Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осори гумшудаи Эрону Туркияро дар Амрико намоиш доданд. ВИДЕО


Намоиши қолинҳои қадимӣ дар Амрико
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Намоиши қолинҳои қадимӣ дар Амрико

Дар Амрико намунаҳое аз осори ҳунариву нақшу нигорҳои сохтаи мардуми Қафқоз, Эрон ва Туркияро, ки солҳо ҳифз кардаанд, намоиш доданд.

Мутахассисони ҳунар мегӯянд, нақшу нигори ҳар як асар бозгӯи омезишҳои гуногунранги фарҳангии қавму миллатҳо мебошад ва аз ҳамин ҷиҳат ҳам арзиши ҳар яки онҳо то рафт бештар мешавад.

Ин осорро дар осорхонаи ҳунари шаҳри Денвер намоиш доданд.

Гилему қолиҳои дастии сохтаи мардуми сарзаминҳои Қафқозу Туркияву Эрон на камтар аз сад сол умр доранд ва манбаи ғании омӯзишу таҳқиқот барои ҳунаршиносон ҳастанд.

Қадимитарин гилеме, ки дар намоишгоҳи шаҳри Денвери аёлати Колорадо намоиш доданд, 500 сол пеш сохта шудааст.

Кристоф Ҳейнрих, раҳбари осорхонаи ҳунари Денвер мегӯяд, баъзе наққошиҳо, мисли ине, ки солҳои 1700-ум дар Қафқоз эҷод шудаву нақши аждарро ҳам ифода мекунад, намунае аз омезиши фарҳангӣ бо Осиёи Дур аст.

“Ин танҳо як аломати ба ҳам пайванд будани фарҳангҳои мухталиф аст, ки инро аз наққошиҳо, рамзҳо ва ҳам маълумоте пай бурдан мумкин аст, ки дар ҳар асар хонда мешавад,”—гуфт ӯ.

Ба он хотир, ки ҳар яки ин гилемҳо аз риштаву пашми табиӣ бофта шудаанд, умри онҳоро дарозу интиқоли онҳоро аз як ҷо ба ҷои дигар осонтар мекунад.

Қолиро аз қадим мардум барои намозгузорӣ, чун рахти хоб ё кӯрпаи болин истифода мекарданд.

Кристоф Ҳейнрих, мегӯяд, “гилемҳо дар ҳар ҳолати мухталиф истифода мешуданд. Имрӯз гилемчаро бештар дар хона зери по мепартоянд, то ки таги по гарм бошад, вале дар қарни 19 онро чун ҷойгаҳи хоб истифода мекарданд, яъне хеле чизи зарурӣ буд ва ба назари ман, бояд хеле роҳат бошад.”

Дигар қолиҳои туркие, ки дар ин намоишгоҳ гузошта шудаанд, гилеми “Караман” ва гилемчаи “Демерчӣ” ном доранд, ки дар аввалҳои солҳои 1800-ум сохта шудаанд. Исми муаллифони ин гилемҳо ҳифз нашудаанд, вале худи ҳунармандону ҳунаршиносон ҳар як асарро аз рӯи нақшу нигор, сифати нах ё пашм ва рангаш метавонанд фарқ кунанд.

Дар аҳди сафавиҳо дар Эрон солҳо 1600-ум шаҳри Кирмон ба маркази тиҷоратии қолиҳои маъруф табдил шуда буд, ки дар ин намоишгоҳ намунаҳое аз онҳоро нишон доданд. Дар рӯи қолие, ки нақши паланг кашида шудааст, пораҳое аз мисраъҳои Саъдии Шерозӣ нақш бастаанд. Ин қолӣ бо сурати шере аз ҷанубуғарби Эрон, яке аз осори дӯстдоштатарини тамошобинон гардид

Кристоф Ҳейнрих мегӯяд, рангу нақшҳо, рамзу сифати нахҳо баёнгари таъриху фарҳанги қадимии минтақа ҳастанд, ки ба шарофати тиҷорату дипломатия то имрӯз ҳифз шудаанд. Намоишгоҳи қолиҳои шарқӣ аз аввали сол оғоз шуда, то моҳи май идома мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG