Ҳокимони Осиёи Марказӣ зуд-зуд Қонуни асосӣ ва ё сохтори идоракунии давлатро дар кишварҳои худ иваз мекунанд. Мегӯянд, мардум чунин мехоҳанд. Мухолифон онро кӯшиши қонунӣ барои ҳифзи қудрату сарватандӯзӣ ва тӯлонӣ мондан дар қудрат медонанд.
"Худпарастӣ"?
Порлумони Туркманистон тақрибан се сол пеш дупалатаӣ шуд, аммо санҷиш дар ин кишвари баставу худкома зуд ба поён расид.
Раисҷумҳури собиқ ва амалан раҳбари Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 11-уми январ пешниҳод кард, ки палатаи поёнии маҷлисро барҳам диҳанд. Ӯ хост, палатаи болоӣ ё Шӯрои мардумиро, ки худаш раҳбарӣ мекунад, ба ниҳоди олии ҳокимият табдил диҳанд. Вай баъд аз интиқоли қудрат ба писараш, Сардор Бердимуҳаммадов, дар соли 2022 ба ин мансаб омад.
Бердимуҳаммадови хурдӣ аллакай фармонро имзо кард. Ҳукумати Туркманистон рӯзи 21-уми январ таҷдиди сохторро баррасӣ хоҳад кард. Эҳтимол идораи президент ба назорати Шӯрои зери раҳбарии Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов гузарад.
Шореҳи сиёсӣ, Кумуш Байриева, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин пешниҳод баёнгари "худпарастии аз ҳад зиёди Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аст, ки дигар бо нақши раиси палатаи болоии порлумон қонеъ нест."
"Ҳоло ӯ мехоҳад, нақши "пешвои миллат"-ро бибозад. Тамоми шохаҳои дигари ҳокимиятро таҳти назорати қатъӣ бигирад," – илова кард Байриева.
Баҳона чист? Мардум
Истифода аз Маҷлис ва Конститутсияи кишварҳо дар Осиёи Марказӣ ба амри маъмулии ҳокимонаш табдил шудааст. Онҳо ба ин васила қудрати худро ҳифзу тӯлонӣ мекунанд.
Интизор меравад, баҳори имсол дар Узбекистон ислоҳҳоро ба Қонуни асосии он кишвар бипазиранд. Агар ин амалӣ шавад, муҳлати раёсати ҷумҳурӣ дар Узбекистон аз панҷ соли ҳозира ба ҳафт сол хоҳад расид. Ба мисли Тоҷикистону Қазоқистон ва Туркманистон.
Вақте Узбекистон дар соли 2011 тасмим гирифт, ба як давраи панҷсолаи президентӣ баргардад, Сенати он кишвар гуфт, тағйирот бозгӯйи дидгоҳи Ислом Каримов дар бораи "амиқтар кардани ислоҳоти демократӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ аст". Ҳоло мушовирони Шавкат Мирзиёев барои бозгашт ба муҳлати ҳафтсола чӣ баҳонае доранд? Албатта, "дархости мардум".
Мирзиёев дар паёми худ дар поёни соли 2022 гуфт, "пешниҳоду хоҳишҳои шаҳрвандони мо дар тарҳи нави Қонуни асосӣ ба инобат гирифта хоҳад шуд". Хабарнигорони Радиои Озодӣ тобистони соли гузашта бо коргарони корхонае дар наздикии Тошканд суҳбат карданд. Онҳо гуфтанд, маҷбурӣ ба номае ба унвони таҳиягарони лоиҳаи Қонуни асосӣ имзо гузоштанд
Дар номае, ки рӯзноманигорон диданд, гуфта мешавад, коргарон аз ислоҳот дар Узбекистон розиянд ва мехоҳанд, "муҳлати президентӣ аз 5 то 7 сол дароз шавад" ё "раисиҷумҳур дар мақомаш доимӣ бимонад".
Ба Кумисюни ислоҳи Қонуни асосии Узбекистон то моҳи августи соли 2022 беш аз 117 ҳазор пешниҳод расидааст. Як вакил гуфта буд, ки таҷдиди Қонуни асосӣ ба Мирзиёев имкон медиҳад, ду давраи панҷсолаи раёсаташ ба сифр баробар шуда, аз нав ҳаққи иштирок дар интихоботро ба даст биорад.
Конститутсия ё "Хонститутсия"?
Ислоҳҳо ба Конститутсияи Қирғизистон дар соли 2010 ваколати президентро камтар ва салоҳияти порлумону нахуствазирро бештар кард.
Дертар раисиҷумҳур Алмосбек Отамбоев роҳҳои "ром" кардани порлумонро ёфт, аммо ба мисли пешина бо баъзе маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ буд. Аз ҷумла, наметавонист, дубора дар интихобот иштирок кунад. Чизе, ки ӯ соли 2017 итоат кард.
Вазъ баъди ба қудрат расидани Содир Жапаров дигар шуд. Узви ҳукумати пешин, ки соли 2020 зиндонӣ буд, бо мадади ҷонибдоронаш раҳо шуд. Жапаров баъди ба даст гирифтани зимоми ҳукумат изҳор дошт, ки тағйири Конститутсия барои "решакан кардани фасод" ва "эҷоди низом"-е муҳим аст, ки масъулияти ниҳоиро роҳбари давлат бар дӯш мегирад.
Дар натиҷа, Қонуни асосии Қирғизистонро соли 2021 ислоҳ карданд. Мухолифон онро "Хонститутсия" номиданд. Бар асоси он президент ҳақ дорад, дафъаи дувум дар интихобот иштирок кунад.
Президент ё “Пешво”?
Бар асоси тағйироте, ки соли 2016 ба Конститутсияи Тоҷикистон ворид карда шуд, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дигар на танҳо президент, балки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» аст.
Ин унвон ба Раҳмон ва хонаводааш натанҳо масунияти якумрӣ медиҳад, балки ӯ метавонад, тасмимҳои ҳукуматро қабул кунад ва ё вето гузорад. Ҳатто агар ягон мақоми расмӣ надошта бошад.
Солҳои охир дар бораи эҳтимоли интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писари 35-солааш Рустами Эмомалӣ низ менависанд. Ӯ ҳоло раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ ва амалан шахси дувуми ҷумҳурӣ аст. Дар гузашта дар мансаби раиси Оҷонси зиддифасод ва Хадамоти гумрук кор кардааст. Падару писар дар ин маврид изҳорот надодаанд.
Тағйироти соли 2016 дар Тоҷикистон мафҳуми "ҳизби дорои хосияти динӣ"-ро аз Конститутсия берун намуд. Қонуни асосии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози гуфтушуниди сулҳ қабул шуда, се дафъа "ислоҳ" шудааст.
"Элбасӣ"-ро аз ҳама ҷо ронданд, ба ҷуз...
Пеш аз нооромиҳои бесобиқа дар Қазоқистон дар моҳи январи соли 2022, раисҷумҳури пешин Нурсултон Назарбоев низ "Элбаси" ё "Пешвои миллат" буд.
Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар ибтидо ба нишони эътироз алайҳи болоравии нархи сӯзишворӣ сар зад, вале дертар бо шиорҳои зидди Назарбоев дар саросари Қазоқистон паҳн шуд. Дар он ҳодиса беш аз 200 нафар кушта шуданд.
Пас аз он, Қосимҷомарт Тоқаев, ки соли 2019 ҳамчун вориси Назарбоев ва бо пешниҳоду пуштибонии ӯ ба қудрат расид, раҳбари олӣ шуд. Назарбоев ва хешовандонашро аз қудрату мансабҳои калидӣ ва тиҷорати сердаромад дур кард.
Қонуни асосии Қазоқистонро дар моҳи июни соли 2022 тағйир доданд. Дигар "Элбаси" нест. Қонуне, ки имтиёзҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии "Элбаси" ва хешонашро танзим мекард, низ дар аввали моҳи январ беэътибор шуд. Вале ӯ дар як ҷой ҳанӯз "Элбаси" аст. Дар сомонааш - Элбаси.кз.
Гуфтугӯ