Шиносномаи Русия барои баъзе аз зодагони Қирғизистон дарди сар офаридааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, онҳо аз эҳтимоли сафарбарӣ ба ҷанг дар Украина меҳаросанд.
Ҳомии ҳуқуқ Азиза Абдурасулова аз даҳҳо зодаи Қирғизистон, ки дар Русия ба сар мебаранду шаҳрвандии ин кишварро доранд, муроҷиат гирифтааст. Онҳо хостаанд, барояшон кумак кунад, то ба ҷанг дар Украина бурда нашаванд. Муҳоҷирон шикоят кардаанд, ки сафорати Қирғизистон ёрӣ намерасонад.
Хонум Абдирасулова гуфт: "Онҳо мегӯянд, мо қирғизистонием, чаро сафорат кумак намекунаду моро ба Қирғизистон намебарад? Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштам, ки сафорат вазифадор нест. Шумо дигар шаҳрванди Қирғизистон нестед. Бисёриҳо ин паҳлӯи масъаларо намефаҳманд.”
Шарҳи Азиза Абдурасулова дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора пурбаҳс шуд. Иддае аз корбарон изҳороти ҳомии ҳуқуқро маҳкум карда, гуфтаанд, мардум аз зиндагии хуб шаҳрвандии Русияро намегиранд.
Бархеи дигар аз ҳомии ҳуқуқ ташаккур гуфтаанд, ки дар ин маврид ошкоро садо баланд кард. Ба гуфтаи ин гурӯҳ, мақомоти расмии Қирғизистон бояд ба ин мавзуъ таваҷҷӯҳ мекарданд.
Бо ин вуҷуд шумораи хоҳишмандони дарёфти шаҳрвандии Русия дар Қирғизистон кам не, балки зиёд шудааст. Панҷ сол қабл ҳашт ҳазор қирғизистонӣ шиносномаи русӣ гирифтанд, ду сол пеш ин рақам ба 20 ҳазор нафар расид. Соли гузашта, замоне ки артиши Русия ба Украина ҳамла кард, 37 ҳазор қирғизистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд.
Видео дар инҷост:
Гулнора Дербишева, муассиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирон дар Бишкек, мегӯяд: “Мо то ҳол онҳоро шаҳрванди худ мешуморем ва дарк мекунем, ки чаро ин шиносномаҳоро гирифтаанд. Ба онҳое, ки шаҳрванди Русия нестанд, бар асоси қарордод ба ҷанг рафтанро пешниҳод мекунанд. Бар илова, талош доранд, одамони моро аз зиндонҳо ба ҷанг баранд.”
Чанде пеш расонаҳо аз марги Аян Алишеров, ҷавони 30-солаи қирғиз дар Украина хабар доданд. Ӯ шаҳрванди Русия набуд ва дар яке аз зиндонҳои ин кишвар адои ҷазо мекард. Хешовандонаш намедонистанд, ки ӯро аз зиндон рост ба ҷанг фиристодаанд.
Байни Қирғизистону Русия низоми душаҳрвандӣ нест. Ҳоло аксар қирғизистониҳое, ки шаҳрвандии Русияро доранд, аз ояндаи худу фарзандон нигаронанд. Ба мисли Қанибек, як зодаи ин кишвар, ки акнун шаҳрванди Русия аст ва аз сарнавишти писараш ташвиш дорад.
Ба нақли ӯ, писари 25-солаашро, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад, метавонанд, ба ҷанг фиристанд. Ҳоло ӯ дар фикри он аст, ки чӣ гуна фарзандашро ба ватани худ, ба Қирғизистон, гусел кунад.
“Ман дар ин бора фикр мекунам, аммо тасмимро писарам мегирад. Ин тақдири ӯст. Албатта, ба писарам раҳмам меояд ва намехоҳам ӯ ба ҷанг бурда шавад. Тавре медонед, қонун барои сарпечӣ 10 сол зиндонро пешбинӣ кардааст. Яъне, агар писарам дар пешорӯи 10 сол зиндон ва ё рафтан ба ҷанг қарор бигирад, албатта, ӯ дувумиро интихоб мекунад,” – гуфт Қанибек.
Баъзе аз зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки шаҳрвандии Русия доранд, мегӯянд, аз аввали имсол иҷозаи тарки ин кишварро надоранд. То кунун ду мавриди бозгардонии муҳоҷирон аз марз тасдиқ шудааст. Марзбонон як шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки мехостанд, аз Русия берун шаванд аз роҳ гардонидаанд.
Гуфтугӯ