"Об надорем. Дар ошёнаи ҳафтум ҳастем. Лифт кор намекунад. Ҳамроҳи кӯдакон бо сатил ва зарфҳои пластикӣ об мекашонем."
Гавҳарой Шарвонова, сокини як бинои баландошёна дар маркази Душанбе, мегӯяд, ҳашт рӯз боз дар чунин шароит ҳастанд, вале касе ба додашон намерасад.
Ӯ ва ҳамсояҳояш дар баҳору тобистони соли гузашта дар онҷо сокин шудаанд. Мегӯянд, пештар об доштанду набудани лифтро таҳаммул мекарданд, аммо сардии тоқатфарсои ҳафтаи гузашта вазъро бадтар кард.
Биноро ширкати "AR Construction" дар наздикии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон сохтааст. Дар ҷойи бинои чорошёнаи Шӯравӣ. Замонавист, аммо нопурра. Намояндагони ширкати "AR Construction" аз суҳбат худдорӣ карданд.
"Набудани об мушкили асосӣ аст. Камаш ҳар рӯз даҳ сатил об мекашонам. Медонед, чӣ қадар вақти моро мегирад. Ду кӯдак дорам, ҳамсарам ҳомила аст. Аз моҳи апрели соли 2022 дар инҷо зиндагӣ дорам. Ҳисоб кунед, қариб як сол мешавад, вале дар инҷо ягон шароит нест," -- шикоят кард Асадулло Муртазоев, сокини дигари бино рӯзи 18-уми январ.
Ба қавли ӯ ва ҳамсояҳояш, ширкати "AR Construction" бар асоси қарордод бояд биноро якуним сол пеш сохта ва ба истифода медод. Ҳанӯз сохтмон ниҳоӣ нашудааст.
Ҳалима Сониева, сокини бинои навбунёд, мегӯяд, ба сабаби онки сохтмон дар замони таъиншуда ба анҷом нарасид, ночор зиндагиро дар инҷо идома доданд.
“Худо накунад, ки дар ин ҳавои сард афтода, дасту поят шиканад. Дар ин син ҷобаҷо намешавад. Хонаҳои куҳнаи моро кӯчонданд. Гуфтанд, хонаи нав сохта медиҳанд. Ҳарчанд пурра набуд, омадем. Сабаб инки аз хонаи иҷора хезонданд, пул надоштем, ки супорем,” -- нақл кард ӯ.
Масъулони ширкати "AR Construction" нахостанд, дар назди дурбини Радиои Озодӣ суҳбат кунанд. Як масъули ширкат шикваи сокинонро мешунид, аммо ба хабарнигорон иҷозат надод, ки дохили биноро ба навор гиранд.
Дар чанд соли охир ва бо баҳонаи, ба гуфтаи мақомот, иҷрои барномаи бозсозӣ ё "Генплан"-и Душанбе тахриби биноҳои қадимӣ ва сохтмони биноҳои баландошёна дар пойтахти Тоҷикистон зиёд шудааст.
Дар гузашта мақомот барои чанд ширкат, аз ҷумла ширкати вобаста ба пайвандони Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, барои ислоҳи камбудҳо фурсат дода, аммо баъдан нагуфтанд, ки хостаашон бароварда шуд ё не. Дар ҳоле ки муштариёни ин ширкат ҳанӯз аз пурра сохта нашудани биноҳо ва фароҳам нагардидани шароити зист дар онҷо ва биноҳои навсохти дигар шикоят доранд.
Гуфтугӯ