӣ Александр Юшенко тағйири номҳо дар Қирғизистонро амали “русбадбинона” ва дасисаи кишварҳои ғарбӣ унвон дод.

Александр Юшенко, вакили рус гуфт, ”ИМА ва кишварҳои ғарбӣ ин сиёсатро дар қаламрави ҷамоҳири собиқ шӯравӣ татбиқ мекунанд. Ба ақидами ман, навбати озмоиши иқдомҳои зиддирусӣ ба Қирғизистон расид.”

Вакилони мардумии Қирғизистон ба вокунишҳои тунди сиёсатмадорони рус фавран посух доданд.

Достан Бекешев, вакили қирғиз мегӯяд, “ман ба вакилони мардумии Думаи давлатии Русия машварат медиҳам, ки ба корҳои дохилии Қирғизистон дахолат накунанд. Мо худамон медонем, ки чиро чӣ гуна номгузорӣ кунем. Мо гузаштаи шӯравиро инкор намекунем ва ҳеҷ гоҳ аз ёд нахоҳем бурд. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо барои пешбурди умур аз вакилони мардумии Русия иҷозат пурсем. Қирғизистон давлати соҳибистиқлол аст. Мо медонем, чӣ кор кунем!”

Дар Қирғизистон забони русӣ мақоми расмӣ дорад. Аммо мавқеъгирии вакилони Русия суолеро ба миён меорад, ки чаро дар Русия шаҳри Ленинград метавонад Санкт-Петербург шавад, Свердловск метавонад Екатеринбург шавад, вале Бишкек ҳақ надорад аз Ленину Свердлову мероси болшевикӣ халос шавад?

Ё ба симоҳои шинохтаи Қирғизистони даврони шӯравӣ ба монанди адиб Чингиз Айтматову сиёсатмадор Турдиохун Усубалиев номгузорӣ шудани ноҳияҳои Бишкек ба нуфузи забони русӣ дар ин ҷумҳурии Осёи Марказӣ чӣ таъсире хоҳад гузошт?

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG