Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро маводи ғизоиро аз бозорҳои Тоҷикистон гирифта, нобуд мекунанд?ВИДЕО


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон соли 2022 садҳо тонна маводи ғизоии пастсифат ва ғайриқобили истифодааро ошкор ва нобуд кардааст. Кормандони он ҳамчунин даҳҳо тонна маҳсулоти ширӣ, асосан панирҳои воридотии русиро ба иллати сифати пасташ аз марз бозпас гардонидаанд.

Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон моҳи гузашта гуфт, “дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва дар бозорҳо 65 озмоишгоҳ дорем”. Ба қавли ӯ, соли гузашта дар маҷмӯъ 240 тонна маҳсулоти пастсифату зиёновар барои сиҳатиро ошкору нобуд кардаанд.

Намояндагони ин ниҳод бовар доранд, ки мардум ва ҷомеаро аз хӯроквории хатарнок эмин медоранд, аммо сокинон мегӯянд, моли вайроншуда ва пастсифат дар бозору фурӯшгоҳҳо кам нест. Маъруфҷон Ҷураев, сокини шаҳри Душанбе, аз онҳоест, ки маҳсулоти пастсифатро дар бозорҳо мушоҳида кардааст. Ӯ рӯзи 15-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тоҷирон на ҳамеша маҳсулоти пастсифати худро бозпас мегиранд.

Маҳсулоти пастсифат ҳанӯз ҳам дар бозорҳои Душанбе ёфт мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

“Магазинҳо бисёр аст, тортхарӣ рафтам, дидам як ҳафта аз мӯҳлаташ гузаштааст, аммо торт дар фурӯш аст. Лекин ман нагирифтам. Бисёртар маҳсулоти шириро мебинам, ки баъзан мӯҳлаташ гузаштааст, аммо дар фурӯш аст. Маҳсулоти шириро мӯҳлаташ гузарад, болои зарфаш варам мекунад. Мӯҳлаташро мебинаму оҳиста дар ҷояш гузошта меравам”- афзуд, ӯ.

Бар хилофи Маъруфҷон, ки намехоҳад, ба ин вазъ дахолат кунад, шаҳрвандоне зиёданд, ки бо дидани маҳсулоти пастсифат ва куҳнашуда ба Иттифоқи истеъмолкунандагон муроҷиат мекунанд. Фаридун Шоинбеков, муовини раиси ин созмон, рӯзи 17-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пешгирӣ аз фурӯши маҳсулоти пастсифат аз сокинон низ бастагӣ дорад.

Вай афзуд: “Соли сипаригашта ба Иттифоқи истеъмолкунандагон ҳамагӣ 156 нафар муштарӣ муроҷиат карданд, ки бо мушкилоти гуногун ҳуқуқашон вайрон шудааст. Аз ин адад истеъмолкунандагон 32 нафар хаттӣ, 84 нафар бо роҳи электронӣ, яъне аз тариқи сомонаи расмии мо Istemol.tj ва почтаи электронӣ муроҷиат кардаанд”.

Иттифоқи истеъмолкунандагон ягона созмони ғайридавлатиест, ки дар Тоҷикистон барои ҳимоя аз ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолият мебарад. Ин ниҳод ройгон ҳуқуқи афродеро, ҳимоят мекунад, ки нодониста маҳсулоти пастсифат харидаанд. Вале тавре намояндагони созмон таъкид намуданд, гоҳе сокинон баъди муроҷиаташон ба онҳо ё додгоҳӣ шудани шикояташон то охир пофишорӣ намекунанд. Сокинон метавонанд, акси маҳсулоти пастсифатро гирифта, бо нусхаи муроҷиаташон ба почтаи электронии созмон фиристанд.

Тоҷирону масъулони бозорҳо мегӯянд, назорати сифати маҳсулот ва санҷиши муҳлати масрафи он ҳамарӯза дар мадди назари онҳост. “Мо дар ин ҷо духтурҳои санҷишӣ дорем, аз санҷиш мегузаронад маҳсулоти моро баъд мо ба фурӯш мебарорем. Маҳсулоти мо тоза аст. Ҷавобгӯ аст ба меъёрҳои тозагӣ, ҳамаашро мо риоят мекунем”- гуфт, тоҷир, Гулҷаҳон Асадова.

Қурбоналӣ Мадалиев, маъмури бозори “Меҳргон” мегӯяд, дар ин бозор комиссия ва табибони махсус барои ошкор намудани маҳсулоти пастсифат кор мекунанд: “Ҳастанд ин хел ҳодисаҳо, ки аз тарафи табибон ягон гӯште, ки бесифат ошкор шуд, ба ташхисгоҳ бурда, бо комиссияи безарар бармегардонем. Ҳамин тавр ҳолатҳо ҳам шудааст.”

Фурӯши маҳсулоти пастсифат дар бозорҳои Тоҷикистон борҳо нигаронии сокинонро ба миён овардааст. Бо вуҷуди фаъолияти ниҳодҳое ба мисли Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва “Тоҷикстандарт”, ки ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии маҳсулоти пастсифат кор мебаранд, танқидҳо аз вуҷуди маҳсулоти ғайристандартӣ дар бозорҳои кишвар пайваста садо медиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG