Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) мегӯяд, паёмадҳои манфии ҷанги Русия дар Украина ба иқтисоди Тоҷикистон баръакси интизорот бисёр сахт набудааст, аммо эҳтимоли дар ояндаи наздик ранҷи бештар кашидани он вуҷуд дорад.
Ҳайати ин муассисаи байналмилалии молӣ, ки чанде пеш дар Душанбе буд, арзёбӣ ва гузориш дар бораи вазъи иқтисодии Тоҷикистонро рӯзи 23-уми декабр нашр кард. Дар он аз ҷумла омадааст:”Пас аз рушди 9.2 дарсадӣ дар соли 2021 тавлиди нохолиси дохилии воқеӣ дар моҳҳои январ октябр 8 дар сад афзоиш ёфт, ки баёнгари инкишофи васеи саноат, аз ҷумла истихроҷи маъдан, кишоварзӣ ва сохтмтон аст. Баръакси интизорот, таъсири ҷанги Украина ба иқтисод зиёд набуд.”
Коршиносони Сандуқи Байналмилалии Пул гуфтаанд, билофосила баъди ҷанги Русия дар Украина, ки моҳи феврал шуруъ шуд, интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон кам шуд, вале дар семоҳаи дуввуми имсол якбора афзоиш ёфт. Захираҳои арзии Тоҷикистон дар 8 моҳи гузашта ҳам аз 2 миллиарду 500 миллион доллар ба 3 миллиарду 400 миллион доллар афзоиш ёфтааст, ки барои воридоти 8 моҳа кофист.
Ба гуфтаи Сандуқи Байналмилалии Пул, бо вуҷуд пешрафти иқтисодӣ, маълум нест, то кай иқтисоди Тоҷикистон аз суст шудани рушди иқтисодӣ дар Русия, мизбони асосии муҳоҷирони корӣ ва як шарики асосии иқтисодӣ эмин хоҳад монд. Иқтисоди Тоҷикистон сахт пойбанди пули муҳоҷирони корӣ аст, ки аз Русия ба ватан мефиристанд.
Мутахассисони Сандуқи Байналмилалии Пул гуфтаанд, ки дар сурати бадтар шудани аҳволи иқтисоди Русия, ки таҳти таҳримоти иқтисодии кишварҳои ғарбӣ қарор дорад, мумкин аст, интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон кам шавад. Дар навбати худ даромади бонкҳои Тоҷикистон ҳам коҳиш ёбад ва дар сурати бозгашти муҳоҷирон ба кишвар эҳтиёҷ ба кумакҳои иҷтимоии давлат ба аҳолӣ афзоиш ёбад.
Бо вуҷуди пешрафти иқтисодӣ, Тоҷикистон яке аз кишварҳои камбизоати Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Аз ин пештар Бонки Ҷаҳонӣ дар як гузорише дар бораи таъсири ҷанги Украина ба минтақа гуфт, Тоҷикистон бо аҳолии ҷавон ва ҳам дар ҳоли афзоиш, имконоти азими иқтисодӣ дорад.
Дар ин гузориш омадааст: “Барои баҳра бурдан аз имконот ҳукумат бояд, ислоҳоти сохториро суръат бахшад, волоияти қонунро таъмин кунад, шароитро барои сармоягузорон муносиб созад ва рақобати одилонаро ба роҳ монад. “
Шикоят дар Тоҷикистон аз рақобати носолим, ришвахорӣ, фазои тарснок барои сармоягузорӣ солҳост, ки кам намешавад.
Гуфтугӯ