Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вафодор набуд"; "ҳамҷинсгаро буд". Баҳси як зани тоҷик бо марди қазоқ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Падар аз Қазоқистон, модар аз Тоҷикистон. Сарнавишти дугоники панҷсола муаллақ мондааст. Додгоҳи шаҳри Турсунзода ҳукм кард, ки онҳо бо модар дар Тоҷикистон бимонанд. Падар барои баргардондани фарзандон ба Қазоқистон талош дорад.

Асли қазия чист?

Асхат Валитови 44-сола аз Қазоқистон ва Маҳина Азимоваи 26-сола аз Тоҷикистон дар соли 2015 издивоҷ карда, шаш сол дар Алмато зистанд. Соҳиби дугоник шуданд, аммо зиндагии якҷоя дер давом наёфт. Никоҳи онҳо дар моҳи ноябри соли 2021 бурида шуд.

Қарор дар Қазоқистон ва бе ҳузури Азимова қабул шудааст, чун, тавре ҳамсари собиқаш ва баъдан Додгоҳи шаҳри Турсунзода муайян кард, ӯ ҳанӯз 9-уми октябри соли 2021 бо ду кӯдак аз Алмато ба Тошканд ва аз он ҷо ба Тоҷикистон расид.

Валитов иддао дорад, ки кӯдаконаш шаҳрванди Қазоқистон ҳастанд ва Маҳина Азимова онҳоро бе ризояти ӯ ба Тоҷикистон оварда. Дар шарҳи сабабҳои аз ҳам пошидани оила низ ҳамсарони собиқ назару даъвоҳои гуногун доранд.

Шавҳари собиқ иддао дорад, ки ҳамсараш ба ӯ “вафодор набуд” ва “нисбат ба фарзандону оила бепарвоӣ мекард”. Зани собиқ иддао мекунад, ки ҳамсараш “даст ба хушунат мезад ва ҳамҷинсгаро буд”.

Асхат Валитов иттиҳоми ҳамҷинсгароиро рад карда, туҳмате номид, ки, ба иддаояш, “барои пирӯзӣ дар мурофиа бофта шудааст”. Маҳина Азимова мегӯяд, “майли ҳамсар ба мардон ва муносибати бади ӯ ва хешовандонаш водор кард, ки фарзандонро гирифта ба Тоҷикистон баргардад”.

Валитов дар як ширкати сохтмонӣ дар Қазоқистон кор мекунад. Гуфт, барои тарбия ва бузург кардани кӯдакон хонаву даромади шоиста дорад. Азимова мегӯяд, дар як ширкати маҳаллӣ дар Тоҷикистон кор мекунад ва аз уҳдаи таъмину тарбияи фарзандон мебарояд.

Баҳси додгоҳӣ

Додгоҳи шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон, маҳалли зисти Маҳина Азимова, рӯзи 11-уми октябри соли 2022 қарор кард, ки кӯдакони ноболиғ бо модар бимонанд ва падарашон то ҳаждаҳсолагии онҳо ҳар моҳ сеяки даромадашро бидиҳад.

Бар асоси қарори додгоҳ, макони зисти кӯдакон, ки Алматои Қазоқистон сабт шудааст, шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон таъин гардад. Дертар Коллегияи Додгоҳи олии Тоҷикистон қарорро бетағйир гузошт.

Маҳина Азимова қарорро одилона мешуморад, вале Валитов ва вакили мудофеи ӯ аз ҷараёни мурофиа ва қарори додгоҳҳои Тоҷикистон комилан норозиянд. Далер Қурбонов, вакили дифои Валитов, гуфт, баҳси ҳамсарони собиқ сари ду шаҳрванди хурдсоли Қазоқистон меравад, ки “бе ризоияти нотариалии падар аз ҷойи иқомиати доимиашон дар Алмато ба Тоҷикистон оварда шудаанд”.

Ӯ рӯзи 27-уми феврал дар суҳбати телефонӣ аз Душанбе гуфт: “(Азимова) сабтиноми худашу кӯдаконро дар маҳалли зист дар Қазоқистон бекор накарда, онҳоро пинҳонӣ ба Тоҷикистон овардааст. Ҳангоми баррасии чунин қазияҳо бояд қонунгузории давлате татбиқ шавад, ки кӯдакон шаҳрванди он ҳастанд. Суди ҶТ ба ҷои он ки қонунгузории Қазоқистонро татбиқ кунад, дар ҳалномаи худ қонунгузории ҶТ-ро татбиқ кард."

Валитов ва вакили мудофеи ӯ рӯзи 20-уми феврал аз раёсати Додгоҳи олии Тоҷикистон хостаанд, ки қарори Додгоҳи шаҳри Турсунзода ва Коллегияи Додгоҳи олиро бекор кунад.

Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ рӯзи 13-уми феврал дар ҷавоб ба муроҷиати сафорати Қазоқистон навиштааст, “парванда бояд аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва баҳодиҳӣ қарор дода шавад”.

Ба навиштаи Абдураҳмон Муборакқадамзода, дар ҳодисаҳои октябри соли 2021 Маҳина Азимова “меъёрҳои қонунҳои Ҷумҳурии Қазоқистонро дар бораи берун бурдани шаҳрвандони ноболиғи ин кишвар риоя накард”. Вай афзудааст, бар асоси Эъломияи ҳуқуқи кӯдак, ноболиғони панҷсола – шаҳрвандони Қазоқистон бояд ба ватан баргардонида шаванд.

Маълум нест, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон қазияро дубора баррасӣ хоҳад кард ё не. Кӯдакон бо кӣ хоҳанд монд, паҳлӯи норӯшани қазия мемонад.

Издивоҷ бо хориҷиҳо

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон издивоҷ бо хориҷиҳо зиёд расм нест. Ба ҳисоби миёна соле 300-500 шаҳрванди Тоҷикистон бо хориҷиҳо оила барпо мекунанд. Аксари ин никоҳҳо бо шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ва бахусус Узбекистон марбут аст.

Издивоҷ бо шаҳрвандони кишварҳои хориҷи дур ҳам сабт мешавад. Дар Кодекси оилаи Тоҷикистон тағйироте ворид кардаанд, ки издивоҷро бо хориҷиҳо маҳдуд мекунад.

Мақомот мегӯянд, ин бандҳоро барои ҳимоят аз ҳуқуқи занони Тоҷикистон, пешгирӣ аз хушунат ва қочоқи инсон, дифоъ аз манфиатҳои молии онҳо равона шудааст. Чизе, ки Кумитаи зидди табъизи нажодии Созмони Милал соли 2017 баъзе аз нуктаҳояшро танқид кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG