Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се милиса дар Кӯлоб пас аз таҷаммӯи сокинон. ВИДЕО


Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб
Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб

Се корманди Раёсати умури дохилии Кӯлобро, ки масъули боздошти Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола буданд, дастгир кардаанд. Иттиҳоми зидди онҳо маълум нест. Мақомот расман хабар надоданд. Манобеъ мегӯянд, масъалаи шиканҷа матраҳ нест.

Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлоб, шаби 2-юм ба 3-юми январ пас аз боздошт аз сӯи маъмурони милиса дар шароити мармуз даргузашт. Наздиконаш даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа ҷон додааст. Вазорати корҳои дохилӣ сабаби марги ӯро истеъмоли аз меъёр беши маводи мухаддир номид.

  • Зафар Холов
  • Шамшод Шарифов
  • Ҷамшед Кароматов, маъмурони милисаи Кӯлоб, ҳоло дар боздоштанд, вале ҳанӯз нисбат ба онҳо айб эълон нашудааст.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои тафтишотӣ, ки нахост, номаш зикр шавад, рӯзи 4-уми январ гуфт, “кормандони милиса бе иҷозаи додгоҳ Абдуқаҳҳор Розиқовро боздошт карда, пеш аз марг барои наҷоти ҷони ӯ талоше анҷом надодаанд.”

“Онҳо худсарона шаҳрвандро боздошт кардаанд. Ҳоло натиҷаи пурраи ташхисро интизорем, то парванда боз шавад. Милисаҳо худсарона амал кардаанд, хунукназарӣ кардаанд, вале ҳолатҳои шиканҷа шудан ё нашуданро натиҷаҳои ниҳоии ташхис маълум мекунад,” – афзуд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дафни Абдуқаҳҳор Розиқов ва боздошти се милиса
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

Марги мармузи Абдуқаҳҳор Розиқов рӯзи 3-юми январ эътирози гурӯҳе аз сокинони Кӯлобро ба бор овард. Онҳо ҷасадро то шом аз сардхона нагирифтанд ва талаби боздошти онҳоеро намуданд, ки дар марги ин сокини шаҳр даст доранд.

Сафар Гиеёев, тағои Абдуқаҳҳор шаби 3-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ба онҳо се милисаи боздоштшударо нишон доданд, ки дар боздошти ӯ иштирок карда буданд. “Ба мо гуфтанд, ки милисаҳоро боздошт кардем ва парвандаашон таҳқиқ мешавад. Мо ҷасадро аз сардхона гирифтем,” – гуфт ӯ.

Дар гузашта низ чанд гумонбар пас аз боздошт аз сӯи маъмурони милиса ва Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ҷон бохта буданд. Наздикони онҳо ҳамеша аз шиканҷа гуфтаанд, вале мақомот аз сактаи дилу муътодӣ.

Аз ҷумла, Меҳроҷиддин Гадозода, сокини шаҳри Ваҳдат, моҳи апрели соли 2021 баъди дастгир шудан аз сӯйи маъмурони милиса ҷон дод. Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ӯ ба қасди фирор худро аз ошёнаи севум партофт. Наздиконаш бовар надоранд ва ҷуброни зарари маънавӣ мехоҳанд.
Соли 2018 наздикони Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, гуфта буданд, ки ҷасади ӯро баъд аз як рӯзи боздошт аз тарафи маъмурони милиса бо осори латукӯб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифтанд. Мақомот далели шиканҷа шудани ӯро рад карда, гуфтанд, Назаров аз сактаи қалбӣ даргузашт.
Баҳромиддин Шодиеви 28-сола, ки соли 2011 бо гумони дуздӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуда буд, бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол ёфт ва баъди 10 рӯз ҷон дод.
Волидони Шамсиддин Зайдуллоев соли 2015 иддао карданд, ки ӯ бар асари латукӯби маъмурони Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир фавтидааст. Мақомот гуфтанд, ӯро муътодӣ ё "ломка"-и маводи мухаддир кушт.
Умар Бобоҷонов, сокини шаҳри Ваҳдат, охири моҳи августи соли 2015 аз ҷониби мақомоти интизомӣ дастгир шуда, пас аз як ҳафта дар шифохона даргузашт. Пайвандонаш гуфтанд, кормандони пулис ӯро барои гуё риш доштан задаанд. Баъзе аз маъмурони милиса гуфта буданд, Умар Бобоҷонов дар ҳолати мастӣ буд ва ба ҷӯйбори бетонӣ афтода, аз ҳуш рафт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG