Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз ним миллион амалиёти нотариалӣ анҷом медиҳанд. Аз хариду фурӯши хонаву мошин гирифта то иҷозаи ба хориҷ бурдани кӯдакон, тасдиқи тарҷумаҳо ва тақсими мерос.
Таҳқиқоти журналистӣ собит кард, ки нотариусҳои давлатӣ дар Тоҷикистон аз корафтодаҳо бештар аз миқдори муайяншудаи боҷи давлатӣ маблағ мегиранд. Боҷи давлатӣ на дар бонк, балки бар хилофи қонун, дар дохили нотариусҳои давлатӣ ва ба дасти нотариусҳо дода мешавад. Инчунин, бар хилофи қонун, дар "бланкаҳо" пули пардохтаи корафтодаҳо нишон дода намешавад. Вазорати адлияи Тоҷикистон ҷой доштани қонуншиканиҳои мазкурро расман рад ё тасдиқ накард.
Кӣ чӣ қадар "ҳақ" дорад?
Ба фарқ аз кишварҳои дигар, дар Тоҷикистон фаъолияти нотариатӣ танҳо дар ихтиёри давлат буда, нотариусҳои шаҳру ноҳияҳо тобеи Вазорати адлия ҳастанд. Вазорати адлия ҳар сол омори амалиёти нотариалиро дар ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ ва нашр мекунад. Ба иттилои вазорат:
Соли 2018 - 558 ҳазору 548;
Соли 2019 - 547 ҳазору 657;
Соли 2020 - 410 ҳазор;
Соли 2021 - 656 ҳазору 109;
Шаш моҳи соли 2022 - 341 ҳазору 96 амалиёти нотариалӣ анҷом шудааст.
Инчунин:
Соли 2018 - 57 миллиону 368 ҳазору 879 сомонӣ;
Соли 2019 - 60 миллиону 325 ҳазору 713 сомонӣ;
Соли 2020 - 62 миллиону 979 ҳазору 804 сомонӣ;
Соли 2021 - 74 миллиону 933 ҳазору 791 сомонӣ ба буҷаи давлатӣ ворид шудааст.
Як тақсимоти соддаи риёзӣ анҷом медиҳем: 74 миллиону 933 ҳазору 791 сомониро ба 656 ҳазору 109 амалиёт тақсим кунем, тақрибан ҳар амалиёт ба 114 сомонӣ баробар мешавад. Ин маънои онро дорад, ки дар соли 2021 ҳар амалиёти анҷомшудаи нотариалӣ тақрибан 114 сомонӣ ба буҷаи кишвар даромад овардааст.
64+64 дар нотариусҳои давлатӣ 194 сомонӣ мешавад?
Дар долонҳо ва утоқҳои нотариусҳои давлатӣ, ба вижа дар се ноҳияи шаҳри Душанбе – Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ – ба истилоҳ ҷойи сӯзан задан нест. Ҳар рӯз корафтодаҳои зиёде барои ба расмият даровардани амалҳои гуногун муроҷиат мекунанд. Кор ба ҷое расидааст, ки баъзе аз корафтодаҳо барои навбат бо ҳам даст ба гиребон мешаванд.
Нотариусҳои давлатӣ серкоранд, ҳуруфчинон аз онҳо серкортар. Ин ҳолат ба корафтодаҳо, эҳтимол, таъсири равонӣ мерасонад, ки ҳар маблағеро аз онҳо талаб кунанд, бе шубҳа ва дархости расид (чек) мепардозанд.
Фарзи мисол, бино ба нархномае, ки дар долонҳои нотариусҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе овезон аст, тасдиқи ваколатномаи ҳуқуқи истифода ва ё ихтиёрдории воситаи нақлиёт (ба ибораи соддатар, хариду фурӯши мошин бо "доверенность" бо ҳуқуқи маҳдуд) 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба иловаи 16 сомонӣ арзиши “бланка” нишон дода шудааст.
Дар соли 2022 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 64 сомонӣ муқаррар шуда буд. Ба ин тартиб, ду нишондиҳанда (64+64) 128 сомонӣ мешавад. Ба иловаи 16 сомонии арзиши “бланка” амалиёти хариду фурӯши мошин расман 144 сомонӣ харҷ дошт.
Видео: Шарҳи муаллиф
Муаллифи таҳқиқот дар моҳи августи соли 2022 амалиёти нотариалии мазкурро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе анҷом дод. Он замон ин амалиёт барои муаллиф на 144 сомонӣ, балки 240 сомонӣ харҷ овард. 210 сомонӣ нотариуси давлатӣ гирифт ва 30 сомонӣ зане, ки ваколатномаро ҳуруфчинӣ кард.
Аз 240 сомонии харҷшуда, 46 сомониаш ҳадди ақал маълум, ки ба куҷо рафт, аммо 94 сомонии дигар номаълум куҷо шуд. Дар “бланка” боҷи давлатӣ нишон дода нашудааст ва ҳам ба муаллиф дар ивази гирифтани ин маблағ расид дода нашуд. Дар ин амалиёт якбора чанд мавриди риоя нашудани қонун сурат гирифт:
- Зиёдтар аз нишондоди боҷи давлатӣ ситонидани пул
- Дар дохили худи нотариус гирифтани маблағ
- Надодани расид
- Нишон надодани маблағи пардохтшуда дар санад
Намунае аз ваколатномаҳо баёнгари онанд, ки нотариусҳо арзиши амалиёт ё маблағи гирифтаашонро дар онҳо дарҷ намекунанд:
Санҷиши журналистӣ: зарбу тақсими нотариуси давлатӣ
Барои муайян кардани онки ба расмиёт даровардани хариду фурӯши хонаҳо дар нотариусҳои давлатӣ чӣ қадар харҷ дорад, озмоиши журналистӣ анҷом дода шуд. Бо ҳадафи санҷиш, хонаи иборат аз 100 метри мураббаъ (квадратӣ) харидорӣ мешуд.
Нотариуси давлатӣ, ки аз ӯ шартан Д.С. ном мебарем.
Макон: ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Замон: ибтидои моҳи декбари соли 2022
Ж - Журналист
Н - Нотариус
Ж: Салом, хонаи иборат аз 100 метри мураббаъ чӣ қадар харҷ дорад?
Н: Салом. “Справка”-и “НБТ” нагирифтед, ҳоло?
Ж: Не, аввал арзиши хариду фурӯшро фаҳмем. Ман хона мехарам. Харҷи нотариус ба дӯши ман аст. Барои ҳамин, аввал нархро фаҳмам. Хонае, ки мехарам, 100 метри квадратӣ аст.
Н: (бо калкулятор): Хонаи 100 квадратӣ 3225 сомонӣ (харҷи нотариус).
Ҳисобу китоби боҷи давлатӣ ва дигар харҷи нотариатӣ ба арзиши 3225 сомонӣ аз сӯи нотариуси давлатӣ барои хонаи иборат аз 100 метри мураббаъ дар ҳолест, ки бино ба муқаррароти қонун, хариду фурӯши ин гуна манзил бояд ҳамагӣ 2576 сомонӣ бошад.
Боҷи давлатӣ барои тасдиқи шартномаи хариду фурӯши амволи ғайри манқул (манзили истиқоматӣ) барои ҳар кадом метри мураббаъ 40%-и як нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян шудааст. Як нишондиҳанда дар соли 2022 аз 64 сомонӣ иборат аст. 40 дарсади 64 сомонӣ ба 25.6 сомонӣ баробар аст. Акнун 100 метри мураббаъро ба 25.6 сомонӣ зарб мезанем. Дуруст, 2560 сомонӣ, ба иловаи 16 сомонӣ арзиши коғази тамғадор ё “бланка”.
Ин арзиши расмии хариду фурӯши хонаи иборат аз 100 метри мураббаъ аст. Аммо нотариус 3225 сомонӣ талаб мекунад. 650 сомонӣ бештар аз арзиши расмии амалиёт. Маълум нест, нотариуси давлатӣ аз 3225 сомонии аз шаҳрванд гирифтааш чанд дарсади онро ба буҷаи кишвар мепардозад.
Як пурсиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ собит кард, ки дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ шаҳрвандон бо чунин таҷрибаҳо рӯ ба рӯ шудаанд:
Даромади ҳуруфчин - моҳонаи як омӯзгор
Ба ҷуз аз нотариусҳои давлатӣ ҳуруфчинон ё ба истилоҳи расмӣ нозирон-коргузорон дар идораҳои нотариатӣ кор мекунанд, ки аксари онҳо зан ҳастанд. Ҳуруфчинии як саҳифаи “бланка” 30 сомонӣ аст.
Як ҳуруфчин дар яке аз нотариусҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба шарти ифшо нашудани номаш нақл кард, ки вай дар як рӯз ба ҳисоби миёна то 20 “бланка” пур мекунад. Даромади миёнаи як ҳуруфчин (ки дар идораҳои нотариалӣ онҳоро расман нозир-коргузор унвон мекунанд) дар рӯз 600 сомониро ташкил медиҳад. Ин ҳуруфчин дар тақрибан ду рӯз музди меҳнати якмоҳаи як омӯзгорро мегирад, аммо аз ин даромад молиёт (андоз) намепардозад ва ин даромад дар ҷое сабт намешавад.
Ҳар чаҳор нотариуси давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе то 5 ҳуруфчин доранд. Ба иттилои ҳуруфчине, ки аз тарси аз кор ронда шудан, нахост номаш зикр шавад, моҳона ба таври расмӣ 1200 сомонӣ маош доранд. Даромади рӯзонаи нозир-коргузорон тахминан муайян аст, аммо нотариусҳо чӣ қадар даромад доранд? Инро китобҳое метавонанд муайян кунанд, ки ҳар кадом амалиёти нотариалӣ дар онҳо сабт мешавад. Даромади рӯзонаи нотариусҳои давлатӣ аз нозирон-коргузорон бештар аст, ки камтар не. Ҳеч яке аз нотариусҳо ҳозир нашуд, ин масъалаҳоро шарҳ диҳад.
Посухи Вазорати адлия
Вазорати адлияи Тоҷикистон дар як посухи хаттӣ ҷо доштан ё надоштани қонуншиканиҳоро дар идораҳои нотариуси давлатӣ рад ё тасдиқ накарда, танҳо навиштааст, “ҷиҳати роҳ надодан … ба қабули пардохтпулӣ … тариқи нақдӣ мунтазам чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст”.
Вазорат ҳамчунин хабар дод, ки “аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ … пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад”.
Оё ба он маъност, ки Вазорати адлия ба буҷа нарасидани ҳама маблағҳои додаи шаҳрвандонро дар нотариусҳои давлатии зери назораташ эътироф мекунад?
Гуфтугӯ