Чин баъд аз се сол паҳншавии бемории COVID-19 карантини маҷбурӣ ва маҳдудияти вуруди мусофиронро ба ин кишвар бекор кард.
Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гузориш дод, ки аввалин гурӯҳи мусофирон рӯзи 8-уми январ бе маҳдудият вориди Чин шуданд. Ба ин тартиб, дарвозаҳои ин кишвар пас аз се соли маҳдудиятҳои сахт дар даврони коронавирус ба сӯи дунёи берун боз гардид.
387 мусофир аз Канада ва Сингапур аз ҷумлаи мусофироне буданд, ки субҳи якшанбе ба Чин расиданд ва бо карантини панҷрӯза рӯбарӯ нашуданд. Тибқи гузоришҳо, марзи Ҳонконг низ, ки чанд сол баста буд, рӯзи якшанбе боз шуд. Интизор меравад, дар ду моҳи оянда беш аз чаҳорсад ҳазор нафар аз Ҳонконг вориди Чин шаванд.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", ҳазорон нафар аз мардуми Чин сокини Ҳонгконг, ки се сол аз дидор бо падару модар ва наздикони худ маҳрум буданд, рӯзи якшанбе дар нахустин соатҳои иҷрои муқаррароти нав, дар терминалҳои ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрӣ саф кашида буданд, то ба шаҳрҳои гуногуни Чин бираванд.
Пекин маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирусро пас аз он бекор кард, ки моҳи гузашта алайҳи ин маҳдудиятҳо эътирозҳои камсобиқа дар ин кишвар сурат гирифт. Интизор меравад, бо аз байн бурдани ин маҳдудиятҳо, майли чиниҳо барои сафар ба хориҷ афзоиш ёбад, чун онҳо дар сурати баргашт ба кишвар, ба карантини 5-рӯза рӯбарӯ нахоҳанд шуд.
Бо вуҷуди аз байн бурдани карантин, сайёҳон наметавонанд, визаи дохил шудан ба Чинро ба даст биоранд ва хориҷиҳо танҳо ба ҳадафи тиҷорат метавонанд ба ин кишвар бираванд.
Бо ин ҳол, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ борҳо аз Чин хостааст, ки маълумоти воқеиро дар бораи шумораи гирифторони КОВИД-19 дар ихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ бигузорад. Тибқи гузоришҳо, шумори гирифторон ва қурбониён дар он кишвар бештар аз оморе аст, ки ҳукумати Чин ба таври расмӣ нашр мекунад.
Бар асоси маълумоти Кумисюни миллии тандурустии Чин, ки моҳи гузашта фош шуд, шумораи гирифторон ба садҳо миллион нафар афзоиш ёфта ва бемористонҳои кишвар пур аз беморон аст.
Аз тарафи дигар, ба гузориши "Ассошиэйтед Пресс", Чин ҳисобҳои корбарии беш аз як ҳазор мунтақиди сиёсатҳои нави ин кишварро дар баробари КОВИД-19 дар шабакаҳои иҷтимоӣ бастааст. Ҳисобҳои басташуда матолиберо дар бар мегирифт, ки аз ин сиёсатҳои нави Чин интиқод мекард.
Бо бекор кардани маҳдудиятҳо, ин нигарониҳо вуҷуд дорад, ки имкон дорад ин беморӣ дар Чин афзоиш ёбад. Акнун баъзе аз бемористонҳои Чин бинобар беморони зиёд тавони қабули ҳама муроҷиаткунандаҳоро надоранд. Дар бештари дорухонаҳо ва ҷойҳои сӯзондани ҷасадҳо, сафи дарози мардум дида мешавад.
Тибқи гузоришҳо, бинобар эҳтимоли паҳншавии бештари КОВИД-19, даҳ кишвари ҷаҳон ба вуруди мусофирон аз Чин ба ин кишвар маҳдудиятҳо ҷорӣ кардаанд.
Гуфтугӯ