Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беморие, ки ҳамаро ғофилгир кард, "аммо дарс нашуд" ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як муассисаи бузурги имдодӣ дар ҷаҳон мегӯяд, агар пандемияи дигаре ба мисли COVID-19 такрор шавад, дигарбора кишварҳои ҷаҳонро ғофилгир мекунаду сабаби мусибат мешавад.

Федератсияи Байнулмилалии Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх дар охири моҳи январ бо нашри гузорише гуфт, кишварҳои ҷаҳон аз пандемияи COVID-19 “дарс” нагирифтанд ва омодаи пандемияи бемориҳои наве нестанд.

Коронавирус, ки бо хуруҷ дар соли 2019 ҳамаи кишварҳоро ғофилгир кард, то кунун беш аз 750 миллион нафарро бемор карда, тақрибан 7 миллион касро куштааст.

Карантину чораҳои дигари шитобкоронаи ҳукуматҳои даступохӯрда суръати сирояти вирусро суст кард, аммо ҷони садҳо ҳазор нафарро эмин нигаҳ дошта натавонист.

Мутахассисон мегӯянд, мумкин аст, айни мусибат ба сари инсоният биёяд, зеро кишварҳо омода нестанд.

Ҷаган Чапаган, дабири кулли Федератсияи Байнулмилалии Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх, гуфт, “аксар кишварҳо барои муқобила бо COVID-19 омодагӣ надоштанд ва ҳанӯз ҳам бисёре аз кишварҳо ба ҳаргуна хуруҷ дар оянда омода нестанд.”

“Баъд аз гузаронидани се соли ваҳшатнок ҳеч гуна баҳонае барои омода набудан пеш овардан мумкин нест. Мо медонем, ки омодагӣ зиндагиҳоро наҷот медиҳад. Омодагӣ пешгирӣ, аксуламал ва раҳоӣ аз вазъи фавқуллода аст,” – афзуд ӯ.

Ҷаҳон аз пандемияи COVID-19 "дарс" нагирифт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Табдили майдонҳои варзишӣ ба бемористону ҷалби сарбозон барои муқобила бо COVID-19 монеи бедодгарии беморӣ нашуд. На ба пир раҳм карду на ба ҷавон.

Ҳоло ҳам ба гуфтаи мутахассисон такрори чунин фалокат, ки аз хушксоливу заминларзаву тӯфон бадтар буд, вуҷуд дорад.

Ба қавли Ҷаган Чапаган, “дӯстон, шояд пандемияи дигаре наздик бошад. Умед дорам нашавад, вале мо намедонем. Се сол пеш намедонистем, ки пушти дарамон аст. Ба мо бо суръати бисёр сахт зарба зад ва зуд дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд. Агар таҷрибаи COVID-19 омодагиро тезтар накунад, пас чӣ мекунад?”

Дар Тоҷикистон, ки хадамоти тандурустии заиф дорад, COVID-19 шифохонаҳоро аз беморон пур кард. Ҳукумат барои муқобила бо беморӣ аз хориҷ доруву таҷҳизот кумак гирифт.

Коронавирус, ба гуфтаи мақомот, тақрибан 17 ҳазор нафарро бемор карду 125 нафарро кушт, агарчӣ гӯрҳои афзоянда дар оромгоҳҳо воқеияти дигарро нишон медод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG