Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муассисаи амрикоӣ сабаби фурӯпошии лашкари азими Афғонистонро гуфт


Сарбозони афғон ҳангоми тафтиши мошин дар як посгоҳ дар канори шаҳри Ҷалолобод дар соли 2017.
Сарбозони афғон ҳангоми тафтиши мошин дар як посгоҳ дар канори шаҳри Ҷалолобод дар соли 2017.

Идораи сармуфаттиши хоси Амрико дар умури бозсозии Афғонистон ё SIGAR мегӯяд, неруҳои амниятӣ ва низомии пешини ҳамсоякишвари Тоҷикистон дар натиҷаи нокомиҳои ҳукуматҳои Амрикову Афғонистон фӯру пошиданд.

Муассисаи мазкур дар як гузориши тозае дар чанд рӯзи пеш гуфтааст, дар муддати 20 сол барои таҳкиму тақвияти артиш ва неруҳои амниятии Афғонистон ҳудуди 20 миллиард доллар харҷ кардаанд, вале ба навиштаи SIGAR ин неруҳо ба далели сиёсатҳои камсамари ҳукуматҳои Амрико ва Афғонистон мустақил нашуданд ва ҳамчунон муҳтоҷ ба кумакҳои неруҳои амрикоӣ ва шариконаш монданд.

Дар гузориши Идораи сармуфаттиши хоси Амрико омадааст, пойбандӣ ва эҳтиёҷи неруҳои пешини Афғонистон ба неруҳои байналмилалӣ яке аз омилҳои фӯрупошии онҳо будааст. Бар асоси ин гузориши созиши Амрико бо Толибон дар Қатар ва тарки Афғонистон кардани неруҳои хориҷӣ дар фурӯпошии неруҳои дифоӣ ва амниятии ин кишвар нақш доштааст.

Дар гузориши муассисаи муҳосиботӣ ва тафтишотиии Амрико омадааст, ки ин кишвар ба неруҳои Афғонистон 600 000 мил аслиҳа, 300 ҳавопаймо ва 80 000 мошини низомӣ додааст, аммо бо вуҷуди ин ҳама кумак, артишу неруҳои амниятии Афғонистон дар пешбурди кори худ ва амалиёт ба зидди душман ба сарбозони хориҷӣ такя мекарданд.

SIGAR гуфтааст, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико дар соли 2017 дар чаҳорчӯби Стратегия барои Осиёи Ҷанубӣ ба неруҳояш дар мубориза бо Толибон дасти боз дод. Гуфта шудааст, ки бар асоси ин стротегия, соли 2019 неруҳои амрикоӣ ба ҳадафҳои ҷангҷӯёни Толиб ва дигар тундравон бештар аз 7 ҳазор маротиба зарба задаанд.

Дар гузориши SIGAR ба нақл аз мақомоти пешини Афғонистон омадааст, ки ин ҳамлаҳо ба пешравии неруҳои афғон мусоидат ва дар бозпас гирифтани манотиқи бештар аз дасти Толибон кумак кард. Бар асоси ёфтаҳои Идораи сармуфаттиши хоси Амрико дар умури бозсозии Афғонистон, Иёлоти Муттаҳида пас аз имзои созиш бо Толибон дар моҳи феврали соли 2020 ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Афғонистонро камтар кард. Ба гуфтаи SIGAR, камтар шудани ҳамлаҳои ҳавоӣ неруҳои афғонро аз як пуштибонии муҳим дар ҷанг бо Толибон бенасиб гузошт.

Теъдоди сарбозон ва дигар неруҳои амниятии Афғонистон то замони шикаст аз Толибон ва фурӯпошӣ 350 ҳазор нафарро ташкил медод. Бо вуҷуди ин лашкари азими чандсадҳазор нафарӣ соли 2021 гуруҳи тундрави Толибон, ки солҳои тулонӣ ба зидди ҳукумати Афғонистон ва хориҷиён меҷангид, тобистони соли 2021 ба тадриҷ яке паси дигаре шаҳрҳои Афғонистонро гирифт ва моҳи августи он сол Кобулро ҳам ишғол кард.

Ҳукумати раиси ҷумҳури собиқ Ашраф Ғанӣ ва артиши он фӯру пошиду худаш бо аъзои дигари ҳукумат аз Афғонистон фирор кард. Бо вуҷуди гузашти бештар аз як сол аз ҳукуматдории Толибон дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон ҳеч кишвари ҷаҳон онро ба далели қавонини иртиҷоӣ дар Афғонистон ва маҳрум кардани мардум аз ҳуқуқи бунёдӣ ба расмият нашинохтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG