Яке аз ҳукми ӯ розӣ аст, вале дигаре онро сабук мехонад ва аз эҳтимоли раҳоияш нигарон аст.
Вокуниши тоҷикон ба 24 сол зиндонӣ шудани Александр Сёмин, шаҳрванди Русия, ба гуноҳи қатли Ҳувайдо Тиллозодаи панҷсола аз Тоҷикистон яксон нест. Ҳодиса панҷ сол пеш дар Маскав рӯй дод, аммо ҳукми муттаҳами қазия 15-уми марти имсол эълон шуд.
Ҳуқуқдони тоҷик Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, “агар таъсири ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва баъзе аз ниҳодҳои расмӣ намешуд”, шояд ҷониби Русия масъаларо ҷиддӣ намегирифт. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, “боис ба таассуф аст, ки тақрибан панҷ сол қазияро баррасӣ карданд.”
Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдони дигари тоҷик, мегӯяд, бояд ҳукми додгоҳ дар баробари рафтори Сёмин “сахттар мешуд”.
“Агар дар ҷойи ӯ ягон зодаи Осиёи Марказӣ мешуд, якумрӣ ҳабс мекарданд. Дар қабули чунин ҳукм таъсири онҳое ҳаст, ки мехостанд Сёминро озод кунанд. Агар нисбат ба ҷабрдида таваҷҷуҳи ҷиддӣ мекарданд, таҳқиқ қариб панҷ сол тӯл намеёфт,” – илова кард ӯ.
Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода, низ рӯзи 15-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ҳабси якумрии Сёминро мехоҳад.
Баръакс, пайвандони ин шаҳрванди Русия дар тақрибан панҷ соли гузашта пойфишорӣ доштанд, ки ӯ озод шавад. Далел оварданд, ки бемори равонист, аммо санҷиш ӯро саломат баровард. Вакили мудофеаш гуфтааст, бозбинии ҳукмро талаб хоҳанд кард.
Ҷонӣ Сафарзода, ки дар аксар мурофиаҳои Александр Сёмин дар Маскав иштирок кардааст, мегӯяд, бештар аз чигунагии иҷрои ҷазо ташвиш дорад.
“Гап бар сари он аст, ки ӯ дар пушти панҷара мемонад ё озод хоҳад шуд. Мо чанд беадолатиро шоҳид шудем. Як афсари рус дар Тоҷикистон сари духтари тоҷикро бурид. Ӯро ба Русия оварданд. Ҳоло кӣ медонад, ки ӯ дар зиндон аст ё дар озодӣ? Метарсам, тақдири ин қазия чунин нашавад,” – гуфт Сафарзода.
Ҳукми додгоҳ дар миёни корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ низ вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Корбаре ба номи Фарҳод Тӯраев дар Фейсбук навиштааст, “бигзор боқии умраш дар зиндон гузарад, аммо ин зебоякро дигар баргардонда намешавад, сад афсӯс."
Фарҳод Худоёров навиштааст, “ҳукми бисёр кам, бояд ҳабси абад мешуд." Корбари дигари Фейсбук, Равшанҷон Усмонов, пурсидааст, “чаро ин қадар кашол доданду дер ҳукмро бароварданд? Чаро бо ҳар восита мехостанд, аз ӯ тарафдорӣ кунанд?”
Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки аз ҳукми додгоҳ розиянд. Ин гуруҳ бовар доранд, “24 сол зиндон ҳадди ақал баёнгари ҷинояти вазнин аст. Тасдиқи гуноҳ аст.”
Қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари панҷсолаи тоҷик, аз қазияҳои пурсарусадо дар чанд соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод ва ҷониби Тоҷикистон бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи қазияро хост.
Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия гуфта буд, ки дар мавриди ҷазо гирифтани қотили кӯдаки 5-солаи тоҷик дар Серпухово шакке нест, вале баҳси додгоҳӣ тақрибан панҷ сол идома кард.
Гуфтугӯ